Омӯзиш барои оянда

Китобҳои нави дарсӣ ба хонандагони Тоҷикистон дар рушди малакаҳои зарурии ҳаёт кӯмак мерасонанд

Далер Додоҷонов
CBE
UNICEF/Tajikistan/Kumushoy Murtazakulova
21 Май 2026

Душанбе, Тоҷикистон  – Дар синфхонаҳои саросари Тоҷикистон раванди омӯзиш тадриҷан тағйир меёбад. Масъалаҳои математикӣ бештар ба ҳолатҳои воқеии зиндагӣ пайваст мешаванд, дарсҳои забони тоҷикӣ интерактивӣ мегарданд ва хонандагон бо маводҳое кор мекунанд, ки ба рушди тафаккури интиқодӣ, эҷодкорӣ ва малакаҳои ҳалли мушкилот мусоидат менамоянд.

Ин тағйирот қисми талошҳои васеътари миллӣ барои навсозии низоми маориф ва беҳтар омода намудани кӯдакон ба талаботи ҷаҳони босуръат тағйирёбанда ва бозори меҳнат мебошанд. Барои дастгирии ин раванд, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки Исломии Рушд ва бо дастгирии ЮНИСЕФ, таҳияи насли нави маводҳои таълимию методиро барои хонандагони синфҳои 6–9 аз фанҳои математика ва забони тоҷикӣ роҳандозӣ намудааст. Ин ташаббус аз ҷониби Бонки Исломии Рушд маблағгузорӣ шуда, ҳамзамон бо дастгирии техникӣ ва таҳкими низоми маориф аз ҷониби ЮНИСЕФ ва мутобиқ ба афзалиятҳои соҳаи маориф, ки аз ҷониби Шарикии Глобалӣ барои Маориф (GPE) дастгирӣ мешаванд, амалӣ мегардад.

Баръакси китобҳои дарсии қаблӣ, маводҳои нав ба истифодаи амалии дониш диққати бештар медиҳанд. Дарсҳо машқҳои интерактивӣ, тасвирҳои аёнӣ, супоришҳои таҳлилӣ ва ҳолатҳои воқеии зиндагиро дар бар мегиранд, ки ба хонандагон барои дарк намудани аҳамияти донишҳои омӯхташаванда кӯмак мерасонанд.

Барои Руқния, хонандаи синфи 6-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и шаҳри Душанбе, ин тағйирот равшан эҳсос мешавад.

«Китоб ва дафтари кории нави математика ба ман нисбат ба китоби пешина бештар писанд аст, — мегӯяд ӯ, — Дар он расмҳои ҷолибе ҳастанд, ки фаҳмидани мисолҳо ва масъалаҳоро осон мекунанд. Бо ин китоб мо осонтар меомӯзем ва шаклҳои нави геометриро кашф мекунем. Супоришҳо ба ҳаёти ҳаррӯзаи мо вобастаанд, ки ин ба мо кӯмак мекунад роҳҳои ҳалро бо дарки бештар ва боварии зиёдтар пайдо намоем».
 

CBE

UNICEF/Tajikistan/Kumushoy Murtazakulova

CBE

UNICEF/Tajikistan/Kumushoy Murtazakulova

Таҷрибаи ӯ нишон медиҳад, ки низоми омӯзиш ба самти омӯзиши ба хонанда нигаронидашуда ҳаракат мекунад, ки дар он кӯдакон на танҳо маълумотро аз худ менамоянд, балки мустақилона фикр кардан ва дониши андӯхташударо дар ҳаёти воқеӣ истифода бурданро меомӯзанд. Таҳияи маводҳои нави таълимӣ доираи васеи ҷонибҳо, аз ҷумла,  омӯзгорон, мутахассисони барномаҳои таълимӣ, муассисаҳои илмӣ ва коршиносони байналмилалиро муттаҳид намуд. 

Маводҳои синфи 6 аз фанҳои математика ва забони тоҷикӣ марҳилаҳои таҳия, баррасии институтсионалӣ ва тарҳрезии ниҳоиро гузаштанд. Барои баланд бардоштани сифати маводҳо, ба раванди баррасӣ Академияи миллии илмҳо ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон низ ҷалб гардиданд. Саҳми онҳо барои мутобиқати беҳтар ба стандартҳои миллӣ, дақиқии техникӣ ва аҳамияти педагогӣ мусоидат намуд.

Ҳамзамон, маводҳои синфи 7 дар 30 муассисаи таълимии кишвар мавриди санҷиши озмоишӣ қарор гирифтанд. Гурӯҳҳои муштараки коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ дарсҳоро мушоҳида намуда, бо омӯзгорон ва хонандагон суҳбат карданд ва самаранокии маводҳоро дар амал санҷиданд.

CBE
UNICEF/Tajikistan/Kumushoy Murtazakulova

Омӯзгороне, ки дар марҳилаи озмоишӣ иштирок доранд, қайд мекунанд, ки маводҳои нав барои хонандагон фаҳмотар, ҷолибтар ва ба талаботи омӯзиши муосир бештар мутобиқ мебошанд.

Муҳимтар аз ҳама, маводҳо машғулиятҳои таҳлилиро дар анҷоми ҳар як бахш дар бар мегиранд. Ин машғулиятҳо хонандагонро водор месозанд, ки дар бораи он чӣ омӯхтанд, чӣ гуна омӯхтанд ва чӣ гуна метавонанд ин донишро берун аз синф истифода баранд, андеша намоянд, ки малакаи муҳим барои омӯзиши якумрӣ мебошад.

Фикру мулоҳизаҳои муассисаҳои пилотӣ ҳоло барои такмил ва омода намудани маводҳо ба чоп ва ҷорӣ намудани онҳо дар саросари кишвар истифода мешаванд. Ин ташаббус қадами муҳим дар роҳи баланд бардоштани сифати таҳсилот ва мутобиқати он ба талаботи замон дар Тоҷикистон мебошад.

CBE
UNICEF/Tajikistan/Kumushoy Murtazakulova

Барои ЮНИСЕФ ин фаъолият қисми уҳдадории васеътар ҷиҳати таъмини дастрасии ҳар як кӯдак ба таҳсилоти босифат ва фарогир мебошад. Таҳсилоте, ки ба дастовардҳои академии бештар мусоидат мекунад ва кӯдаконро бо боварӣ, мутобиқшавӣ ва малакаҳои зарурӣ барои оянда таъмин менамояд.

Тавассути чунин шарикиҳои устувор, аз ҷумла дастгирии молиявии Бонки Исломии Рушд ва мутобиқсозӣ бо афзалиятҳои низоми маориф, ки аз ҷониби Шарикии Глобалӣ барои Маориф дастгирӣ мешаванд, Тоҷикистон ба низоми маорифе наздиктар мешавад, ки дар он ҳар як кӯдак метавонад муваффақ гардад.