Ҷавонони Тоҷикистон дар доираи Намоишгоҳи Барномаи менторӣ оид ба аксбардории Giga ҳикояҳои пурқувватро дар бораи пайвастшавии рақамӣ ба намоиш гузоштанд

13 Апрел 2026
Exhibition
UNICEF/Tajikistan/Manucher Ruziev

Душанбе, 10 апрели 2026 - Ҷавонон аз саросари Тоҷикистон тавассути намоишгоҳи аксбардорӣ ҳикояҳои таъсирбахши визуалиро дар бораи пайвастшавии рақамӣ, фарогирӣ ва имкониятҳо ба намоиш гузоштанд. Намоишгоҳ ба анҷоми Барномаи ментории аксбардории Giga, ки аз ҷониби ЮНИСЕФ Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Giga ва Ruyo Journal амалӣ гардид, бахшида шуд.

Ин ташаббус 19 ҷавонро ба ҳам овард, то малакаҳои худро дар ҳикоягӯии визуалӣ, аксбардорӣ ва иртиботи рақамӣ тақвият бахшанд, ҳамзамон онҳоро ба андешаронии интиқодӣ дар бораи нақши пайвастшавӣ дар густариши дастрасии баробар ба иттилоот, таҳсил ва имкониятҳо ҳидоят намуд.

Намоишгоҳи ниҳоӣ интихоби аксҳои тартибдодашударо, ки дар ҷараёни барномаи менторӣ таҳия шудаанд, пешкаш кард. Он дидгоҳҳои ҷавононро ҳам дар бораи воқеиятҳо ва ҳам имкониятҳои фарогирии рақамӣ дар Тоҷикистон инъикос намуд. Дар ҳамоҳангӣ бо уҳдадории ЮНИСЕФ барои “ҳеҷ касро дар замони рақамӣ қафо нагузоштан”, Барномаи ментории аксбардории Giga ба иштирокчиён муҳити бехатар ва дастгиркунанда фароҳам овард, то малакаҳои техникӣ, эҷодӣ ва тафаккури интиқодии худро рушд диҳанд.

«Ман дар бораи ин барнома тавассути бародарам фаҳмидам. Барои ман ин як имконияти олӣ буд, ки чизи нав омӯзам ва ба ҷаҳони аксбардорӣ, тасвирҳо ва таърихи аксбардорӣ ғӯта занам. Дар ҷараёни ин барнома ман инчунин бо одамони нав бо идеяҳои эҷодии гуногун шинос шудам, ки хеле хуб буд!» — Томирис Бобиева, яке аз иштирокчиёни барнома.

Тавассути ҷаласаҳои роҳнамоӣ, ҷавонон мавзӯъҳоеро, аз ҷумла дастрасӣ ба инфрасохтори рақамӣ, фарқи рақамӣ, таҳсил, ормонҳои ҷавонон ва нақши пайвастшавӣ дар бунёди ҷомеаҳои устувор ва фарогир, мавриди омӯзиш қарор доданд. Барнома ба агентии ҷавонон таваҷҷуҳи махсус дода, онҳоро тавонманд сохт, то бо истифода аз ҳикоягӯии визуалӣ таҷрибаҳои зисти худро инъикос намоянд ва овози худро ба муҳокимаҳо оид ба дастрасии баробари рақамӣ илова кунанд.

Намоишгоҳ ҳамчун платформае хидмат кард, ки ҷавонон асарҳои худро ба шарикон, ҷонибҳои манфиатдор ва аҳли ҷомеа пешниҳод намоянд. Ҳар як акс дидгоҳи хосро дар бораи таъсири пайвастшавии рақамӣ ба омӯзиш, иштироки иҷтимоӣ ва имкониятҳои оянда инъикос намуд.

Бо марказ гузоштани дидгоҳҳои ҷавонон, намоишгоҳ аҳамияти иштироки воқеии ҷавононро дар ташаккули муҳокимаҳои миллӣ оид ба таҳаввулоти рақамӣ ва рушд таъкид кард. Густариши дастрасии баробар ба пайвастшавии рақамӣ барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор ва таъмини он ки ҳар як кӯдак ва ҷавон тавонад омӯзад, иштирок намояд ва рушд кунад, аҳамияти калидӣ дорад.

Ташаббусҳо ба монанди Барномаи ментории аксбардории Giga ба ин дидгоҳ мусоидат намуда, ҷавононро бо малакаҳое таъмин мекунанд, ки бо абзорҳои рақамӣ ба таври интиқодӣ муносибат намоянд ва дар муҳокимаҳо оид ба пайвастшавӣ ва фарогирӣ фаъолона саҳм гузоранд. Ин барнома равиши васеътари ЮНИСЕФ-ро инъикос мекунад, ки ба ҳамгироии саводнокии рақамӣ, эҷодкорӣ ва тавонмандсозии ҷавонон ҳамчун нерӯҳои асосии рушди устувор нигаронида шудааст.

Тамос барои васоити ахбори омма

Далер Додоҷонов
Мутахассис оид ба иртибот
ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Тел: +992939990096
Почтаи электронӣ: [email protected]

Дар бораи ЮНИСЕФ

ЮНИСЕФ дар баъзе гӯшаҳои душвортарини ҷаҳон фаъолият мекунад, то кӯдакони маҳрумтарини ҷаҳонро фаро гирад. Дар зиёда аз 190 кишварҳо ва ҳудудҳо мо ба хотири ҳар кӯдак, дар ҳама ҷо кор мекунам то барои ҳамагон ҷаҳони беҳтарро созмон диҳем.

Барои маълумоти бештар дар бораи ЮНИСЕФ ва кори он барои кӯдакон аз www.unicef.org боздид кунед

ЮНИСЕФ-ро дар TwitterFacebookInstagram ва YouTube пайгирӣ кунед.