Ҳамкориро барои рушди мактабҳои пайваст ва таҳсилоти рақамӣ таҳким мебахшад
ДУШАНБЕ, 26 ноябри соли 2026 – Намояндагони сохторҳои давлатӣ, мутахассисони соҳаи маориф, шарикони рушд, намояндагони бахши телекоммуникатсия ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ рӯзҳои 26–27 ноябр дар Душанбе дар семинари дурӯзаи таҳрезии муштарак дар доираи ташаббуси Tech4Ed Тоҷикистон иштирок мекунанд.
Семинар, ки аз ҷониби Шарикии глобалӣ барои маориф (GPE) маблағгузорӣ мешавад, бо иштироки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ЮНИСЕФ, ташаббуси Giga ва EdTech Hub баргузор мегардад. Он ба Самтҳои афзалиятноки 2 ва 3-и Tech4Ed ва таҳияи Рӯйкарди мактаби намунавӣ, ки ба шароити Тоҷикистон мутобиқ мебошад, равона шудааст.
Рӯйкарди пешниҳодшуда роҳҳои ҳамкории мактабҳои марказӣ ё такягоҳиро бо мактабҳои ҳамсоя, инчунин истифодаи муштараки инфрасохтори рақамӣ, муҳтавои таълимӣ, имкониятҳои рушди касбии омӯзгорон ва дастгирии техникӣ баррасӣ мекунад. Дар ин раванд ниёзҳои гуногуни мактабҳои шаҳрӣ, деҳотӣ ва минтақаҳои дурдасти кӯҳистон ба назар гирифта мешаванд.
Дар рӯзи якум иштирокдорон барои ташаккули диди муштарак оид ба мактабҳои пайваст ва ба омӯзиш нигаронидашуда ҳамкорӣ мекунанд, ташаббусҳои мавҷудаи соҳаи маориф ва рақамикунониро харитасозӣ мекунанд ва таҷрибаи байналмилалии истифодаи пайвастшавиро барои беҳтар намудани таълиму омӯзиш баррасӣ мекунанд.
Дар рӯзи дуюм мутахассисони техникӣ дар ҷаласаҳои ҳамзамон кор мекунанд, моделҳои эҳтимолии Рӯйкарди мактаби намунавиро таҳия мекунанд ва роҳҳои истифодаи сатҳҳои гуногуни пайвастшавиро барои дастгирии амалии таълиму омӯзиш баррасӣ мекунанд. Иштирокдорон ҳамчунин захираҳои зарурӣ, омилҳои асосии хароҷот, шароитҳои мусоид барои мактабҳо, талаботи устуворӣ ва имкониятҳои ҳамкорӣ бо операторони алоқа ва провайдерҳои хизматрасони интернетро муайян мекунанд.
Семинар ба таҳкими ҳамоҳангсозӣ миёни Tech4Ed, ташаббуси Giga ва Лоиҳаи «Асосҳои рақамӣ» мусоидат мекунад. Натиҷаҳои он барои таҳияи роҳҳои ҳалли амалӣ ва мутобиқ ба шароити маҳаллӣ замина фароҳам меоранд, то мактабҳо ва омӯзгорон тавонанд аз пайвастшавии рақамӣ барои беҳтар намудани имкониятҳои омӯзиши кӯдакон дар саросари Тоҷикистон истифода баранд.
Уҳдадориҳои мушаххаси молиявӣ ва шартҳои тиҷоратӣ дар доираи вохӯриҳои минбаъдаи алоҳида баррасӣ мешаванд.
Тамос барои васоити ахбори омма
Дар бораи ЮНИСЕФ
ЮНИСЕФ дар баъзе гӯшаҳои душвортарини ҷаҳон фаъолият мекунад, то кӯдакони маҳрумтарини ҷаҳонро фаро гирад. Дар зиёда аз 190 кишварҳо ва ҳудудҳо мо ба хотири ҳар кӯдак, дар ҳама ҷо кор мекунам то барои ҳамагон ҷаҳони беҳтарро созмон диҳем.
Барои маълумоти бештар дар бораи ЮНИСЕФ ва кори он барои кӯдакон аз www.unicef.org боздид кунед
ЮНИСЕФ-ро дар Twitter, Facebook, Instagram ва YouTube пайгирӣ кунед.