Дар бораи мо
Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) баҳри наҷоти ҳаёти кӯдакон, ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо ва кӯмак дар рушди қобилиятҳо дар 190 кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон фаъолият менамояд.

ЮНИСЕФ эътимод дорад, ки:
Ба нафъи ҷаҳони беҳтар, ҳамаи кӯдакон ба зиндамонӣ, рушд ва расидан ба иқтидори пурраи худ ҳуқуқ доранд.
Рисолати мо
-
Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид ЮНИСЕФ-ро вазифадор менамояд, ки ҳуқуқҳои кӯдаконро ҳифз намуда, барои қонеъ намудани ниёзҳои асосии онҳо ва тавсеаи имкониятҳои онҳо барои расидан ба иқтидори пурраи худ кӯмак расонад.
-
Роҳнамои ЮНИСЕФ “Конвенсияи оид ба ҳуқуқҳоӣ кӯдак” буда, ташкилот талош меварзад, ки ҳуқуқҳои кӯдаконро ҳамчун талаботи усутвори ахлоқӣ ва меъёрҳои байналмилалии рафтор нисбат ба кӯдакон муқаррар намояд
-
ЮНИСЕФ исрор менамояд, ки зиндамонӣ, муҳофизат ва рушди кӯдакон асосҳои умумии инкишоф буда, ҷузъи ҷудонашавандаи пешрафти инсоният мебошанд.
-
Барои кӯмак ба кишварҳо, хусусан ба кишварҳои рӯ ба инкишоф, ҷиҳати таъмини “чолиши аввал барои кӯдакон” ва таҳкими зарфияти онҳо дар самти таҳияи сиёсати мутобиқ ва хизматрасониҳо барои кӯдакон ва оилаҳои онҳо ЮНИСЕФ иродаи сиёсӣ ва захираҳои моддиро сафарбар менамояд.
-
Баҳри таъмини муҳофизати махсус барои кӯдакони аз ҳама бештар осебпазир – дар натиҷаи ҷангҳо, офатҳои табии, камбизоатии шадид, тамоми шаклҳли зӯроварӣ ва истисмор ва кӯдакони дорои маъюбият ЮНИСЕФ уҳдадор мебошад.
-
ЮНИСЕФ дар ҳолатҳои фавқулодда барои ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон вокуниш менамояд. Дар ҳамоҳангӣ бо шарикони Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаҳои башардӯстона ЮНИСЕФ ба шарикони худ имкониятҳои беназир барои вокуниши фаврӣ пешниҳод менамояд. То азоби кӯдакон ва нафароне, ки ба онҳо кӯмак менамоянд, сабук гардад.
-
ЮНИСЕФ ҳизб нест ва ҳамкории ӯ бидуни табъиз мебошад. Дар тамоми корҳои ташкилот кӯдакони дар ҳолати аз ҳама осебпазир ва кишварҳои аз ҳама бештар ниёзманд афзалият доранд.
-
ЮНИСЕФ талош меварзад, ки тавассути барномаҳои кишварии худ ҳуқуқҳои занон ва духтаронро пешбарӣ намуда, иштироки ҳамаҷонибаи онҳоро дар рушди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иҷтисодии ҷомеаҳои худ дастгирӣ намояд.

Як чиз возеҳ аст: мо бояд фаъолиятро барои он густариш диҳем, ки ҳар як кӯдак ва ҳар як наврас аз ҳуқуқҳои худ ба тандурустӣ, таҳсил ва муҳофизат истифода намояд.
ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Шурӯъ аз соли 1993 дафтари ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати дастгирии Ҳукумат дар иҷроиши уҳдадорӣ дар самти тавсеаи ҳуқуқҳо ва имкониятҳои кӯдакон фаъоляит менамояд. Ҳадаф он аст, ки кӯдакон тавонанд мувофиқи “Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак” ҳуқуқҳои худро пурра талаб намуда, аз онҳо истифода баранд.
Барномаи кишварии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 бо самтҳо, стратегияҳо ва ташаббусҳои Ҳукумати Тоҷикистон мувофиқа шуда, онҳоро дастгирӣ менамояд. Натиҷаҳои барнома инчунин ба “Нақшаи стратегии ЮНИСЕФ” ва “Нақшаи амали гендерӣ” мутобиқ карда шуда, ба расидан ба 8 ҳадафи рушди устувор (ҳадафҳои 1-6, 9, 10, 13, 16, 17) мусоидат хоҳанд намуд. Барномаи кишварӣ ба суръат бахшидан ба пешравӣ дар татбиқи ҳуқуқҳои тамоми кӯдакон, бо таваҷҷӯҳи махсус ба аз байн бурдани нобаробарӣ тавассути чор ҷузъиёт дар марҳилаҳои гуногуни давраи ҳаёти онҳо равона шудааст.
Дафтари кишварии ЮНИСЕФ татбиқи маҷмӯи стратегияҳои мукаммалкунандаи барномавиро идома медиҳад: иртибот барои тағйироти иҷтимоӣ, фаъолияти тарғиботиву ташвиқотӣ ва тарғибу ташвиқи ҳуқуқҳои кӯдак ва баробарӣ, таҳкими зарфияти миллӣ ва низомҳои ҷамъоварӣ, таҳлил ва мониторинги ҳуқуқҳои кӯдак, навовариҳо, устувор баланд бардоштани иқтидор дар сатҳи тамоми низом барои хизматрасониҳои боадолат, коҳиш додани хатари офатҳои табии ва омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда.