Фарзандони муҳоҷирон
Фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ, ки онҳоро ба хешвандон ё дар муассисаҳои махсус гузоштаанд, ба муносибати бад ва зӯроварӣ бениҳоят осебпазир мебошанд
Мушкилот
Дар пасманзари афзоиши сатҳи камбизоатӣ, ки сабабгори муҳоҷирати меҳнатии дохилӣ ва хориҷӣ мебошад, шумораи кӯдакони тарккардашуда афзоиш меёбад. Тақрибан аз 800,000 то 1,000,000 шаҳрвандони Тоҷикистон (то 20% қувваи корӣ) ба муҳоҷират аз кишвар берун рафтаанд.
58% занҳои муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ фарзандони то 16 солаи худро дар ватан тарк намудаанд.
Аз байни 100,000 кӯдакон дар кишвар ҳар сол тақрибан 160 нафар аз нигоҳубини волидон маҳрум мешаванд, ки дар аксар ҳолатҳо ин бо муҳоҷират алоқаманданд. Кӯдакон бештари вақт бо хешовандон, дар бисёр ҳолатҳо бо бобо ва бибӣ гузошта мешаванд. Барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти ин кӯдакони рӯ ба инкишоф ба хешовандон зарур меояд, ки аксари онҳоро ба муасссисаҳои будубоши доимӣ фиристанд.
Кӯдаконе, ки беназорат гузошта шудаанд ва ҷабрдидаи муҳоҷират мебошанд, дар дастрасӣ ба хизматрасониҳои асосӣ ба мисли тандурустӣ ва таҳсил бо мушкилоти бештар дучор мешаванд. Бо вуҷуди он, ки даромади хонаводаҳои муҳоҷирон аз ҳисоби маблағҳои аз хориҷа фиристодашуда бештар мебошад, набудани волидон кӯдаконро водор месозад, ки кори вазнинро иҷро намоянд. Аз ин сабаб кӯдакон аз вақти холӣ маҳрум шуда, ҳатто дар дарсҳои мактаб иштирок намекунанд. Аз 40 то 62% интиқоли маблағҳо барои тандурустӣ хароҷот мешаванд. Илова бар ин, 65% оилаҳои тарккардашуда дар дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ бо душвории зиёд рӯ ба рӯ мешаванд.
Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки 78% оилаҳои аз муҳоҷират ҷабрдида даромади кофӣ барои хароҷоти рӯзғор надоранд ва барои 93% онҳо талабот ба ғизо қонеънашуда боқӣ мемонад.
Кӯдакони зери таъсири муҳоҷират аксар вақт дар ҳолати осебпазир қарор гирифта, ба дастгирии муносиби равонӣ-иҷтимоӣ ё ба хизматрасониҳои босифат дастрасӣ надоранд. Вақте, волидон ба муҳоҷират мераванд, 85% кӯдакон нороҳатии шадид ва 27.7% ноумедиро эҳсос менамоянд.
Роҳи ҳал
Барои дар асоси “Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак” пеш бурдани равиши бидуни табъиз нисбати ҳуқуқҳои кӯдак ва таъмини тамаркуз будани принсипҳои ғайритабъиз ва таъмини беҳтари манфиатҳои кӯдакон дар барномаҳои ЮНИСЕФ имкониятҳои нодир дорад. Кӯдаконе, ки дар оилаҳои муҳоҷирон мондаанд, яке аз гуруҳҳои афзалиятноки асосӣ мебошанд.
ЮНИСЕФ барои таҳкими низомҳои миллии муайянкунии кӯдакони зери таъсири муҳоҷират ва тавсеаи дастрасии онҳо ба ҳифз ва дигар хизматрасониҳои иҷтимоӣ фаъолият менамояд.
Барои таъмини расонидани кӯмак ба оилаҳои таркшуда ташкилот бо шарикони давлатӣ ҳамкорӣ менамояд. Хусусан бо Раёсати ҳифзи иҷтимоӣ, ки масъули расонидани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ мебошад.
Моҳи сентябри соли 2017 Ҳукумати Тоҷикистон гузориши даврии муттаҳидшударо оид ба татбиқи “Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак” бомуваффақият муаррифӣ намуд. Бо дарназардошти афзоиши назарраси шумораи кӯдакони то 5 сола, ки шаҳодатномаи таваллуд надоранд, Кумита ҳадафи 16.9 “Ҳадафҳои рушди усутуворро” ба Тоҷикистон хотиррасон намуд. Ҳадафи мазкур ба таъмини шахсияти ҳуқуқӣ барои ҳамагон бахшида шудааст. Дар баробари ин аз кишвар устуворона даъват намуд, ки дар самти дастрасӣ ба бақайдгирӣ тавассути шӯъбаҳои сайёри сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ, суръат бахшидан ба муҳлати коркард, бартараф намудани тамоми хароҷотҳои иловагӣ, содда намудани талаботҳо барои ҳуҷҷатҳо ва ҳавасманд намудани ҳисоботдиҳӣ оид ба таваллудҳо дар хона талошҳо идома дода шавад.
Дар самти дастгирии ҳалли масъалаи бешаҳрвандӣ ЮНИСЕФ дар якҷоягӣ бо шарикони худ фаъолият менамояд.
Дар доираи талошҳои минтақавӣ, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешаванд, айни замон ЮНИСЕФ дар самти таҳкими иқтидори муассисаҳои давлатӣ ва субъектҳои ғайридавлатӣ амал менамояд ва ҳадафи он таъмини риояи ҳуқуқҳои кӯдакони аз муҳоҷират ҷабрдида мебошад.