Барои ҳар як кӯдак – оила!
Ҳар як кӯдак ҳуқуқ дорад, ки дар муҳити оилавии мусоид, ғамхор ва муносиб барои рушд ба воя расад.
Мушкилот
Оқибатҳои ҷудошавӣ аз фарзандон ва ҷойгир намудани онҳо дар муассиаҳои махсус ҷиддӣ буда, метавонанд тамоми умр давом ёбанд. Кӯдаконе, ки дар муассисаҳо ҷойгир шудаанд, аз рушди иҷтимоӣ, эҳсосӣ ва зеҳнӣ маҳрум мебошанд, ки ин метавонад ба рушди солими фикрронии онҳо монеа шавад. Кӯдаконе, ки аз ҷомеа дар канор мондаанд, махсусан ба зӯроварӣ, бепарасторӣ ва рафтори бад осебпазир мебошанд.
Солҳои охир дар Тоҷикистон теъдоди кӯдакони дар муассисаҳои будубош муътадил боқӣ монда, танҳо ба 7%, аз 10,802 дар соли 2012 то 10,061 дар соли 2017, коҳиш ёфтааст.
Истифодаи “модели тиббии” маъюбият дар саросари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон боқӣ мемонад. Мувофиқи он кӯдакони дорои маъюбият ҳамчун “нокомил” ҳисобида мешаванд.
Ҷойгир намудани кӯдакон дар муассисаҳои кӯдакон бо нобаробарӣ ва зӯроварӣ, инчунин набудани 1) ҳифзи иҷтимоӣ барои сабук кардани оқибатҳои камбизоатӣ дар оилаҳо, 2) хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар ҷомеаҳо баҳри дастгирии чунин оилаҳо ва 3) дастрасӣ ба таҳсили фарогир ва хизматрасониҳои тиббӣ барои баъзе оилаҳои осебпазир робитаи бевосита дорад.
“Низомнома оид ба парасторӣ” ва “Низомнома оид ба комиссяи ҳуқуқи кӯдакон”, ки ба наздикӣ тасдиқ шудааст, нисбат ба якдигар ҳамоманг нестанд. Дар Низомномаи нави Комиссияи ҳуқуқи кӯдак гуфта мешавад, ки чунин комиссияҳо бо масъалаҳои нигоҳубини алтернативӣ дар оила сару кор доранд. Аммо дар амал дар баъзе ноҳияҳои кишвар шуъбаи маориф нақши мақоми васояту парасториро мебозад.
Бо мақсади пешгирӣ намудани ҷойгиршавии кӯдакон дар мактаб-интернатҳо, Вазорати маориф ва илм ба наздикӣ қарор “Дар бораи мактаб-интернатҳо” –ро таҷдиди назар намуд. Мувофиқи қарори ислоҳшуда, кӯдакони аз оилаҳои камбизоат, ки ҳарду волидонашон дар қайди ҳаёт мебошанд, дар мактаб-интернатҳо ҷойгир карда намешаванд. Аммо, масъалаҳои камбизоатии оилаҳои мазкур ва вазъияти кӯдакон дар онҳо номуайян боқӣ мемонанд.
Моддаи 44 қонун “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон” аз соли 2015 оид ба нигоҳубини парасторона то ҳол татбиқ нашудааст. Сабаби он тӯлонӣ будани раванди муайян намудани мақомоти давлатии масъули қонун ва набудани тартиби дақиқи таҳияи санадҳои зерқонунӣ дар бораи чунин тарзи васоят мебошад.
Дар комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак танҳо як корманде ҳаст, ки музди меҳнат мегирад. Он котиб буда, бо баррасӣ ва ҳамоҳангсозии масъалаҳои марбут ба кӯдакон, аз ҷумла нигоҳубини алтернативии онҳо дар оила сару кор дорад. Ҳамин тариқ, набудани захираҳои инсонӣ дар маҳал самаранокӣ ва амалии механизми парасториро паст мекунад.
Роҳи ҳал
Дар масъалаи пешбарии нигоҳубини парасторона ва васоят дар Тоҷикистон баъзе пешравӣ ба назар мерасад. Шумораи кӯдаконе, ки таҳти парасторӣ ва васоят қарор доранд, 22% зиёд шудааст – аз 720 кӯдакон дар соли 2016 то 880 дар соли 2017. Шумораи кӯдаконе, ки фарзандхонӣ шудаанд, 16% коҳиш ёфтааст – аз 1171 дар соли 2016 то 982 дар соли 2017.
ЮНИСЕФ ба Ҳукумати Тоҷикистон дар табдил додани чор хонаи кӯдакон ба марказҳои дастгирии оила ва кӯдакон ёрӣ мерасонад. Ин марказҳо як қатор хизматрасониҳои оилавиро барои пешгирии ҷойгиркунии кӯдакони то се сола дар муассиаҳои будубош таъмин хоҳад намуд.
ЮНИСЕФ ғояи тасдиқ ва қабули тартиби додани кӯдакон ба тарбияи парасторӣ ва зиёд намудани шумораи чунин кӯдаконро дар парасторӣ пешбарӣ мекунад. ЮНИСЕФ бо шарикони худ нигоҳубини алтернативии кӯдаконро дар оила ва шомил намудани тавсияҳо ба нақшаи амал, ки дар гузоришҳои даврии ҳамгирои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷроиши “Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак барои солҳои 2018-2022” оварда шудаанд, мусоидат менамояд.
ЮНИСЕФ ҳамкориро бо шарикони худ аз вазоратҳои дахлдор дар самти муайян ва ниҳоӣ намудани тартиби додани кӯдакон ба нигоҳубини парасторӣ идома медиҳад. Дар баробари ин маводҳои техникӣ аз ҷониби мутахассисон ва мушовирони ташкилот тақдим карда мешаванд. Инчунин, ЮНИСЕФ гузаронидани арзёбии ҷории парасториро дар якчанд ноҳияҳои дастгирӣ мекунад.