Таҳсили босифати фарогир
Тамоми кӯдакон бояд аз давраи барвақтии таълим то миёна ба таҳсили босифат ва фарогир дастрасӣ дошта бошанд. Хусусан онҳое, ки бештар осебпазиранд.

Мушкилот
Дар Тоҷикистон то ҳол аксарияти кӯдакон дар солҳои аввали ҳаёт аз таҳсили босифат ва хизматрасониҳо барои рушди барвақтии кӯдакон маҳрум мебошанд. Бахусус кӯдакони дорои маъюбият.
Кӯдакон аз имконияти гирифтани таълим дар низоме, ки ба хонандан ва гирифтани дониш тамаркуз доранд, маҳрум буда, бо норасоии омӯзгорон ва маводҳои таълимӣ дучор мешаванд. Бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим барои тамоми кӯдакон Ҳукумати Тоҷикистон ислоҳоти барномаҳои таълимиро дар доираи “Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф” оғоз намудааст.
Бояд роҳандозии таҳсилоти фарогир дар муассисаҳои томактабӣ, ибтидоӣ ва миёна тақвият ва густариш дода шавад, то ин ки кӯдакони дорои маъюбият барои таҳсил ва якҷоя бо ҳамсолони худ бомуваффақият хатм намудани мактабҳои таҳсилоти умумӣ имконият дошта бошанд.
Дар Тоҷикистон дар масъалаи гирифтани маълумоти мӯътамад оид ба шахсони дорои маъюбият душворӣ вуҷуд дорад. Мафҳуми тиббии маъюбият то ҳол дар қонунгузории кишвар истифода мешавад ва низоми дурусти ҷамъоварии иттилоот вуҷуд надорад. Масалан, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар медиҳад, ки шумораи умумии кӯдакони дорои маъюбият ба 28,286 нафар баробар аст. Ин рақам танҳо кӯдаконеро дар бар мегирад, ки ба қайд гирифта шудаанд ва бо нафақаи маъюбӣ таъминанд.
Ба пешравии минбаъдаи фарогирии кӯдакони дорои маъюбият дар ҷомеаҳои маҳаллӣ қоидаҳои маъмули касбӣ, ки дар модели тиббии дарки маъюбият маъмул аст, монеа эҷод мекунанд. Мувофиқи модели мазкур кӯдакони дорои маъюбият бештар бояд дар муассисаҳои махсус нигоҳ дошта шаванд, ки дар онҷо ба онҳо кӯмаки махсуси тиббӣ расонида мешавад.
Ҳисобот оид ба “Арзёбии малакаҳои китобхонӣ дар синфҳои ибтидоӣ”, ки соли 2011 аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) таҳия шуда буд, қобилияти пасти китобхонӣ ва дарки сустро байни хонандагони синфҳои ибтидоӣ муайян намуд. 30% духтарон ва 31% писарони хонандагони синфи 2 ба стандартҳои миллии зудхонӣ ҷавобгӯ набуданд. Дар байни синфҳои 4 нишондиҳандаи мазкур то 45% ва 56% мутаносибан афзуд.
Илова бар ин, дар Тоҷикистон низоми арзёбии таълим вуҷуд надошта, натиҷаҳои он ба таври систематикӣ чен карда намешаванд. Ин чунин маъно дорад, ки ислоҳоти маориф дар асоси далелҳо сурат нагирифта, таҳлилҳои охирин нишон доданд, ки қобилияти хониш ва дарк дар синфҳои поёнӣ паст мебошад.
Барои ҳар як кӯдак
ЮНИСЕФ меҳисобад, ки ҳар як кӯдак дар Тоҷикистон новобаста аз шахсият, маҳал ё вазъи оилавӣ бояд таълими босифат гирад. Ташкилот вазифаи равшани амал дорад: “Ҳадафҳои рушди устувор”.
Дар Тоҷикистон ЮНИСЕФ кӯшиш мекунад, ки тамоми мактабҳо вақеан фарогир ва тамаркуз ба кӯдакон бошанд. Инчунин, эътироф менамояд, ки монеаҳои дар таълими кӯдакон аз сабаби бад донистани забони муошират дар хона “айби” кӯдакон нест, балки ноқобилии баъзе мактабҳоро дар самти фарогирии кӯдакони дорои маъюбият ё аз гуруҳҳои осебпазирро нишон медиҳад. Фаъолияти ташкилот ва шарикони он дар зиёд намудани теъдоди кӯдакони дорои маъюбият дар мактабҳои муқаррарии саросари кишвар мусоидат намудааст.
ЮНИСЕФ диққати асосиро ба кулли низоми маориф равона менамояд, на ин ки ба лоиҳаҳои алоҳида. Ҳадаф аз такмили сиёсати маориф (дар мавриди зарурӣ), таъминот, фарогирӣ ва сифат иборат аст. Бо такя ба муносибатҳои қавӣ ва боэътимод бо ҳукумат, ЮНИСЕФ ба сиёсати соҳаи маориф таъсир расонида захираҳо ва таҷрибаҳоро барои фарогирии бештар дар маориф сафарбар менамояд. Инчунин, лоиҳаҳои инноватсионии санҷиширо ҳамчун воситаи санҷиш ва ташаккули ислоҳотҳои муҳими сиёсат дастгирӣ менамояд.
Ҷиҳати таҳкими сиёсат ва банақшагирӣ дар асоси далелҳо ва бунёди низоми боз ҳам боадолат ва босифати маориф ЮНИСЕФ бо Вазорати маориф ва илм ҳамкории зич дорад. Ташкилот дар саросари кишвар иқтидори кормандони соҳаи маорифро дар самти гузариш ба таълими тамаркуз ба хонанда баланд мебардорад.
Дар самти баланд бардоштани сифати таълим тавассути такмили ихтисоси омӯзгорон пеш ва дар давоми фаъолият ЮНИСЕФ ба муассисаҳои таълимӣ кӯмак менамояд. Ин амал барои таъмини омӯзгорон бо салоҳияти зарурӣ баҳри ҷалби хонандагон ба таълим ва омӯзиши фаъолонаи тамаркуз ба хонандагон иҷро карда мешаванд. Ин ҳама дар доираи низоми фарогири таҳсил ба ҷо оварда мешавад ва ба ҳалли масъалаҳои эҳтиёҷоти таълимии кӯдакони мухталиф, аз ҷумла писарон ва духтарони дорои маъюбият дар мактабҳои умумӣ кӯмак мекунад.
ЮНИСЕФ Вазорати маориф ва илмро дар таҳияи барномаҳои таълимӣ, барои таълими босифат ва имконияти рушди кӯдакон дар Тоҷикистон дастгирӣ намуда, барои рушди иқтидори кӯдакон онҳоро бо малакаҳо ва салоҳиятҳои муҳим таъмин менамояд.