Адолат барои кӯдакон
ЮНИСЕФ ба барқарорсозии адолати судӣ барои ноболиғон мусоидат менамояд. Ҳадафи он роҳ надодани кӯдакон ба низоми адлияи ҷиноӣ ва бунёди хадамоти нигоҳдорӣ барои ноболиғон мебошад

Мушкилот
Мувофиқи шарҳҳои тартиботи умумии №10 “Кумитаи Созмони милали муттаҳид оиб ба ҳуқуқи кӯдак” синну соли ҳадди ақали ҷавобгарии ҷиноятӣ дар низоми адлияи ноболиғони Тоҷикистон барои аксари ҷиноятҳо 16 сола буда, барои баъзе дигар ҷиноятҳои вазнин 14 сола аст.
Кӯдакони дар низоъ бо қонун аксар вақт нисбат ба дигарон камтар “сазовор” дониста шуда, дар баробари он вазъияти инфиродии онҳо аксар вақт ба назар гирифта намешавад.
Аксари кӯдаконе, ки дар Тоҷикистон боздошт мешаванд, бо ҷиноятҳои хурд ё ғайризӯроварӣ муттаҳам шуда, беъзеи онҳо дар “ҳабс бо мақсади муҳофизат” қарор дода мешаванд. Ҳол он ки аз озодӣ маҳрум кардани кӯдакон, ҳамавақт бояд чораи охирин бошад.
Тибқи омори расмӣ, соли 2018 906 қонуншиканӣ ва ҷиноят аз ҷониби кӯдакон содир карда шудаст, ки дар муқоиса бо соли 2017 (690 ҳолат – 664 писар ва 26 духтар) ва соли 2016 (565 ҳолат) афзоиши назаррасро нишон медиҳад. Соли 2017 шумораи кӯдакони ҷабрдида ба 1,039 расид, ки аз нишондиҳандаи соли 2016 (795) хело бештар мебошад. Тибқи арзёбиҳо, шумораи кӯдаконе, ки ҳуқуқвайронкуниҳои хурди маъмурӣ содир намудаанд, аз маълумоти зикршуда хело зиёдтар аст. Сабаби он дар омори расмӣ ба таври систематикӣ сабт нашудани онҳо мебошад.
Арзёбии соли 2014 нишон дод, ки танҳо 37% писароне, ки дар муассисаҳои будубоши доимӣ нигоҳ дошта мешаванд, дар давоми бозошт кӯмаки ҳуқуқӣ мегиранд. Хадамоти дастгирии ноболиғон (ХДН) барномаи сафедкунии дар маҳал барои кӯдаконе мебошад, ки қонуншикании сабук кардаанд ва теъдоди кӯдаконе, ки он ҷо фиристода мешаванд, кам боқӣ мемонад. Соли 2018 танҳо 106 нафар кӯдакон ба ХДН фиристода шудаанд.
Тавассути ХДН барои кӯдаконе, ки аз низоми адлияи ҷиноятӣ ва комиссияи ноҳиявӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак фиристода шудаанд, дар саросари кишвар танҳо дар панҷ ноҳия хизматрасониҳои сафедкунӣ пешниҳод карда мешаванд. Вазорати адлия ягона маркази нигоҳдорӣ - бо истилоҳ “колонияи” барои писарони аз 14 сола болоро дар Душанбе роҳбарӣ мекунад. Ин писарон бо қарори суд ҳабс шудаанд. Духтарони маҳкумшуда ба “колонияи” занона дар шаҳри Норак фиристода мешаванд.
Баъзе вақт кӯдакон барои ҷиноятҳои хурд ҳабси пешакӣ мешаванд. Инчунин онҳо аксар вақт барои ҳуқуқвайронкуниҳои хурд дучори ҳабси дуру дароз мегарданд.
Бо вуҷуди он, ки дар бораи кӯдаконе, ки дар низоми адлия ба қайд гирифта шудаанд, маълумот вуҷуд дорад, аммо онҳо аз рӯи табақа тақсим ё таҳлил нашудаанд. Инчунин онҳо оид ба кӯдакони аз ҷинояткорӣ ҷабрдида ва шоҳидони ҷиноят маълумот надоранд.
Роҳи ҳал
ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон талошҳоро баҳри бунёди низоми адлия, ки манфиатҳои кӯдакони дар низоми ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бударо ба инобат мегирад, дастгирии риояи онҳоро таъмин менамоянд. Ин маънои онро дорад, ки кӯдакони қонуншикан, ҷабрдидагон ва шоҳидони ҷиноятҳо бояд дар ҳама марҳилаҳои мурофияи судӣ ҳимоя карда шаванд.
Дар тӯли солҳои дароз ЮНИСЕФ ҳукуматро дар такмили низоми адлия барои кӯдакон дастгирӣ намудааст. Хусусан, ташкилот кӯмаки худро ба таҳкими иқтидори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти судӣ ва кормандони ҳифзи кӯдакон равона намудааст. Сабаби ин суст будани иқтидори табақаҳои гуногуни мутахассисон ва зуд-зуд иваз шудани кормандон мебошад, ки ин ба раванди ислоҳоти низоми адлия дар кишвар таъсири манфӣ мерасонад.
Айни замон маркази таълимӣ барои судяҳои назди Суди Олӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва донишкадаи таълимӣ барои додситонҳо дар назди Прокуратураи генералӣ бо дастгирии ЮНИСЕФ нақшаҳои таълимии худро навсозӣ мекунанд, ё дар нақша доранд, ки барномаҳои таълимии худро барои омодагӣ “пеш аз оғози кор” ва “дар давоми кор” навсозӣ намоянд. Инчунин, барои таълими судяҳо, кормандони милиса ва прокурорҳои нав онҳо захираҳои мураббиёни ботаҷрибаи худро навсозӣ мекунанд.
Илова бар ин, барои таҳия ва шомил намудани курси “Кӯмаки ҳуқуқӣ бо назардошти манфиятҳои кӯдакони дар низоми ҳифзи ҳуқуқ” ба барномаи умумии таълимии маркази “Такмили ихтисоси адвокатҳо”, ЮНИСЕФ бо “Иттифоқи миллии ҳуқуқшиносон” ҳамкорӣ менамояд. Бо мурури вақт интизор меравад, ки тамоми 800 адвокатҳо дар Тоҷикистон курсҳои омӯзиширо хатм менамоянд. Ин ташаббуси нав консепсияи озмоишии ҳукуматро оид ба кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ пурра менамояд, ки раванди татбиқи он айни замон идома дорад.
Дар талошҳои худ барои пешбурди раванди сафедкунӣ кӯдакон ҷиҳати дар маҳалҳо бунёд намудани Хадамоти дастгирии ноболиғони (ХДН) назди Марказҳои таҳсили иловагӣ (МТИ) ЮНИСЕФ ҳукуматро дастгирӣ менамояд. Ҳадафи он таъмини сафедкунии иҷтимоӣ ва дубора якҷояшавии кӯдаконе, ки ҷиноятҳои сабук содир намудаанд (одатан маъмурӣ) ва пешгирии қонуншикониҳои такрорӣ мебошад. Дар тӯли солҳои 2017 ва 2018 дар панҷ ноҳияҳои вилояти Суғд мутаносибан 143 ва 106 нафар кӯдакон ба МТИ фиристода шудаанд. Аз сабаби сатҳи баланди ивазшавии кормандон ва таълими онҳо оид ба масъалаҳои ғайри ҳифзи кӯдакон, кормандон ба таълими доимӣ, такмили ихтисос ва муррабигӣ дар ҷои кор ниёз доранд.
Кӯшишҳои ЮНИСЕФ барои пешбурди ғояҳо ва иттилоот ба таҷдиди назари ҳамаҷонибаи қонунгузории марбут ба кӯдакон равона карда шудааст, то ин ки он пурра ба муқаррароти Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак мутобиқ карда шавад. Дар асоси тавсияҳои Кумита ҳукумат нақшаи амалро барои солҳои 2018-2022 қабул намуд ва ЮНИСЕФ то ҳол барои дастгирии ҳукумат дар татбиқи пурраи нақшаи амали мазкур содиқ мебошад.