Дастрасӣ ба таҳсил
ЮНИСЕФ талош меварзад, ки тамоми кӯдакон, хусусан аз гуруҳҳои аз ҳама осебпазир, ба таҳсил дастрасӣ пайдо намоянд.

Мушкилот
Дар Тоҷикистон нишондиҳандаи холиси фарогирӣ бо таҳсилоти томактабӣ байни кӯдакони аз 3 то 6 сола аз ҳама пасттарин дар минтақа буда, соли 2014 танҳо ба 11% баробар буд. Аз панҷ се кӯдаки то дусола дар хона рушди кофӣ намегиранд ва аз панҷ чор нафари онҳо барои мутолиа китоб надоранд.
Кӯдакони дорои маъюбият гуруҳи аз ҳама осебпазир дар соҳаи маориф мебошанд. Соли 2013 танҳо 19% кӯдакони дорои маъюбияти аз 7 то 18 сола дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таҳсил мегирифтанд.
Мувофиқи маълумоти “Институти омори ЮНЕСКО”, 1.9% кӯдакони хурдсоли синну соли мактабӣ (аз 7 то 10 сола) ва 5.6% синну соли миёна (аз 11 то 15 сола) ба мактаб нарафтаанд. Ин нишондиҳанда барои синфҳои ибтидоӣ ба 9.1% байни духтарон ва 2.4% байни писарон баробар буд.
Сарфи назар аз ройгон будани таҳсилоти ибтидоӣ, нишондиҳандаҳои фарогирии хонандагони синну соли аз 15 то 16 сола (синфҳои 10 ва 11) баъд аз ҳатмӣ будани таҳсили мактаб, зуд паст мешавад. Дар муқоиса бо писарон шумораи зиёди духтарон дар мактаб таҳсил намекунанд. Танҳо 64% духтарон аз синфҳои поёнӣ ба болоӣ мегузаранд ва ин нишондиҳанда байни писарон ба 86% баробар аст. Ин ба омодагии духтарон ба ҳаёти мустақилона ва талаботҳои он таъсир мерасонад.
Сармоягузорӣ ба таҳсили духтарон барои рушди ҷомеа аҳамияти муҳим дошта, тавсеаи ҳуқуқҳо ва имкониятҳои онҳо барои таҳкими нақш ва иштироки онҳо дар ҳаёти ҷомеа омили асосӣ мебошад.
Таҳсил барои ҳама
Баҳри тавсеаи дастрасӣ ба таҳсил, хусусан барои кӯдакони осебпазир, аз қабили кӯдакони синну соли томактабӣ, ки дар деҳот зиндагӣ мекунанд, кӯдакони дорои маъюбият, кӯдакони аз аққалиятҳои қавмӣ ва духтарон ЮНИСЕФ ба Вазорати маориф ва илм дастгирӣ менамояд. Оид ба масъалаҳои дастрасӣ ба таҳсилоти томактабӣ, ибтидоӣ ва миёна ташкилот фаъолияти тарғиботӣ ва ташвиқотии дар асоси далелҳоро мегузаронад.
Барои он, ки шумораи бештари духтарон в писарон, аз ҷумла аз ҳама осебпазир аз иқтидори давлатӣ, нимдавлатӣ ва дар сатҳи маҳал эҷодшуда барои дастрасӣ ба таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ ва хатми он, инчунин гузариш ба таҳсилоти минбаъда баҳра бардоранд, ЮНИСЕФ бо ҷонибҳои манфиатдори гуногун ҳамкорӣ менамояд.
Ҳукумат модели таҳсилоти алтернативии томактабиро, ки ЮНИСЕФ таҳия намудааст, қабул ва роҳандозӣ намудааст. Аз соли 2010 нишондиҳандаи фарогирии кӯдакон бо таҳсилоти томактабӣ 5% зиёд шуд. Ҳадаф аз он иборат аст, ки то соли 2020 сатҳи фарогирии кӯдакон бо таҳсилоти мактабӣ зиёд карда шуда, 25% кӯдакони аз 3 то 6 сола фаро гирифта шаванд.
ЮНИСЕФ ба Вазорати маориф ва илм дар тавсеа ва такмили сифати барномаҳои таҳсилоти алтернативии томактабӣ, махсусан барои писарон ва духтарони аз ҳама осебпазир, аз ҷумла кӯдакони дорои маъюбият ва кӯдакони деҳот, кӯмак мерасонад. Ташкилот барои ҷалби захираҳои муассисаҳои давлатӣ, донорҳо ва шарикон барои тавсеаи таҳсилоти барвақтӣ барои кӯдакон талош хоҳад варзид.
ЮНИСЕФ мониторинг гузаронида, такмили иттилоот оид ба таҳсилоти томактабиро идома меҳиҳад. Ташкилот бо масъулини асосӣ ҷиҳати баланд бардоштани иқтидор, пешбарӣ ва таъмини имкониятҳои алтенативӣ барои таҳсилоти барвақтӣ, аз ҷумла дар хона, бо мониторинги яккарата ва таваҷҷуҳ ба баробарӣ фаъолят менамояд.
ЮНИСЕФ ба Вазорати маориф ва илм дар баланд бардоштани иқтидори мактабҳо ва мақомоти иҷроияи ноҳияҳо оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои кӯдакон, бо дарназардошти ҷанбаҳои гендерӣ ва иштироки васеи муассисаҳои таълимӣ, кӯмак мерасонад. Ташкилот дар самти муайян намудани кӯдакони аз мактаб берун, ва кӯдаконе, ки таҳти хатари хориҷшавӣ қарор доранд, бо ҳукумат ҳамкориро идома дода, ба чорабиниҳои муштарак бо волидон ва муассисаҳои таълимӣ дар самти пешгирии канор мондан аз мактаб мусоидат менамояд. Ба инҳо тавсеаи фарогирии чорабиниҳои санҷишӣ оид ба пешгирии хориҷшавӣ ва вокуниш ба онҳо, аз ҷумла ҷорӣ намудани курси таълимӣ барои омӯзгорон аз рӯи низоми огоҳии барвақтии давоми кор дохил мешаванд.
ЮНИСЕФ дастурҳои таълимии худро барои кӯдакон ва наврасони аз мактаб берун ва онҳое, ки эҳтимоли тарки мактаб карданро доранд, таҳия менамояд, то онҳо тавонанд ба низоми таҳсилоти умумӣ баргарданд.
Барои дастгирии тағйироти иҷтимоӣ ЮНИСЕФ маъракаҳои тарғиботӣ ва ташвиқотиро дар мактабҳо ва ҷомеаҳои маҳаллӣ дастгирӣ менамояд. Ҳадафи он фаро гирифтани табақаҳои бештари аҳолии маҳаллӣ ва пешбурди ҳуқуқҳои кӯдакони дорои маъюбият ба таҳсили фарогир, инчунин ҳалли мушкилоти меъёрҳои иҷтимоие мебошад, ки ба рушди ҳамаҷонибаи онҳо монеа мешавад. Ташкилот бо масъалаҳои меъёрҳои иҷтимоии мавҷуда, ки ба номнависии кӯдакони дорои маъюбият дар муассисаҳои таълимӣ ва гузариши духтарон ба синфаҳои болои монеа мешаванд, сару кор дорад.