Иммунизатсия
Иммунизатсия миллионҳо ҳаётҳоро наҷод дода, кӯдаконро аз бемориҳо ва маъюбият ҳифз менамояд.
Мушкилот
Тадқиқоти тиббӣ-демографӣ (ТМД) дар соли 2017 нишон дод, ки қариб тамоми кӯдакон дар Тоҷикистон корти иммунизатсия доранд (97% кӯдакони аз 12 то 23 моҳа ва 96% кӯдакони аз 24 то 35 моҳа). Тадқиқотчиёни ТМД-2017 дар маҳал далели он, ки аксарияти кӯдакон (90% кӯдакони аз 12 то 23 моҳа ва 88% кӯдакони аз 24 то 35 моҳа) дар хона ё дар муассисаи тиббӣ кортҳои қайд доранд, тасдиқ мекунанд.
Дар Тоҷикистон сатҳи фарогирии иммунизатсия баланд мебошад. Мувофиқи маълумоти ТМД-2017 байни кӯдакони аз 24 то 35 моҳа, то давраи тадқиқот 82% онҳо тамоми ваксинаҳои асосиро гирифтаанд. Танҳо 3% кӯдакон иммунизатсия нашудаанд.
Дар ҳолати иммунизатсияҳои асосӣ фарогирии бештар бо ваксинаи зидди сил (БСЖ -96%) рост меояд, баъд бо “ДТП – Гепатит б-ХИБ 1” ва фалаҷ 1 (ҳар кадомаш 92%). Сатҳи фарогирии вояҳои ояндаи ваксинаҳои ДТП-Гепатити Б ва фалаҷ хело баланд боқӣ мемонад, ки 87% кӯдакон вояҳои сеюми ҳар яке ин ваксинаҳоро гирифтаанд. 87% кӯдакон аз 24 то 35 моҳа бар зидди сурхча ва гулафшон иммунизатсия шудаанд.
Дар муқоиса бо кӯдакон дар деҳот, сатҳи фарогирӣ бо иммунизатсия байни кӯдакон дар шаҳр пасттар мебошад. Масалан, 84% кӯдакони аз 24 то 35 моҳа дар деҳот тамоми ваксинаҳои асосиро гирифтаанд. Ин нишондиҳанда дар шаҳр танҳо ба 76% баробар аст.
Дар бораи “қиссаҳо оид ба иммунизатсия” ва афзоиши нобоварӣ ба иммунизатсия миёни баъзе волидон, ки маълумоти нодуруст гирифтаанд, нигарониҳо вуҷуд доранд. Сабаби чунин дудидалгӣ метавонад ба қиссаҳои манфӣ дар васоити ахбори омма, ки фавти кӯдакро бидуни далелҳои боэътимод бо иммунизатсия марбут месозанд, нуҳуфтааст. Инчунин, ҳаракатҳои зидди иммунизатсия дар кишвар, ки паёмҳои зидди иммунизатсияро паҳн менамоянд, метавонанд ба ин таъсир расонанд. Ҳамзамон чораҳои зидди шубҳаҳо нисбати иммунизатсия ва таҳкими эътимоди волидон ба иммунизатия аз сабаби набудани муҳокима бо волидон оид ба аҳамияти ва хатарнокии ками он душвортар мешаванд.
Роҳи ҳал
ЮНИСЕФ медонад, ки муҳофизати беҳтарин аз паҳншавии бемориҳои пешгиришавандаи кӯдакона иммунизатсия ва низоми тандурустии қавӣ ва дорои имконияти вокуниши фаврӣ мебошанд.
Агар ҳамаи кишварҳо ба сатҳи баланди иммунизатсия расида, онро нигоҳ доранд, тамоми ҷаҳон аз ин фоида хоҳад гирифт.
Ҳукумати Тоҷикистон ба Барномаи миллии иммунизатсия таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуда, барои таҳкими низоми тандурустӣ ҷиҳати фарогирии кӯдакони аз ҳама бештар осебпазир бо иммунизатсияҳои ҳаётан муҳим сармоягузорӣ менамояд.
Дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон, GAVI (Иттиҳоди глобалии иммунизатсия), Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ, ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон дар самти таъмини дастрасии ваксинаҳои кафолатнок дастгирии худро мерасонад. Инчунин, мо барои таҳкими барномаҳои миллии имунизатсия маблағҳо ва дастгирии техникиро сафарбар менамоем, то нафарони то ҳол иммунизатсия нашуда фаро гирифта шаванд.
ЮНИСЕФ дар гузаронидани маъракаҳои иттилоотии миллӣ ва маҳаллӣ оид ба огоҳ намуда ҷомеа аз аҳамияти калони иммунизатсия ва дар баробари ин бартараф намудани дудилагӣ нисбати иммунизатсия, таҳкими боварии ҷомеа, барҳам додани қиссаҳои манфӣ ва мубориза бо паҳни маълумоти бардурӯғ кӯмаки худро дареғ намедорад. Инчунин, дар самти таъмини волидон ва ҷомеаҳои маҳаллӣ бо дониши зарурӣ барои ҳифзи кӯдакон ЮНИСЕФ бо ҳукумат ҳамкории зич дорад.
ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон таълими кормандони тиббӣ оид ба огоҳ намудани оилаҳо аз бартариҳои иммунизатсия дастгирӣ намуда кӯшишҳои ҳукуматро дар самти мониторинги афкори омма ва нишондиҳандаҳои иммунизатсия фаъол менамояд.
Ваксинаҳо бехатар мебошанд. Дар ҳолати ваксина нагирифтан, имконияти зарари бештар аз бемории бо ваксина пешгиришаванда вуҷуд дорад. Масалан, дар ҳолати полиомиелит беморӣ метавонад ба фалаҷ расонад, сурхча метавонад ба энсефалит ва нобиноӣ расонад ва баъзе бемориҳои тавассути ваксина пешгиришаванда метавананд боиси фавти кӯдак гарданд.