Муҳити бехатар барои ҳар як кӯдак
Мактабҳои устувор – ҷомеаи устувор
Мушкилот
Дар Тоҷикистон кӯдакон ба офатҳои табии ва техногенӣ хело осебпазиранд. Аз ҷумла, ба заминларза, сел, ярч, обхезӣ ва тарма.Аксарияти кӯдакон (88.3%) дар минтақаҳои таҳти хатари баланди сейсмикӣ қарордошта зиндагӣ мекунанд.
Инфрасохтори номуносиби мактабҳо, ки ба чунин офатҳои табии тобовар нест, хатари назаррасро ба ҳаёт ва некуаҳволии кӯдакон эҷод намуда, ба низом хисороти зиёди иқтисодӣ мерасонад. Инчунин, боиси халалдоршавӣ ва зарари ҷиддӣ ба соҳаи маориф низ мегардад.
Тақрибан 26% мактабҳо дар шаҳрҳо ва 50% мактабҳо дар деҳот тавассути қубур дар мактаб ё ҳавлии он ба оби тоза дастрасӣ надоранд.
Аксарияти мактабҳо танҳо ҳоҷатхонаҳои оддӣ доранд, ки барои писарон ва духтарон алоҳида мебошанд. Хонандагони синфҳои болоӣ (аз синфи 5 боло) дар мактаб одатан аз ҳоҷатхона истифода намебаранд. Набудани оби тоза, ҳоҷатхонаҳои муносиб, воситаҳои беҳдошт ҳангоми ҳайз ва ҷои хилват аксар вақт духтарони наврасро водор месозанд, ки ба дарсҳо нараванд.
18% духтарон, ки дар доираи тадқоқоти ЮНИСЕФ оид ба кӯдакони аз мактаб берун дар пурсиш иштирок намудаанд, шароити бади санитариро сабаби асосии нарафтан ба мактаб номбар намуданд.
Мактабҳои устувор – ҷомеаи устувор
Бо дарназардошти осебпазирии Тоҷикистон ба офатҳои табиӣ, аз ҷумла ярч ва заминларза, ЮНИСЕФ ҳамгироии масъалаҳои коҳиш додани хатари офатҳо ва таҳкими устувориро ба барномаҳои миллии таълимӣ ва низоми омодасозии омӯзгорон дастгирӣ менамояд.
ЮНИСЕФ дар ҳамкорӣ бо дигар шарикони рушд ба Вазорати маориф ва илм ҷиҳати гузаронидани арзёбии ҳамаҷонибаи бехатарии мактабҳо мусоидат мекунад. Арзёбии мазкур ба муайян намудани сатҳи осебпазирии муассисаҳои таълимӣ ба хатарҳои гуногун ва таҳияи тавсияҳо барои сармоягузорӣ, ки ба баланд бардоштани бехатарӣ ва устувории инфрасохтори мавҷуда ва нави мактабӣ равона шудаанд, мусоидат хоҳад кард.
ЮНИСЕФ бо шарикон барои фароҳам овардани муҳити мусоид ва устувор дар низоми маориф ҳамкорӣ намуда, ба таъмини ҷойҳои бехатари таълимӣ ва ҳифзи кӯдакон ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда саҳм мегузорад. Фаъолиятҳои ЮНИСЕФ ба омодасозии кӯдакон, омӯзгорон, волидон ва ҷомеаҳо барои муқобила бо офатҳои эҳтимолӣ ва коҳиш додани оқибатҳои онҳо равона шудаанд. Ба иштирокчиён дониш ва малакаҳои зарурӣ оид ба дарки хатарҳо, идоракунии онҳо, тадбирҳои коҳиши хатар, омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда, аз ҷумла обхезиҳо, ярч, заминларза ва дигар таҳдидҳо, омӯзонида мешаванд.
Бо мақсади мусоидат ба таъмини устувори об, санитария ва гигиена (WASH) барои ҳама, ЮНИСЕФ ба беҳтар намудани шароити мактабҳо ва муассисаҳои тиббии интихобшуда тавассути таъмини дастрасӣ ба оби бехатари ошомиданӣ, беҳсозии иншооти санитарӣ ва татбиқи барномаҳои омӯзишӣ оид ба гигиена, ки ба ташаккули одатҳои солими зиндагӣ мусоидат мекунанд, саҳм мегузорад.
Дар баробари татбиқи барномаҳои ҳамгирошудаи рушди инфрасохтори WASH, беҳтар намудани шароити санитарӣ ва пешбурди рафтори гигиенӣ, ЮНИСЕФ ба таҳкими сиёсати миллӣ дар самти беҳтар намудани хизматрасониҳои WASH дар мактабҳо диққати махсус медиҳад. Бо мақсади васеъ намудани дастрасии кӯдакон ва занон ба хизматрасониҳои босифати WASH дар минтақаҳои афзалиятноки Тоҷикистон, ЮНИСЕФ бо Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати маориф ва илм ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамкории зичро ба роҳ монда, чорабиниҳои дахлдорро дар сатҳҳои миллӣ ва минтақавӣ амалӣ менамояд.