Тоҷикистон ҷорӣ намудани асосҳои зеҳни сунъиро дар таҳсилоти умумӣ пеш мебарад

ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм ҷонибҳои калидиро барои баррасии ҷорӣ намудани масъулона, бехатар ва фарогири зеҳни сунъӣ дар соҳаи маориф муттаҳид намуданд

12 Ноябр 2026
AI fundementals round table in dushanbe
UNICEF/Tajikistan/Manucher Ruziev

ДУШАНБЕ, 12 ноябри соли 2026 – ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар баргузор намуданд, ки ба масъалаи ҷорӣ намудани асосҳои зеҳни сунъӣ (ЗС) дар муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар бахшида шуд.

Дар мизи мудаввар тақрибан 50 намояндаи мақомоти давлатӣ, соҳаи маориф, шарикони рушд ва бахши хусусӣ иштирок намуданд. Иштирокчиён омодагии низоми таҳсилоти умумии Тоҷикистонро барои омӯзиши асосҳои зеҳни сунъӣ баррасӣ намуда, самтҳои афзалиятнокро барои татбиқи марҳилавии он муайян карданд.

Бо назардошти он ки зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ ба раванди таҳсил, муошират ва омодагии кӯдакон ба оянда таъсири рӯзафзун мерасонанд, иштирокчиён аҳамияти фароҳам овардани донишҳои бунёдӣ оид ба зеҳни сунъӣ, тафаккури алгоритмӣ, малакаҳои таҳлили иттилоот ва ҳалли масъалаҳоро барои хонандагон таъкид намуданд. Ҳамзамон, ба зарурати истифодаи масъулона, бехатар ва фарогири зеҳни сунъӣ дар соҳаи маориф бо риояи ҳуқуқҳои кӯдак таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Иштирокчиён натиҷаҳои гузориши ниҳоии Tech4Ed – «Essentials of AI Curriculum Research – Final Report»-ро баррасӣ намуда, масъалаҳои калидии ҷорӣ намудани зеҳни сунъиро дар соҳаи маориф муҳокима карданд. Аз ҷумла, таҳияи барномаҳо ва маводи таълимӣ, рушди касбии омӯзгорон, омодагии мактабҳо, дастрасии баробар ба технологияҳо, истифодаи масъулонаи зеҳни сунъӣ, ҳифзи кӯдакон ва ҳифзи маълумоти шахсӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар доираи мизи мудаввар ҳамчунин масъалаи мутобиқ намудани ҷорӣсозии зеҳни сунъӣ дар соҳаи маориф бо чаҳорчӯбаи миллии амнияти кӯдакон дар интернет (Child Online Safety), ки айни замон дар Тоҷикистон таҳия мешавад, баррасӣ гардид. Ин равиш ба он равона шудааст, ки тавсеаи дастрасии кӯдакон ба технологияҳои рақамӣ ва имкониятҳои зеҳни сунъӣ ҳамзамон бо тадбирҳои муассири ҳифзи онҳо аз хатарҳои муҳити рақамӣ амалӣ гардад.

Иштирокчиён тавсияҳо ва қадамҳои минбаъдаро баррасӣ намуданд, аз ҷумла муайян намудани масъулиятҳои институтсионалӣ ва таҳияи харитаи роҳи марҳилавии миллӣ барои баррасии минбаъдаи Вазорати маориф ва илм. Пешниҳод оид ба таъсиси Гурӯҳи кории техникӣ оид ба зеҳни сунъӣ дар соҳаи маориф низ ҳамчун механизми таҳкими ҳамоҳангсозӣ ва ҷалби таҷрибаи техникии ҷонибҳои манфиатдор мавриди баррасӣ қарор гирифт.

ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ҳамкории зичро бо Вазорати маориф ва илм ва дигар шарикон идома медиҳад, то ба рушди низоми маорифе мусоидат намояд, ки кӯдакон ва наврасонро бо дониш ва малакаҳои зарурӣ барои муваффақ шудан дар ҷаҳони торафт рақамӣ таъмин мекунад. Дар ин раванд ҳуқуқ, амният ва некӯаҳволии ҳар як кӯдак бояд дар маркази табдили рақамии соҳаи маориф қарор дошта бошад.

Тамос барои васоити ахбори омма

Далер Додоҷонов
Мутахассис оид ба иртибот
ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Тел: +992939990096
Почтаи электронӣ: [email protected]

Дар бораи ЮНИСЕФ

ЮНИСЕФ дар баъзе гӯшаҳои душвортарини ҷаҳон фаъолият мекунад, то кӯдакони маҳрумтарини ҷаҳонро фаро гирад. Дар зиёда аз 190 кишварҳо ва ҳудудҳо мо ба хотири ҳар кӯдак, дар ҳама ҷо кор мекунам то барои ҳамагон ҷаҳони беҳтарро созмон диҳем.

Барои маълумоти бештар дар бораи ЮНИСЕФ ва кори он барои кӯдакон аз www.unicef.org боздид кунед

ЮНИСЕФ-ро дар Twitter, Facebook, Instagram ва YouTube пайгирӣ кунед.