Ҷавонон дар Тоҷикистон назари худро оид ба ҳуқуқи кӯдакон ва зеҳни сунъӣ баён карданд

23 Ноябр 2026
Children going through AI tasks during AI Manifesto meeting
UNICEF/Tajikistan/Manucher Ruziev

ДУШАНБЕ, 21 ноябри соли 2026 – Зеҳни сунъӣ аллакай ба тарзи омӯзиш, бозӣ, муошират ва дастрасии кӯдакон ба иттилоот таъсир мерасонад. Бо вуҷуди ин, аз кӯдакон хеле кам мепурсанд, ки зеҳни сунъӣ чӣ гуна бояд тарҳрезӣ, танзим ва истифода шавад, ҳарчанд таъсири он ба ҳаёт ва ояндаи онҳо торафт бештар мегардад.

21 ноябр ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон намояндагони ҷавонро ҷамъ овард, то андешаҳои онҳоро дар бораи имкониятҳо ва мушкилоти марбут ба зеҳни сунъӣ ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ бишнавад.

Иштирокчиёни ҷавон таҷриба, нигарониҳо ва интизориҳои худро оид ба он, ки зеҳни сунъӣ чӣ гуна бояд бо риоя ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон рушд кунад, баён намуданд. Андешаҳои онҳо дар таҳияи Манифести кӯдакон оид ба ҳуқуқи кӯдак ва зеҳни сунъӣ саҳм хоҳанд гузошт. Ин ташаббус ба он равона шудааст, ки садои кӯдакон дар маркази муколамаи ҷаҳонӣ оид ба зеҳни сунъӣ қарор гирад.

Манифест афзалиятҳо ва интизориҳои кӯдаконро нисбат ба ҳукуматҳо, ширкатҳои технологӣ ва дигар шахсони тасмимгиранда муттаҳид намуда, ба он мусоидат мекунад, ки бо рушди минбаъдаи технологияҳои зеҳни сунъӣ ҳуқуқ ва манфиатҳои беҳтарини кӯдакон ба назар гирифта шаванд.

Бо фароҳам овардани имкониятҳо барои иштироки пурмазмуни кӯдакон ва ҷавонон дар муҳокимаи технологияҳои нав, ЮНИСЕФ талош мекунад, то зеҳни сунъӣ ба таври бехатар, фарогир ва бо дарназардошти ҳуқуқу ниёзҳои ҳар як кӯдак рушд ёбад.

Тамос барои васоити ахбори омма

Далер Додоҷонов
Мутахассис оид ба иртибот
ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Тел: +992939990096
Почтаи электронӣ: [email protected]

Дар бораи ЮНИСЕФ

ЮНИСЕФ дар баъзе гӯшаҳои душвортарини ҷаҳон фаъолият мекунад, то кӯдакони маҳрумтарини ҷаҳонро фаро гирад. Дар зиёда аз 190 кишварҳо ва ҳудудҳо мо ба хотири ҳар кӯдак, дар ҳама ҷо кор мекунам то барои ҳамагон ҷаҳони беҳтарро созмон диҳем.

Барои маълумоти бештар дар бораи ЮНИСЕФ ва кори он барои кӯдакон аз www.unicef.org боздид кунед

ЮНИСЕФ-ро дар Twitter, Facebook, Instagram ва YouTube пайгирӣ кунед.