Аз байн бурдани зӯроварӣ нисбати кӯдакон
Ҳифзи кӯдакон аз зӯроварӣ, истисмор ва муносибати номуносиб

Мушкилот
Зӯроварӣ ба кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад. Илова бар хатари бевосита ба ҳаёт ва саломатии ҷисмонии онҳо, инчунин зӯроварӣ ба некӯаҳволӣ ва дурнамои ояндаи онҳо таҳдид мекунад.
Зӯроварӣ инчунин метавонад аз насл ба насл гузарад. Зеро, ки кӯдакони мавриди зӯроварӣ қарор гирифта метавонанд ин амалро “муқаррарӣ” шуморанд.
Дар Тоҷикистон камбаҳодиҳӣ нисбати миқёси аслии зӯроварӣ ба назар мерасад. Зеро маълумоти маъмурӣ, ки дар низомҳои тандурустӣ ва адлия истифода мешаванд, асоси арзёбии паҳншавии зӯроварист. Онҳо қисман дар асоси эътиқодҳои густурда паҳншуда, ки одамонро водор менамоянд зӯровариро муқаррарӣ қабул намоянд, на ин ки ҳамчун як мушкилии ҳалталаб. Шумораи зиёди кӯдакон дар шароити гуногун ҷабрдидагон ё шоҳидони шаклҳои гуногуни зӯроварианд. Аз ҷумла дар хона, муассисаҳои нигоҳубини алтернативӣ, мактабҳо ва ҷойҳои нигоҳубини таҳти назорат.
Тадқиқоти ахир дар чанд ноҳия нишон дод, ки дар маҳалҳои саросари кишвар зӯроварӣ шакли маъмули ҷазои интизомӣ мебошад. Гузоришҳо оид ба ҷазои сахти кӯдакон аксар вақт зӯроварии шадиди ҷисмониро дар бар мегиранд, ки дар онҳо навдаҳо ё камарбандҳоро истифода бурдаанд. Инчунин, паёмҳо оид ба кӯдаконе, ки то иҷрои корҳои хона (шустушӯи либос ё нигоҳубини чорво) аз хӯрок маҳрум шударо низ дар бар мегиранд. Ё ин ки оид ба духтароне, ки дар натиҷаи “баҳс бо дигар духтарон” ё “ишқ” аз таҳсил дар мактаб маҳрум шудаанд. Тадқиқот инчунин нишон дод, ки баъзе оилаҳо фарзандони худро вазифадор менамоянд, ки кори вазнинро иҷро намоянд, аз мағозаҳо дуздӣ намоянд, ё дар овони кӯдакӣ никоҳ ё издивоҷ кунанд.
Азиятдиҳӣ ва таҳқири ҳамсолон инчунин яке аз шаклҳои маъмули зӯроварӣ мебошанд. Хусусан дар мактабҳо.
Танҳо якчанд омӯзгорон таҳқирро мушкилии калон дар мактабҳои худ номбар намуданд. Писароне, ки хурдтар мебошанд, ё ин, ки вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии бадтар доранд, бештар мавриди таҳқир қарор мегиранд. Дар баъзе ҷомеаҳои маҳаллӣ аксар вақт аққалиятҳои қавмӣ мавриди таҳқир қарор мегиранд.
#МАНЪИзӯроварӣ
ЮНИСЕФ пурра азм дорад, ки бо зӯроварӣ нисбати кӯдакон мубориза барад ва эътироф менамояд, ки ин кор ба ҳамагон марбут аст. Ташкилот чораҳои пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон ва вокунишро дар тамоми минтақа дастгирӣ намуда, нисбати ин масъалаи паноҳ хомӯширо аз байн мебарад. Бо ин восита моделҳои муносибати ба ин падида мусоидаткунандаро тағйир медиҳад.
Дар самти пешбурди талошҳо барои пешгирӣ ва хотима додан ба зӯроварӣ нисбати кӯдакон дар саросари кишвар ЮНИСЕФ бо шарикони худ аз ҳукумат ҳамкории зич дорад.
Тавассути таҳияи сиёсати ба кӯдакон дахлдор, дастгирии кӯшишҳо дар самти баланд бардоштани иқтидори сохторҳои асосии давлатӣ, ба мисли Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, ва ҳамкории мустақиман бо ҷомеаҳо ва аҳолии маҳаллӣ дар саросари кишвар барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва пешгирии тамоми шаклҳои зӯроварӣ нисбати кӯдакон фаъолият сурат мегирад.
ЮНИСЕФ ва яке аз шарикон аз ҷомеаи шаҳрвандӣ татбиқи барномаи озмоиширо оид ба пешбурди талошҳо ва пешгирии зӯроварӣ бар зидди кӯдакон ва наврасон дар Тоҷикистон оғоз намудааст. Он баъд аз гузаронидани тадқиқотҳои ташаккулӣ оид ба зӯроварӣ нисбати кӯдакон дар ноҳияҳои санҷишӣ гузаронида шуд.
Ҳадафи лоиҳа тавсеаи имкониятҳои волидон ва омӯзгорон барои тарбия ва таълими кӯдакон ва наврасон бидуни зӯроварӣ, тавассути иртибот ва якҷоякунии беҳтар бо ҷомеа равона шудааст. Далелҳои ин барнома метавонанд минбаъд дар паст кардани сатҳи зӯроварӣ нисбати кӯдакон, эҳтимоли тавсеаи чорабиниҳо ва талошҳои муваффақ барои аз байн бурдани зӯроварӣ дар саросари кишвар кӯмак расонанд.