Ғизохурӣ

ЮНИСЕФ барои такмили ғизои навзодон ва кӯдакони хурдсол амал намуда, ҷиҳати таъмини оғози беҳтарини ҳаёт барои ҳар як кӯдак кӯмак менамояд.

3 months old baby girl, Dushanbe
UNICEF Tajikistan/2019/M. Ruziev

Мушкилот

Сарфи назар аз паст шудани нишондиҳандаҳои фавти кӯдакон дар солҳои охир ва ба таври назаррас беҳтар шудани ҳолати умумии ғизои кӯдакон дар кишвар, камғизоӣ яке аз мушкилиҳои асосии тандурустии ҷамъиятӣ боқӣ мемонад. Хусусан дар ноҳияҳои дурдаст ва деҳот. 

Қадпастӣ, лоғарӣ, норасоии маъданҳо ва витаминҳо мушкилоти асосие мебошанд, ки ба саломатӣ ва некуаҳволии кӯдакон дар Тоҷикистон таъсир мерасонанд.

Тадқиқоти демографии тандурустӣ дар соли 2017 нишон дод, ки 18% кӯдакони аз 0 то 5 сола гирифторӣ қадпастӣ мебошанд, ки он натиҷаи ислоҳнашавандаи камғизоии музмин аст. Зиёда аз 8% кӯдакон дар Тоҷикистон дучори камвазнӣ мебошанд ва 6% аз гуруснагӣ лоғар шудаанд. 

Лоғарӣ ва камвазнӣ аксар вақт миёни кӯдакони то 2 сола мушоҳида мешавад ва қадпастӣ бисёртар байни кӯдакони аз 24 то 35 моҳа ба назар мерасад. Дар байни 3% кӯдакон вазни зиёдатӣ ё фарбеҳӣ ба қайд гирифта шудааст. 

Дар Тоҷикистон зиёда аз 40% кӯдакон гирифтори камхунӣ мебошанд. Танҳо 36% модарон дар Тоҷикистон дар давоми шаш моҳи аввали ҳаёт ба фарзандони худ ба таври истисноӣ шири бадан медиҳанд. Қариб нисфи модарон додани ғизои иловагиро дар давраи аз чор то шашмоҳагӣ оғоз менамоянд ва ҳар модари даҳум додани ғизои иловагиро боз ҳам барвақттар шурӯъ менамояд. 37% кӯдакон дучори норасоии витамини А ва 12% дучори норасоии витамини D мебошанд. 

Танҳо 40% кӯдакони аз 6 то 23 моҳа гуногунӣ ва басомади кофии муҳсулот ва ғизоро доранд.

Камғизоӣ инчунин ба бад шудани саломатии модарон низ мусоидат менамояд. 41% модари синну соли таносул гирифтори камхунӣ мебошанд. Ғизои нодурусти модарон пеш аз ҳомиладоршавӣ, дар давоми он ва дар давоми ду соли аввал ба таваллуди бехатар ва саломатии кӯдак хавф эҷод намуда, метавонад сабаби ақибмонии инкишоф шавад. Дар натиҷа иқтидори кӯдакон коҳиш меёбад.  

Сарфи назар аз паҳншавии васеи бемориҳои дар натиҷаи камғизоӣ ва одатҳои ғизохурӣ ба миён омада, набудани ташвишовари огоҳӣ оид ба таъсирҳои эҳтимолӣ ба саломатӣ дар натиҷаи норасоии маводҳои ғизоӣ ба назар мерасад. Аз ҷумла огоҳии паст аз камхунии дар натиҷаи норасоии оҳан ва оид ба хатари нуқсонҳои модарзодӣ. Илова бар ин, надоштани малакаҳо ва дониши муносиб байни волидон барои табобати бемориҳои маъмули кӯдакона, одатҳои ғизодиҳӣ ба кӯдакон ва саривақт муроҷиат намудан барои кӯмаки тиббӣ ба таври ҷиддӣ ба саломатии кӯдакон таъсир мерасонанд. Омилҳои мазкур дар якҷоягӣ бо дониш ва малакаҳои нокифояи кормандони тиббӣ дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ, ки низоми танзимкунандаи масъалаҳои камғизоӣ мебошад, вазъияти ғизои кӯдакон ва навзодонро мураккаб мегардонад. Дар натиҷа ин ҳама ба норасоии микроэлементҳо, камвазнӣ ва қадпастӣ мерасонанд. 

Ғайр аз ин, норасоии маблағгузорӣ барои ҷорӣ намудани усулҳои устувори байнисоҳавӣ ҷиҳати ҳалли масъалаи ғизои нодуруст ва камғизоӣ нуқтаи заифтарини низом мебошад. Ин ба норасоии иқтидор баҳри бунёди заминае мегардад, ки дар он нозомҳои ғизо ва идоракунии ғизо сохта мешаванд. Аз ҷумла захираҳои инсонӣ, истифодаи далелҳо ва барномасозӣ, инчунин ҳамгироии ғизо дар сатҳи сохторҳои аввалияи тандурустӣ. 

Роҳи ҳал

ЮНИСЕФ дар якҷоягӣ бо ҳукумат ва шарикони ғайриҳукуматӣ ҷиҳати такмили ҳолати камғизоӣ байни навзодон ва кӯдакони хурдсол, инчунин ҳалли масъалаҳои марбут ба ғизо дар Тоҷикистон амал мекунад. Фаъолиятҳо тавассути пешбурди усули бисёрсоҳавӣ, ки барои татбиқи усулҳои ҳамгирошуда ва тавсеаи фарогирии чорабиниҳои марбут ба тандурустӣ, кишоварзӣ, маориф, таъмини об, санитария ва беҳдошт, муҳити зист, ҳифзи иҷтимоӣ ва иқтисод имконият медиҳанд. 

Ҳамчун василаи ҳаракати “Scale Up Nutrition” (афзоиши миқёси озуқаворӣ) дар кишвар аз соли 2013 ин ҷониб ЮНИСЕФ дар такмили механизмҳои ҳамоҳангсозӣ дастгирии худро дареғ намедорад. Ин амал тавассути бунёди иқтидори техникӣ барои мониторинг, таҳлил, банақшагирӣ ва таҳияи механизмҳои устувор барои чорабиниҳо дар самти ғизо дар сатҳҳои миллӣ ва фаромиллӣ иҷро мешавад.  

Бо мақсади расонидани кӯмак ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ЮНИСЕФ бо Барномаи умумиҷаҳонии озуқаворӣ ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳамкорӣ намудааст. Ба татбиқи “Протоколи миллӣ оид ба идоракунии ҳамаҷонибаи камғизоии шадид” (IMAM protocol) барои тавсеаи дастрасии кӯдакони дучори камғизоии шадид ба табобати он ва ниҳоят барои дар оянда коҳиш додани миқёси лоғарӣ диққати асосӣ дода шуд. Ҳамкории мазкур сабаби фаъолият дар самти таҳкими иқтидори шарикон дар саросари кишвар гардид. 

ЮНИСЕФ дар якҷоягӣ бо дигар шарикони рушд дастрасии витамини А, туршии оҳан-фолӣ, манбаъҳои обпошӣ ва ғизои табобатиро дар муассисаҳои тиббӣ таъмин менамоянд. 

Барои таҳкими дастовардҳо дар самти таъмини йодноккунии умумии намак дар Тоҷикистон ва ҳали мушкилот, аз ҷумла йодноккунии нокифояи намак, ЮНИСЕФ ба ҳукумат дар бунёди механизми самараноки назорат ва таъмини роҳандозии он кӯмак намуд. Илова бар ин, бо дастгирии ЮНИСЕФ муассисаҳои назорати давлатӣ дар эҷоди низоми ҷиддии назорати дохилӣ ва таъмини сифат, инчунин барои татбиқи аудити берунаи ин низом ба истеҳсолкунандагони асосии намак кӯмак расониданд.  

Барои эҷоди арзиш атрофи “1000 рӯзҳои аввали ҳаёти кӯдак” ва оқибатҳои даррозмуддати он дар тамоми давраи ҳаёти кӯдак, ЮНИСЕФ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар таҳияи “Стратегияи миллӣ ва нақшаи иртибот барои 1000 рӯзҳои тиллоии ҳаёти кӯдак” дастгирӣ менамояд. Интизор меравад, ки кумитаи идоракунанда раванди мазкурро роҳбарӣ намуда, барои гузоштани саҳми бисёрсоҳавӣ ва ҷалби ҷонибҳои манфиатдор муносидат хоҳад намуд. Стратегия ва нақшаи иртиботӣ барои иртиботи муносиб ба синну сол ва тамаркуз ба амалҳои мушаххас барои тағйири муносибат, эҷоди талабот, назорати рафтор ва одатҳои оилаҳо ва парасторон, инчунин ғизодиҳӣ ба онҳо ҳамчун роҳнамо хоҳад буд.

Татбиқи стратегияи “1000 рӯзҳои тиллоӣ” барои мусоидат намудан ба нигоҳубини парасторона ва одатҳои муносиби ғизодиҳӣ ба навзодон ва кӯдакони хурдсол ҳамчун ҷузъиёти асосии рушди барвақтии кӯдакон нуқтаи ибтидоиро таъмин менамояд.