Рушди барвақтии кӯдак

Рушди кӯдакон дар хурдсолӣ барои ояндаи солим ва хушбахтии онҳо замина мегузорад

early years
UNICEF/Tajikistan/2022/A. Nurullaev

Мушкилот

Далелҳои боз ҳам бештар шаҳодат меҳиданд: иқдомоте, ки дар давраи барвақтии зиндагӣ андешида мешаванд, барои коҳиш додани оқибатҳои номатлуби давраи кӯдакӣ, ки дар сурати беаҳамиятӣ метавонанд ба бад шудани вазъи саломатӣ (аз ҷумла бемориҳои ғайрисироятии мисли фарбеҳшавӣ, бемориҳои дилу раг ва диабети қанд), сатҳи пасти таҳсил, вобастагии иқтисодӣ, афзоиши зӯроварӣ ва ҷинояткорӣ, суйистифода аз маводҳои психоактивӣ ва афсурдаҳолӣ сабаб шаванд, саҳм гузоранд. Ҳамаи он метавонад сарбории буҷет ва ҷомеаро зиёд гардонад. 

Барои он, ки хизматрасониҳои барои кӯдакони хурдсол самаранок буда, ба натиҷаҳои мусбат расонанд, сифати онҳо дар тамоми бахшҳо зарур аст. Инчунин, барои ҳал намудани масъалаҳои гуногуни рушди кӯдакон бояд ҳамкорӣ карда шавад. Дар робита бо ин, таъмини ҳифзи саломатии модар, аз ҷумла дар давраи ҳомиладорӣ муҳим мебошад. Рушди барвақтии кӯдак бе сармоягузорӣ дар таъмини малакаҳои хуби волидон имконнопазир мебошад. 

Рушди барвақтии кӯдакон ҳамчун яке аз сармоягузориҳои аз ҷиҳати хароҷот муассир ба сармояи инсонӣ дониста шуда ба рушди устувори кишвар мусоидат менамояд. 

Дар Тоҷикистон як қатор сиёсат, стратегияҳо ва барномаҳо вуҷуд доранд, ки онҳо ба ҷузъиёти рушди барвақтии кӯдак (ECD) дахл дошта, ба бахшҳои муайян такя намуда, мутамарказ нестанд. Барои рушд ё механизмҳои бисёрсоҳавии ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги рушди барвақтӣ муносибати бо таваҷҷуҳ ба кӯдак вуҷуд надорад. Ин мушкилот пешгӯии сармоягузорӣ ва хароҷоти марбут ба рушди барвақтии кӯдаконро мушкил месозад. Дар баробари ин ҷалб ба ҳисободиҳии ҳамаҷониба, мониторинг ва арзёбӣ баҳри пешниҳоди платфорамаи иттилоотӣ барои банақшагирӣ ва чен кардани самаранокии чорабиниҳои татбиқшавандаро низ душвор месозанд. 

Роҳи ҳал

ЮНИСЕФ чорабиниҳои таълимии барои кӯдакони хурдсолро дастгирӣ менамояд, ки онҳо дар доираи низоми нигоҳубини кӯдакон баргузор мегарданд. Ба ин низом самтҳои муҳими мисли тандурустӣ, ғизо, бехатарӣ ва ҳифзи кӯдакон, нигоҳубин ва таълими барвақтӣ дохил мешаванд. Ба ҷои танҳо илова кардани масъалаи рушди барвақтии кӯдак ба барномаҳои мавҷуда, ЮНИСЕФ дар самти ҷорӣ намудани рушди барвақтӣ ба худи сохтори бахшҳо ва низомҳои дахлдор фаъолият дорад. Шурӯъ аз таҳияи сиёсат ва таҳияи буҷет то омодагии касбӣ ва курсҳои таълимӣ. 

Дар якҷоягӣ бо шарикон ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон стратегияи миллии “1000 рӯзҳои тиллои”-ро барои мусоидат намудан ба рушди кӯдакони хурдсол таҳия менамояд. 

Ташкилот инчунин ба тавсеаи миқёси кӯмаки ҳамгирошуда дар саросари кишвар кӯмак мерасонад. Ҳадафи он рушди кӯдакон, таҳияи дастур барои модарон ва кӯдакон ва модули бахшида ба кӯдакони ширхор ва хурдсол, аз ҷумла рушди иқтидор, сафарбаркунии захираҳо ва пешбурди масъалаҳои сиёсат мебошад. 

ЮНИСЕФ бо шарикони худ нақша доранд, ки барномаи миллии тарбияи кӯдаконро таҳия ва татбиқ намоянд, ки он барои таълим ва рушди барвақтии кӯдакон, аз ҷумла пешбудри беҳдошт ва пешгирии зӯроварӣ нисбати кӯдакон мусоидат хоҳад намуд. Илова бар ин, барномаи мазкур барои тавсеаи муайянкунӣ ва дахолати барвақтӣ, роҳандозии механизмҳо дар саросари кишвар ва таҳияи меъёрҳои муайянкунӣ ва дахолати барвақтӣ барои духтурони амалкунанда мусоидат менамояд. 

Оила барои рушд ва некӯаҳволии кӯдакон муҳити табиӣ мебошад.

Таъмини муҳити оилавии бехатар ва эмин барои ҳар як кӯдак вазифаи афзалиятноки ЮНИСЕФ аст. Барои нигоҳ доштани кӯдак дар оила ва таъмини нигоҳубини алтернативӣ дар муҳити оилавӣ бояд тамоми кӯшишҳо ба харҷ дода шаванд. Хусусан барои кӯдакони хурдсол. Аз ин сабаб ЮНИСЕФ таҳким ва рушди хизматрасониҳои нави оид ба нигоҳубини кӯдакон дар оила ва тағйир додани фаъолияти ятимхонаҳо дар Тоҷикистон баҳри кӯмак ба кӯдакон аз нигоҳубин маҳрум, дастгирӣ менамояд. 

Таълим дар хурдсолӣ қисми ҷудонашавандаи рушди кӯдакон мебошад.

ЮНИСЕФ дар якҷоягӣ бо ҳукумат масъалаи таъмини имкониятҳои алтернативии рушди барвақтӣ барои кӯдаконе, ки дар низоми таҳсили барвақтии мактабӣ фаро гирифта нашудаанд ва рушди иқтидори омӯзгороне, ки дар ин бахш фаъолият менамояндро омӯхта истодааст.