
Баргардонидани шодӣ аз таҳсил дар мактаб ба кӯдакон дар Тоҷикистон
Тавассути барқарор намудани иншооти таълимӣ, обтаъминкунӣ, санитария ва беҳдошт ЮНИСЕФ фазои бехатар ва фарогири таълимиро барои кӯдакон дар Тоҷикистон таъмин менамояд, аз ҷумла барои кӯдакони паноҳандагони аз Афғонистон.
«Дар Афғонистон волидони ман танҳо то синфи 4 таҳсил намуданд. Вақте, ки мо ба Тоҷикистон омадем, волидонам тамоми кӯшишро ба харҷ доданд, ки ман ва бародарону апаҳоям аз таҳсил дур намонем.»
Савсан Шералии 14 сола аст ва дар мактаби № 3 шаҳри Ваҳдат таҳсил менамояд. Мисли дигар оилаҳои аз Афғонистон, оилаи Савсан якчанд сол пеш барои ҷустуҷӯӣ муҳити бехатари зиндагӣ ба Тоҷикистон кӯчида, дар шаҳри Ваҳдат маскан гирифтааст. Онҷо ӯ бо панҷ нафар бародарону апаҳои худ дар мактаб номнавис шуданд, то ин ки дар якҷоягӣ бо ҳамсолони тоҷикистонии худ таҳсил намоянд.
Айни замон Савсан дар мактаби № 3 дар синфи 8 таҳсил менамоянд, ва мегӯяд, ки дар соли хониши гузашта дар мактаб муҳит ва шароити комилан дигар буд, ва на об ва на гармӣ дастрас буданд.
«Дар оянда мехоҳам духтур шавам ва волидонам комилан ҷонибдори ин фикрам ҳастанд. Умедворам ба донишгоҳ дохил шуда, илми тибро аз худ намоям.»

Фазоҳои бехатар ва фарогир барои сифати таҳсил аҳамияти баланд доранд
Мактаби № 3 дар шаҳри Ваҳдат яке аз мактабҳои камшумори Тоҷикистон аст, ки дар он фарзандони паноҳандагони аз Афғонистон таҳсил менамоянд. Аз байни 2,500 хонандагон, зиёда аз 500 нафари онҳо аз ҷумлаи паноҳандагон мебошанд. Мисли дигар мактабҳои Тоҷикистон, мактаби рақами 3 қаблан ба об ва ҷойҳои дастшӯӣ дастрасӣ надошт. Мактаби мазкур ба талаботи асосии WASH (обтаъминкунӣ, санитария ва беҳдошт), ва синфхонаҳои он ба стандартҳои таҳсилоти бехатар ҷавобгӯ набуданд. Бинои таълимӣ куҳна буд ва аз давраи сохтмон дар асри 20 таъмир нашуда буд.
«Дар Тоҷикистон ҳамасола 25 дарсади кӯдакон мактабро тарк менамоянд. Ин ҳолат аз омилҳои муайян, аз ҷумла шароити WASH вобастагӣ дорад,» - мегуяд Рауф Юлдашев, муҳандиси WASH дар ЮНИСЕФ Тоҷикистон.
Вақте, ки соли 2021 Толибон қудратро дар Афғонистон ғасб намуданд, аксари оилаҳо ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон фирор намуданд. Маҳз ҳамон вақт ҳукумати Тоҷикистон арзёбии фаврии эҳтиёҷотро роҳандозӣ намуд. Ҳадафи он аз муайян намудани камбудиҳо дар хизматрасониҳои мавҷуда, инчунин таҳияи чораҳо барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти паноҳандагони мавҷуда ва оянда, аз ҷумла эҳтиёҷот ба муассисаҳои таълимии бехатар, иборат буд.
Мактаби нав – оғози нав
Ҳурмат Душанбиев, мутахассиси шуъбаи маориф дар ЮНИСЕФ Тоҷикистон мегӯяд, ки дар оғози соли 2022, бо дархости Ҳукумати Тоҷикистон ва дар чорчӯбаи омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда, ЮНИСЕФ бо дастгирии молиявии «Бюрои аҳолӣ, паноҳандагон ва муҳоҷирати» Департаменти давлатии ИМА барқарорсозии пурраи синфхонаҳо ва иншоотҳои WASH-ро дар мактаби рақами 3 оғоз намуд. Ҳадафи тадбирҳои мазкур омодагӣ ба қабули хонандагон дар соли таҳсили нав буд.
Имрӯз мо барои мушоҳидаи бинои пурра барқароршудаи мактаб, таъмини дастрасӣ ба об, таъмири синфхонаҳо ва дастрасии ҳоҷатхонаҳо ҳам дар дохил ва ҳам дар беруни биноҳо ҳузур дорем.

Рухмина Саидоваи 15 сола аст ва дар синфи 9 таҳсил мекунад. Ӯ ба наздикӣ аз дигар мактаби маҳаллӣ ба мактаби № 3 гузаштааст.
Аз рӯи гуфтаҳои Рухмина тафовут дар шароити таҳсил байни мактабҳо калон аст. «Мактаби ҳозираи ман комилан нав аст. Синфхонаҳо, бино, ҳоҷатхонаҳо – ҳама нав. Ин муҳит бароям хело писанд аст! Инчунин, ба ман омӯзгоронам писанд мебошанд.». Дар оянда Рухмина орзу дорад, ки сарнишини ҳавопаймо шавад. Модари ӯ хело мехоҳад орзуи фарзандашро дастгирӣ намояд.
«Модарам мегуяд, ки бо чи коре, ки машғул нашавам, бояд кушиш ба харҷ диҳам ва ба зарфияти худ бирасам.»
Ба сӯи муҳити фарогир ва осоишта барои кӯдакон ва ҷавонон
Дар моҳҳои оянда ЮНИСЕФ дар нақша дорад, ки дастгирии таҳсили кӯдакони аз Афғонистон ва ҷомеаҳои мизбонро, аз ҷумла таҳсилоти барвақтӣ, тавассути тавсеаи дастрасӣ ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи расмӣ ва ғайрирасмӣ маҳз дар ҳамин мактабро идома диҳад. Илова ба ин, барои 11 мактабҳои дигари саросари кишвар, ки дар онҳо кӯдакон аз Афғонистон таҳсил менамоянд, чунин тадбирҳо низ ба нақша гирифта шудаанд.
Инчунин, ЮНИСЕФ таваҷҷуҳро ба баланд бардоштани устувории ҳам ҷавонони аз Афғонистон ва ҳам аз Тоҷикистон ҷиҳати омода намудани онҳо ба ҳаёт дар муҳити боз ҳам таҳаммулпазир, фарогир, осоишта ва бехатар дар ноҳияҳои мақсаднок равона хоҳад кард. Инчунин, омӯзонидани малакаҳо ва салоҳиятҳои муносиб барои рушди пурраи зарфият, то ин ки онҳо тавонанд саҳми худро дар ҳаёти ҷомеаҳо ва кишварҳои мизбон ҳамчун шаҳрвандони масъул ва муассир гузоранд, мавриди диққат қарор доранд.