Зиндамонӣ ва саломатии кӯдакон
Ҳар як кӯдак барои инкишофи солим ва таҳсил дар тамоми давоми умри худ ба оғози беҳтарини ҳаёт ҳуқуқ дорад.

Мушкилот
Зиндамонӣ ва ишкишофи кӯдакон яке аз самтҳои афзалиятноки тандурустии ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ мемонанд. Сарфи назар он ки сатҳи фавти кӯдакони то 5 сола, ба таври назаррас, яъне аз 105 аз байни 1000 навзод дар соли 1990, то 34 нафар дар соли 2017 ва сатҳи фавти навзодон аз 83 аз байни 1000 навзодон дар соли 1990 то 29 дар соли 2017, тағйир ёфт, расидан ба “Ҳадафҳои рушди ҳазорсола” ба мамлакат муяссар нагардид.
Мувофиқи тадқиқоти тиббӣ-санитарӣ дар соли 2017 дар Тоҷикистон коҳишёбии устувори фавти кӯдакони то 5 сола мушоҳида мешавад - аз 43 фавт дар байни 1000 навзодон дар соли 2012 то 33 фавт дар байни 1000 навзодон дар соли 2017. Дар ҳамин давра фавти навзодон дар байни 1000 навзодон аз 19 то 13 нафар коҳиш ёфт.
Сарфи назар аз ин тамоюли мусбӣ, сатҳи пастшавии кунунӣ суст буда, таваҷҷӯҳи фавриро талаб менамояд.
Низоми номуносиби таъмини об, санитария ва беҳдошт (WASH) ва одатҳои истифодабарии он дар таваллудхонаҳо ва шуъбаҳои таваллуди муассисаҳои тиббӣ яке аз омилҳои асосии сатҳи баланди фавти навзодон ва хурдсолон боқӣ мемонанд. Камбудиҳои мазкур на танҳо ба муроҷиат намудан барои кӯмаки тиббӣ ва истифодаи хизматрасониҳо монеа эҷод менамоянд, инҷунин барои пешгирии самараноки сироятҳо ва мубориза бо онҳо, тарғибу ташвиқи беҳдошт миёни модарон ва парасторон мушкилиҳоро ба миён меоаваранд. Таъмини об, санитария ва беҳдошт барои зиндамонии модарон ва фарзандони онҳо таъсири назаррас мерасонад.
Камғизоӣ то ҳол мушкилии ҷиддии тандурустӣ дар Тоҷикистон боқӣ монда, сабаби фавти пешгиришаванда ва суст шудани инкишофи ҷисмонӣ ва зеҳнии кӯдакон дар Тоҷикистон мегардад. 21% кӯдакони то панҷ сола дучори ақибмонии қад (дар натиҷаи гуруснагии музмин), аз ҷумла 6% кӯдакони дучори қадпастӣ мебошанд. Айни замон 3% кӯдакон дучори лоғарӣ (аз сабаби камғизоии шадид) мебошанд, аз ҷумла 6% кӯдакон вазни нокифоя доранд. Аксари занон ва кӯдакон инчунин аз норасоии микроэлементҳои ғизоӣ азият мекашанд, ки сатҳи баланди камхунӣ ва норасоии йод аз он шаҳодат медиҳад.
Инкишофи кӯдак баъд аз паси сар намудани хати «зиндамонӣ» низ яке аз чолишҳо мебошад, чунки тамоюли пастшавии сатҳи фавти кӯдакон дар Тоҷикистон маънои онро надорад, ки тамоми кӯдаконе, ки зинда мондаанд, метавонанд ба иқтидори пурраи худ бирасанд.
Таҷрибаи нигоҳубини кӯдакони бемор низ барои ҳалли масъала мусоидат намекунад. Масалан, мувофиқи “Тадқиқоти демографии тандурустии соли 2017”, танҳо аз се як ҳиссаи кӯдакон дар давоми дарунравӣ моеъи кофӣ нӯшида, истеъмоли шири модарро идома медоданд.
Сарфи назар аз он, ки дар Тоҷикистон аз соли 2005 ин ҷониб ҳукумат сиёсати расонидани тавсияҳо ба волидон оид ба бозиҳо ва муошират бо кӯдакон мувофиқи марҳилаҳои синну сол пеша гирифтааст, дар амал он қариб татбиқ намегардад ва волидон малакаҳои нокифояи тарбия доранд. Ҳамзамон, омори расмӣ нишон медиҳад, ки айни замон зиёда аз 25,000 кӯдак ҳамчун дорои маъюбият ба қайд гирифта шудаанд. Дар аксари ҳолат, маъюбиятро метавон дар синну соли барвақтӣ муайян намуд, аммо ҳоло дар Тоҷикистон муайянкунии барвақтӣ ва чораҳои комплексии байнисоҳавӣ ҷиҳати ҳалли чунин масъалаҳо вуҷуд надоранд.
Роҳи ҳал
ЮНИСЕФ ба далелҳои қатъии самаранокии сармоягузорӣ ба солҳои аввалӣ зиндагӣ такя менамояд. Сармоягузории мазкур барои аз байн бурдани камбизоатӣ, нобаробарӣ, баланд бардоштани самаранокӣ ва паст кардани зарари бемориҳои сироятӣ ва ҳолати бади равонӣ аҳамияти калон дорад.
Дар самти баланд бардоштани сатҳи зиндамонии кӯдакон тавассулти амиқ муайян намудани заъфи низоми тандурустӣ дар масъалаи фарогирии самаранок, дастрасӣ ва талабот ба чорабиниҳои ҳифзи саломатии модар ва кӯдак, ки дар асоси далелҳо таҳия шудаанд, ЮНИСЕФ ба Ҳукумати Тоҷикистон дастгирӣ менамояд.
Тавассути сармоягузорӣ дар иншоотҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ ва беморхонаҳои воқеъ дар ноҳияҳои аз ҳама камбизоат аз қабили инфрасохтор, таҷҳизот, доруворӣ ва малакаҳои кормандони тиббӣ, мо ба такмили дастрасӣ ба хизматрасонии босифати тиббӣ барои занон ва кӯдакони аз ҳама осебпазир мусоидат менамоем.
Бо дарназардошти робитаи қавии байни модарон, навзодон ва кӯдакон, инчунин мувофиқи тавсияҳои нашрияи тиббии “Лансет» оид ба зиндамонии навзодон дар соли 2005, ЮНИСЕФ пешбурди нигоҳубини ҳамгироии модарон, навзодон ва кӯдакон маврида ҳадаф қарор дода шудааст. Он тавассути якҷоякунии чорабиниҳои мушаххаси нигоҳубини навзодон ва хизматрасониҳои барои модарон ва кӯдакон, аз ҷумла мусоидат ба ҷорӣ намудани таҷрибаи ғизодиҳӣ ва ғизои модарон, навзодон ва хурдсолон дар беморхонаҳо, низоми кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ дар мактабҳои ибтидоӣ ва миёна, инчунин дар сатҳи ҷомеаҳои маҳаллӣ иҷро хоҳад шуд.
ЮНИСЕФ барои баррасии сиёсат ва таҳияи стратегияҳои муносиби миллӣ, ки ба тавсеаи минбаъдаи дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифати тиббӣ ва паст кардани сатҳи фавти кӯдакон мусоидат менамоянд, ба вазоратҳои масъул кӯмаки техникӣ мерасонад.
ЮНИСЕФ дар якҷоягӣ бо ҳукумат ва шарикони ғайриҳукуматӣ дар самти такмили вазъияти камғизоӣ байни навзодон ва кӯдакони хурдсол ва ҳалли масъалаҳои марбут ба ғизо дар Тоҷикистон, тавассути пешбарии усули бисёрсоҳавӣ фаъолият дорад. Чунин усул имконият медиҳад, ки техникаҳои ҳамгиро татбиқ шаванд ва фарогирии чорабиниҳои марбут ба тандурустӣ, кишоварзӣ, маориф, таъмини об, санитария ва беҳдошт, муҳити атроф, ҳифзи иҷтимоӣ ва иқтисод васеъ гарданд.
Барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва эҷоди талаббот ба иммунизатсия ва хизматрасониҳои перинаталӣ/тандурустии кӯдакон миёни аҳолии осебпазир, ки айни замон ба чунин хизматрасониҳои дастрасӣ надоранд, ЮНИСЕФ мусоидат хоҳад намуд.