Иттиҳоди Аврупо ва ЮНИСЕФ дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифати тандурустиро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тақвият медиҳанд

11 Июн 2026
Healthcare
UNICEF/Tajikistan/Manucher Ruziev

Хоруғ/Мурғоб, 8 июни соли 2026 – Намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Артур ван Дизен ва Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Радослав Дарски ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) сафар намуданд, то бо сармоягузориҳои ҷорӣ, ки ба беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифати тиббӣ барои аҳолии минтақаҳои дурдаст равона шудаанд, шинос шаванд.

Дар ҷараёни боздид аз шаҳри Хоруғ ҳайат бо рафти корҳои навсозии шуъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи вилоятӣ шинос шуд. Ин корҳои навсозӣ бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ва дастгирии ЮНИСЕФ амалӣ мегарданд. Лоиҳа шароити хизматрасонии тиббиро ҳам барои беморон ва ҳам барои кормандони соҳаи тандурустӣ ба таври назаррас беҳтар мекунад. Корҳо азнавсозии бинои дуошёнаеро дар бар мегиранд, ки дорои 28 палата, утоқҳои корӣ, ошхонаҳо ва ҷомашӯйхона мебошад, инчунин навсозии васеи инфрасохтори обтаъминкунӣ, санитария ва гигиенаро фаро мегиранд. Пас аз анҷоми корҳо шуъба бо 19 ҳоҷатхона, 52 дастшӯяк, 26 обгармкунак ва низомҳои пурра навшудаи дохилӣ ва берунии обтаъминкунӣ ва корез, ки дар маҷмӯъ зиёда аз 1,5 километрро ташкил медиҳанд, муҷаҳҳаз хоҳад шуд.

«Навсозии муассисаҳои тандурустӣ барои таҳкими низоми тандурустӣ ва таъмини дастрасии одилона ба хизматрасониҳо барои ҳама аҳамияти калидӣ дорад», – гуфт Намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Артур ван Дизен. «Тавассути ҳамкории худ бо Иттиҳоди Аврупо мо ба беҳтар намудани инфрасохтори тандурустӣ ва фароҳам овардани шароити мусоидтар барои пешниҳоди хизматрасониҳои ҳаётан муҳим ба кӯдакон, оилаҳо ва ҷомеаҳо мусоидат менамоем».

Ҳайат инчунин ба ноҳияи Мурғоб сафар намуда, дар маросими ифтитоҳи Маркази саломатии деҳотии азнавсозишуда дар деҳаи Бирдибоев иштирок кард. Ин муассиса ба аҳолии минтақаҳои дурдасти кӯҳистон хизмат расонида, дастрасӣ ба хизматрасониҳои асосии кӯмаки аввалияи тиббию санитариро барои зиёда аз 2 000 нафар сокинони минтақа ба таври назаррас беҳтар менамояд. Пештар сокинони маҳаллӣ барои дастрасӣ ба кӯмаки аввалияи тиббӣ маҷбур буданд масофаҳои тӯлониро дар шароити душвор тай намоянд. Акнун маркази навсозишудаи тиббӣ ба аҳолӣ имконият медиҳад, ки хизматрасониҳои босифати тиббиро дар наздикии маҳалли зисти худ дастрас намоянд.

Ташаббус дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ва Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) амалӣ гардида, уҳдадории муштаракро ҷиҳати пешбурди фарогирии умумии хизматрасониҳои тандурустӣ ва таъмини дастрасӣ ба кӯмаки босифат ва ҳаётан муҳими тиббӣ ҳатто барои сокинони минтақаҳои аз ҳама дурдаст инъикос мекунад.

Дар давоми даҳ соли охир Иттиҳоди Аврупо ба бахши тандурустии Тоҷикистон зиёда аз 60 миллион евро сармоягузорӣ намуда, таҳкими хизматрасониҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, навсозии муассисаҳои тандурустӣ ва баланд бардоштани иқтидори кормандони соҳаи тандурустиро дар саросари кишвар дастгирӣ кардааст.

Ин сармоягузориҳо ба беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои саломатии аҳолӣ, таҳкими устувории низоми тандурустӣ ва таъмини он мусоидат мекунанд, ки ҳеҷ кас, бахусус сокинони минтақаҳои дурдаст ва камхизматрасон, аз мадди назар дур намонанд.

Тамос барои васоити ахбори омма

Далер Додоҷонов
Мутахассис оид ба иртибот
ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Тел: +992939990096
Почтаи электронӣ: [email protected]

Дар бораи ЮНИСЕФ

ЮНИСЕФ дар баъзе гӯшаҳои душвортарини ҷаҳон фаъолият мекунад, то кӯдакони маҳрумтарини ҷаҳонро фаро гирад. Дар зиёда аз 190 кишварҳо ва ҳудудҳо мо ба хотири ҳар кӯдак, дар ҳама ҷо кор мекунам то барои ҳамагон ҷаҳони беҳтарро созмон диҳем.

Барои маълумоти бештар дар бораи ЮНИСЕФ ва кори он барои кӯдакон аз www.unicef.org боздид кунед

ЮНИСЕФ-ро дар TwitterFacebookInstagram ва YouTube пайгирӣ кунед.