Оби тоза, беҳдошт ва санитария

Оби тоза, санитарияи оддӣ ва беҳдошти муносиб барои зиндамонӣ ва инкишофи ҳар як кӯдак муҳим мебошанд

Girl in HCF
UNICEF/Tajikistan/Manucher Ruziev

Мушкилот

Тибқи гузориши Бонки умумиҷаҳонӣ дар соли 2016 танҳо 38% аҳолии Тоҷикистон ба низоми бехатар ва танзимшавандаи оби тоза дастрасӣ доранд. 

78% аҳолӣ ба химатрасониҳои асосии таъмини оби ошомиданӣ ва танҳо 53% ба низоми оддии санитария дастрасӣ доранд. Дар деҳот вазъ аз ин ҳам бадтар ба чашм мерасад.  

Таъмини нокифояи об, санитария ва беҳдошт (WASH) дар таваллудхонаҳо ва шуъбаҳои навзодони муассисаҳои тиббӣ яке аз омилҳои асосии сатҳи баланди фавти навзодон ва кӯдакони хурдсол мебошад. 

Норасоии иншооти WASH на танҳо ба муроҷиат ва истифодаи хизматрасониҳо аз ҷониби занҳои ҳомиладор сабаб мешавад, инчунин идораи самараноки сироят ва беҳдоштро аз ҷониби модарони навзодон ва парасторони онҳо душвор менамояд. Аз байни 73 таваллудхонаҳо дар Тоҷикистон, ки дар онҳо 80% таваллудҳо сурат мегиранд, 65 (89%) онҳо ба талаботҳои WASH ҷавобгӯ намебошанд. Ҳамин тариқ ба беҳдошт ва санитарияи модарон ва навзодони онҳо хатар эҷод менамоянд. 

Шумораи далелҳо афзоиш меёбанд, ки ҳолатҳои антисанитарӣ дар давоми таваллудкунӣ дар хона ё дар муассиаҳои тиббӣ, инчунин ҳолати бади беҳдошт баъд аз таваллуд кардан сабаби 8% фавти модарон мегарданд. Тақрибан 10-15% ҳолатҳои фавти модарон ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ рост меояд. 

Тадқиқоти ахир нишон дод, ки 80% ҳолатҳои фавти модар дар беморхонаҳои Тоҷикистон дар давоми як моҳи баъд аз таваллуди фарзанд ба қайд гирифта мешаванд. Тақрибан 70% ин фавтҳо дар давоми ҳафтаи аввали ҳаёт ва тақрибан 70% дар давоми шаш рӯзи ҳаёт сурат мегиранд.  

Тадқиқоти соли 2008 тасдиқ мекунад, ки шустани дастон бо собун аз ҷониби ҳам дояҳо ва ҳам модарон ба 41% коҳиш ёфтани сатҳи фавти навзодон мерасонад. 

Вазъият дар мактабҳои Тоҷикистон низ хуб нест. Танҳо 55% мактабҳо ба оби тоза дастрасӣ доранд. Барои 25% нафароне, ки ба мактаб намераванд, ё онро комилан тарк намудаанд, набудани оби тоза сабаби асосӣ мебошад. 48% мактабҳо ба низомҳои амалкунандаи таъмини об дастрасӣ доранд. Танҳо 86% мактабҳо ҳоҷатхонаҳои алоҳида барои писарон ва духтарон доранд ва 83.8% ҳоҷатхонаҳо дар мактабҳо чоҳӣ мебошанд. 

Тадқиқоте, ки аз ҷониби ЮНИСЕФ соли 2015 татбиқ гардида буд нишон дод, ки 18% духтароне, ки мактабро тарк намудаанд ё ин, ки нияти тарк карданро доранд, шароити бади санитариро ҳамчун яке аз сабабҳои ғоиб будан дар дарсҳо номбар намудаанд. 

Роҳи ҳал

ЮНИСЕФ ба барқарорсозӣ ва ё сохтани иншоот дар мактабҳо ва муассисаҳои тиббӣ ва пешбурди моделҳои рафтори бехатари санитарӣ-беҳдоштӣ миёни кормандони тиббӣ ва хонандагон таваҷҷуҳи махсусро зоҳир менамояд. 

ЮНИСЕФ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати маориф ва илм ва дигар шарикони рушд, инчунин бо Вазорати энергетика ва захираҳои обӣ бо мақсади харитасозии муассисаҳои тандурустӣ ва таълимӣ, такмили инфрасохтор ва дар таҳияи стандартҳо барои мактабҳо ва муассисаҳои тиббӣ, дастурамалҳо ва паёмҳо барои тағйири рафтори кормандони тиббӣ ва хонандагон, ҳамкории зич дорад. Дар фаъолияти худ дар Тоҷикистон ЮНИСЕФ аз таҷрибаҳои беҳтарини байналмилалӣ, аз ҷумла иттилоот оид ба пешбурди беҳдошти ҳайз истифода мебарад. 

Бо мақсади наҷоти ҳаёти навзодон, ЮНИСЕФ дар самти такмили шароити WASH дар шуъбаҳои таваллуд ва баҳри пешбурди масъалаҳои беҳдошт талош меварзад.

ЮНИСЕФ ба ҳукумат дар таҳлили камбудиҳо ва эҳтиёҷот дар иқтидор, бунёди зарфияти муассисавӣ ва мусоидат намудан ба ҷалби мактабҳо дар фаъолияти WASH дар муассисаҳо кӯмак менамояд. Инчунин, таҳияи стандартҳои миллии WASH барои муассисаҳои тандурустӣ ва таълимӣ, таҳияи дастурамалҳо ва чаҳорчӯбаҳо барои мониторинги WASH дар муассисаҳо дастгирӣ карда мешаванд. 

ЮНИСЕФ бо ҳукумат ва шарикони рушд баҳри мусоидат намудан ба афзоиши захираҳо барои муассисаҳо ҳамкорӣ дорад. ЮНИСЕФ ҷамъоварии далелҳоро ҳамчун замина барои барномаҳои миллӣ ва ҳисоби хароҷотҳо барои тақсимоти дурусти захираҳо ва сафарбаркунии онҳо барои WASH дар муассисаҳои тиббӣ ва таълимӣ дастгирӣ менамояд. 

ЮНИСЕФ бо наврасон ва ҷавонон ҷиҳати таҳияи роҳҳои ҳалли инноватсионии мушкилоти маҳаллии онҳо фаъолият намуда барои сафарбаркуни захираҳо баҳри навовариҳои санҷишӣ ёрӣ мерасонад. 

Барои татбиқи натиҷаҳои корҳои инноватсионӣ дар андозаи пурра, ЮНИСЕФ дар якҷоягӣ бо бахши давлатӣ ва хусусӣ ғояҳои мазкурро пешбарӣ менамояд. 

ЮНИСЕФ диққати асосиро ба таъсир расонидан ба рафтор нисбати шустани дастон, риояи беҳдошт ҳангоми ҳайз, таъмини бехатарии об ва партофт ихроҷ равона мекунад. Барои мусоидат намудан дар таъмини беҳдошт, ва махсусан шустани дастон бо собун дар давоми ҳаёт, ЮНИСЕФ ташаккули одатҳоро миёни кӯдакон дар хурдсолӣ дастгирӣ менамояд.  

ЮНИСЕФ пойгоҳи донишҳои худро оид ба масъалаҳои барномасозии WASH таҳия намуда, онро ба шарикон барои таъмини мубодилаи васеи малакаҳо, дониш ва стратегияи дар ин бахш пешкаш менамояд. Бо мақсади он, ки давраи додани таълим оид ба ҷорӣ намудани тағйирот дар барномаҳои васеъ оид ба санитария кӯтоҳ карда шавад.