Беҳтар намудани муҳити мактабҳо
Барои таълими бехатар ва солим дар Тоҷикистон
Ноҳияҳои Варзоб ва Рӯдакӣ, Тоҷикистон – Дар ду мактаби деҳоти Тоҷикистон беҳбудиҳои охирин барои фароҳам овардани муҳити бехатар, солим ва бароҳат барои таҳсили кӯдакон мусоидат мекунанд.
Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Варзоб ва МТМУ №66-и ноҳияи Рӯдакӣ хонандагон ва омӯзгорон солҳои зиёд бо мушкилоти вобаста ба инфрасохтори кӯҳна рӯ ба рӯ буданд. Дар фасли зимистон синфхонаҳо аз сабаби гармнигоҳдории нокифоя ва тирезаҳои фарсуда сард мешуданд, ҳамчунин қатъшавии нерӯи барқ ва набудани ҳавокашии мувофиқ ба бароҳатӣ ва сифати ҳаво таъсир мерасонд. Тавассути ташаббуси пилотие, ки аз ҷониби ЮНИСЕФ Тоҷикистон дар доираи Ташаббуси минтақавии модели бизнес (BMI) роҳандозӣ гардид, дар ин мактабҳо корҳои навсозии мақсаднок анҷом дода шуданд, то бехатарӣ, сарфаи энергия ва шароити умумии таълим беҳтар гардад.
Кӯдакон дар Тоҷикистон торафт бештар ба таъсири тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ мешаванд. Миллионҳо кӯдак бо хатари ҳарорати шадид ва ифлосшавии ҳаво зиндагӣ мекунанд, ки метавонанд ҳам ба саломатӣ ва ҳам ба таҳсили онҳо таъсир расонанд. Бисёре аз биноҳои мактабӣ, махсусан дар деҳот, системаи мувофиқи гармидиҳӣ, ҳавокашӣ ва гарминигоҳдорӣ надоранд. Ин шароит метавонад диққати хонандагонро парешон карда, иштироки пурраи онҳоро дар дарсҳо душвор созад.
Барои посух додан ба ин мушкилот, UNICEF усули «Мактаби комил»-ро дастгирӣ намуд ва аз миёни ҳашт мактаби дорои Эко-клубҳои фаъол ду мактабро интихоб кард. Дар ин мактабҳо аудити энергетикӣ ва санҷиши бехатарӣ гузаронида шуд, то самтҳои афзалиятнок барои беҳбудӣ муайян карда шаванд.
UNICEF/Tajikistan/Manucher Ruziev
UNICEF/Tajikistan/Aziz Akhmedov
«Ҳамчун модар, ман аз ин беҳбудиҳо хеле шодам», — мегӯядРасулова Шамъигул, модаре аз ноҳияи Рӯдакӣ, ки ду фарзандаш дар МТМУ №66 таҳсил мекунанд. «Волидон ва кӯдакон хеле қаноатманданд, зеро дар зимистонҳои сахт синфхонаҳо, махсусан ҳангоми набудани барқ, сард мешуданд. Ҳоло шароит барои таҳсил хеле беҳтар шудааст.»
Беҳбудиҳои амалӣ дар мактабҳо
Дар асоси санҷишҳо як қатор беҳбудиҳои амалӣ барои баланд бардоштани бехатарӣ ва самаранокии энергетикии биноҳои мактабӣ ҷорӣ гардиданд. Барои беҳтар намудани гармнигоҳдорӣ ва кам кардани талафоти гармӣ дар фасли сармо тирезаҳои нави дуқабата насб карда шуданд, ки ба нигоҳ доштани ҳарорати устувортар дар синфхонаҳо мусоидат мекунанд. Системаҳои офтобии мустақил бо батареяҳои захиравӣ насб гардиданд, то ҳатто дар минтақаҳое, ки таъминоти барқ ноустувор аст, равшанӣ таъмин шавад. Илова бар ин, системаҳои равшанидиҳӣ бо чароғҳои каммасрафи LED иваз карда шуданд, ки ҳам биноиши хонандагонро беҳтар намуда, ҳам масрафи энергияро коҳиш медиҳанд.
Сифати ҳавои дохили бино низ тавассути насби системаҳои тозакунии ҳаво беҳтар карда шуд, ки дар синфхонаҳо муҳити солимтар фароҳам овард. Дар МТМУ №3 зинапояҳои нави бехатар ба синфҳои ибтидоӣ ва кӯдакистон сохта шуданд, то хатари ҷисмонӣ коҳиш ёфта, сатҳи умумии бехатарӣ барои хонандагон ва кормандон беҳтар гардад. Ҳамчунин системаҳои барқӣ барои таъмини кори бехатар ва устувори инфрасохтори навсозишуда мутобиқ карда шуданд. Дар маҷмӯъ ин беҳбудиҳо барои кӯдакон муҳити таълимии бароҳат, бехатар ва боэътимод фароҳам меоранд.
Барои оилаҳо ва омӯзгорон низ ин тағйирот аҳамияти бузург доранд
Омӯзгорон ва роҳбарони мактаб мегӯянд, ки ин беҳбудиҳо аллакай натиҷа медиҳанд. «Пештар дар фасли зимистон мо аз сабаби норасоии барқ ва тирезаҳои кӯҳнаву фарсуда бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мешудем», - мегӯяд Сатторзода Сунатулло Низомӣ, директори МТМУ №3-и ноҳияи Варзоб, деҳаи Хушёрӣ.
«Инчунин барои бехатар ба кӯдакистон ва майдони футбол рафтани кӯдакон ва омӯзгорон зинапояи мувофиқ вуҷуд надошт. Ҳоло ҳама чиз нав ва бехатар аст. Муҳити мактаб барои хонандагон ва омӯзгорон ба таври назаррас беҳтар шудааст.»
Омӯзгорон қайд мекунанд, ки хонандагон ҳоло худро бароҳаттар ҳис мекунанд ва метавонанд ба дарсҳо диққати бештар диҳанд. «Ҳоло хонандагон, махсусан дар рӯзҳои сард, худро хеле бароҳат ҳис мекунанд», - мегӯяд яке аз омӯзгорон. «Барои онҳо ба дарсҳо диққат кардан ва иштироки фаъолона доштан осонтар шудааст.»
Намуна барои мактабҳои мутобиқ ба иқлим
Бо вуҷуди он ки ин навсозӣ бевосита ба тақрибан 2 000 хонанда ва омӯзгор дар ду мактаби озмоишӣ манфиат меорад, аҳамияти он аз доираи ин мактабҳо бештар аст. Ин ташаббус ҳамчун намунаи амалӣ барои беҳтар намудани инфрасохтори мактабҳо дар саросари Тоҷикистон хизмат мекунад, зеро бисёре аз муассисаҳои таълимӣ бо мушкилоти шабеҳи вобаста ба иқлим ва фарсудашавии биноҳо рӯ ба рӯ мебошанд.
Таҷрибаи ноҳияҳои Варзоб ва Рӯдакӣ нишон медиҳад, ки чӣ гуна сармоягузориҳои мақсаднок ва мутобиқ ба иқлим метавонанд шароити таълимро беҳтар намуда, ҳамзамон устуворӣ ба хатарҳои муҳити зистро тақвият бахшанд. Мушоҳидаҳои аввалин нишон медиҳанд, ки гарминигоҳдории беҳтар, ҳавои тоза ва системаҳои боэътимоди энергия на танҳо бароҳатиро зиёд мекунанд, балки иштироки хонандагонро беҳтар намуда, халалдоршавии дарсҳоро дар фасли зимистон коҳиш медиҳанд.
Таҷриба ва сабақҳои андӯхташуда, аз ҷумла қарорҳои техникӣ, баррасии хароҷот ва фикру мулоҳизаҳои истифодабарандагон, ба таҳияи стандартҳои миллӣ ва равишҳои миқёспазир барои навсозии мактабҳо мусоидат хоҳанд кард. Бо ин роҳ, ташаббуси озмоишӣ ба талошҳои дарозмуддат ҷиҳати таъмини он мусоидат мекунад, ки мактабҳо дар саросари кишвар бехатартар, каммасрафтар ва ба шароити тағйирёбандаи иқлим беҳтар мутобиқ гарданд.
Пайвастагии мактабҳо, иқлим ва ояндаи кӯдакон
Ин ташаббус инчунин ба талошҳои васеътар барои тақвияти муқовимати Тоҷикистон ба тағйирёбии иқлим, аз ҷумла ҳамгиро намудани устувории иқлимӣ ба системаҳои маориф ва инфрасохтор мусоидат мекунад. Бо нишон додани ҳалли амалии масъалаҳо дар сатҳи мактаб ЮНИСЕФ шарикони миллиро барои таҳияи моделҳои васеъшаванда дастгирӣ мекунад, ки ҳам кӯдаконро муҳофизат мекунанд ва ҳам сифати таҳсилро беҳтар месозанд.
Дар ҳоле ки ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдакон-ро таҷлил мекунад, таҷрибаи ин мактабҳо бори дигар ёдрас месозад, ки ҳуқуқи кӯдакон бояд дар меҳвари тасмимгирӣ дар соҳаҳои маориф, иқлим ва инфрасохтори ҷамъиятӣ қарор дошта бошад. Ҳар як кӯдак ҳуқуқ дорад дар муҳити бехатар, солим ва мусоид барои рушду камол таҳсил кунад. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ҳифзи ин ҳуқуқ ҳамчунин маънои онро дорад, ки мактабҳо бояд ба таъсири тағйирёбии иқлим устувортар, аз лиҳози истифодаи неру самараноктар ва барои муқовимат ба хатарҳои экологӣ беҳтар омода бошанд. Бо сармоягузорӣ ба роҳҳалҳои амалӣ, ки шароити ҳаррӯзаи таълиму омӯзиши кӯдаконро беҳтар мекунанд, чунин ташаббусҳо ба татбиқи амалии ҳуқуқи кӯдакон мусоидат намуда, дар ҳаёти онҳо тағйироти воқеӣ ба вуҷуд меоранд ва барои бунёди ояндаи устувортар барои ҳар як кӯдак саҳм мегузоранд.
Нигоҳ ба оянда
Беҳбудиҳо дар ин ду мактаб нишон медиҳанд, ки чӣ гуна ҳатто дахолатҳои нисбатан мақсаднок метавонанд дар таҷрибаи ҳаррӯзаи таҳсили кӯдакон тағйироти назаррас ба вуҷуд оранд. Бо таъсири тағйирёбии иқлимро пурра идора кардани Тоҷикистон фароҳам овардани муҳити бехатар, устувор ва дастгиркунанда дар мактабҳо барои таъмини имконияти таҳсил ва рушд барои ҳар як кӯдак аҳамияти калидӣ хоҳад дошт.