Ҳифзи иҷтимоии кӯдакон
ЮНИСЕФ тарафдори афзоиши сармоягузориҳои давлатӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ буда, талошҳои ҳукуматро дар самти пайгирӣ ва мониторинги коҳиши камбизоатӣ дастгирӣ менамояд
Мушкилот
Камбизоатии кӯдакон падидаи бисёрҷониба буда, роҳҳои гуногуни ченкунии он вуҷуд дорад. Зарур аст, ки ҳукуматҳо барои коҳиш додани фарогирии камбизоатии кӯдакон содиқ бошанд. Эътироф ва вокуниш ба камбизоатии кӯдакон, инчунин ҷамъи таҷриба ва такмили равишҳо барои чен кардани кабизоатии онҳо вазифаҳои афзалиятнок мебошанд.
Дарки пурраи тамоми масъалаи камбизоатии кӯдакон хеле муҳим аст. Дар замоне, ки камбизоатии шахси калонсол метавонад муваққатӣ бошад, камбизоатии кӯдакон метавонад тамоми умр давом кунад. Чунки кӯдак барои таҳсил ё оғози солими ҳаёт хеле кам имконияти дуюм пайдо мекунад. Ҳамин тариқ, худи камбизоатии кӯдакон на танҳо ба кӯдакони алоҳида, балки эҳтимол дорад, ки ба наслҳои оянда низ гузашта нобаробариро дар ҷомеа устувор ва бадтар менамояд.
Сарфи назар аз мунтазам зиёд шудани даромадҳо ва беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ дар давоми солҳои охир, дар Тоҷикистон то ҳол камбизоатии кӯдакон вуҷуд дорад. Мувофиқи таърифи расмии миллии камбизоатӣ, ки аз ҷониби Агентии омор муқаррар шудааст, ҳиссаи кӯдаконе, ки дар оилаҳои камбизоат зиндагӣ мекунанд, аз 38% дар соли 2013 то 34% дар соли 2016 коҳиш ёфтааст.
Дар Тоҷикистон сатҳи кабизоатӣ байни кӯдакон назар ба калонсолон баланд боқӣ мемонад. Чунки хонаводаҳои серфарзанд бо хатари бештари камбизоатӣ рӯ ба рӯ мешаванд.
Афзоиши даромадҳо аз шуғл омили муҳимтарини коҳиши камбизоатӣ дар давоми солҳои охир мебошад. Яке аз нақшҳои асосиро интиқолҳои маблағ низ мебозанд. Аммо дар маҷмӯъ, баъд аз коҳиши шадид дар солҳои 2015 ва 2016 даромадҳо аз хориҷа барқарорёбиро нав оғоз намуданд.
Нақши барномаҳои иҷтимоӣ, ва хусусан кӯмакҳои суроғавии иҷтимоӣ дар коҳиш додани камбизоатӣ аз соли 2012 то 2016 паст шуда истодаат. Чунки арзишӣ зиндагӣ назар ба андозаи имтиёзҳо тезтар боло меравад.
Оилаҳои серфарзанди камбизоат одатан қисми зиёди буҷети худро барои ғизо сарф менамоянд. Вобаста ба тағйирёбии калони даромадҳо вобаста аз мавсим дар Тоҷикистон, аксари хонаводаҳо ва кӯдакон дар фаслҳои зимистон ва оғози баҳор ба камбизоатӣ дучор мешаванд, ки дар натиҷаи он ба ҳисоби миёна калорияҳои камтарро истеъмол менамояд. Дар вилояти Хатлон шумораи аз ҳама бештари кӯдакони камбизоат зиндагӣ мекунанд ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сатҳи аз ҳама баландтарини камбизоатии кӯдакон ба қайд гирифта шудааст. Дар шаҳрҳои Тоҷикистон сатҳи камбизоатӣ хело пасттар буда, дар деҳот ин нишондиҳанда хело баландтар аст. Қисми зиёди аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекунад.
Роҳи ҳал
ЮНИСЕФ барои дарки пурраи шакл ва макони камбизоатии кӯдакон фаъолият дорад. То ин ки дар доираи механизмҳои миллӣ, ба мисли стратегияҳои оид ба коҳиш додани камбизоатӣ чораҳои бештари сиёсӣ андешида шаванд. Дар таҳия ва таҳкими барномаҳо ва сиёсат дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ташкилот ҳукуматро дастгирӣ намуда, барномаҳои ҳифзи иҷтимоии гендериро бо диққат ба кӯдаконро низ ҷонибдорӣ менамояд.
Муносибат ва диди ЮНИСЕФ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ дар аввалин чаҳорчӯбаҳои стратегии глобалии он бахшида ба ҳифзи иҷтимоӣ оварда шудааст. Дар ин ҳуҷҷат ҳифзи иҷтимоӣ бо дарназардошти манфиатҳои кӯдакон асоснок шудааст. Инчунин зарурати тавсеаи низомҳои фарогир ва ҳамгирои ҳифзи иҷтимоӣ, ҳамчун як равиши муассир барои ноил шудан ба адолати бештар барои кӯдакон ва саҳм гузоштан дар рушди васеи инсонӣ ва иқтисодӣ қайд шудааст.
ЮНИСЕФ ба расонидани кӯмаки техникӣ ва молиявӣ ба ҳукумат ва шарикон дар самти таҳияи стратегияҳои ҳамгирои ҳифзи иҷтимоӣ содиқ мебошад.
Сарфи назар аз пешбарии стратегияҳои ҳамаҷониба, инчунин ЮНИСЕФ татбиқи бо марҳилаи фарогирӣ бо ҳифзи иҷтимоиро дастгирӣ менамояд. Ин ба пешбурди стратегияҳои миллӣ ва мушаххаси иҷтимоӣ, кӣ ба шароити маҳаллӣ мувофиқ мебошанд, мусоидат менамояд. Дар баробари ин ЮНИСЕФ на танҳо дар инъикоси омилҳои мушаххаси осебпазирӣ, ки бо онҳо кӯдакон рӯ ба рӯ мегарданд, нақши муайянро мебозад, балки нисбати дигар омилҳои умумии осебпазирӣ, ки бо онҳо одатан гуруҳҳои дар канормонда дучор мешаванд, низ саҳмгузор мебошад. Аз қабили духтарон, аққалиятҳои қавмӣ ва шахсони дорои маъюбият. Ҳамин тариқ, ЮНИСЕФ бо мақсади бештар ба кӯдакон ва фарогирӣ нигаронидани ҳифзи иҷтимоӣ фаъолияти менамояд.
Ҷиҳати мубаддал гардонидани шуъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баҳри дастгирӣ дар хона ба марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ кӯмак менамояд. Барои ҳалли мушкилоти кӯдаконе, ки бо муҳоҷират дучор шудаанд, ЮНИСЕФ диққати асосиро ба таҳкими механизмҳои маҳаллӣ барои дархости кӯмак ба кӯдакон равона месозад, то ин ки назорати самараноки ҳолатҳои зӯроварӣ, бепарасторӣ, истисмор ва муносибати бад таъмин карда шавад. Инчунин, диққати махсус ба пешгирии ҷойгир намудани кӯдакон аз оилаҳои муҳоҷир ба муассисаҳои махсус дода мешавад. Намояндагони муассисаҳои ҳифзи кӯдакон дар курсҳои омӯзишӣ оид ба расонидани дастгирии равонӣ ва эҳсосӣ ба оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, хусусан ба занон таълим гирифтаанд. ЮНИСЕФ талош меварзад, ки ба кӯдакони бе шаҳрвандии муайян ё ба кӯдаконе, ки таҳти хатари бешаҳрвандӣ шудан қарордошта дар пайдо намудани ёрии ҳуқуқӣ ва гирифтани шаҳрвандӣ дастгирӣ расонида шавад.