ЮНИСЕФ: Афзоиши гармо дар саросари Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҳамасола боиси фавти қариб 400 кӯдак мегардад
Дар ёддошти таҳлилии нав барои муҳофизати кӯдакони хурдсол, ки саломатии онҳо махсусан ба таъсири стресс аз гармӣ осебпазир мебошад, шаш тавсия барои ҳукуматҳо оварда шудааст
ЖЕНЕВА, 24 июли соли 2024 – Мувофиқи таҳлили нави маълумоти аз 23 кишвар, ки имрӯз аз ҷониби ЮНИСЕФ нашр гардид, афзоиши ҳарорат дар саросари Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар соли 2021 боиси марги тақрибан 377 кӯдак гардидааст.
Дар гузориши таҳти унвони “Ғалаба бар гармо: саломатии кӯдакон ҳангоми мавҷҳои гармо дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ“ оварда шудааст, ки нисфи ин кӯдакон дар натиҷаи бемориҳои марбут ба гармо дар соли аввали ҳаёт фавт кардаанд. Аксарияти кӯдакон дар моҳҳои тобистон фавтидаанд.
“Қариб нисфи кӯдакон дар саросари Аврупо ва Осиёи Марказӣ, яъне 92 миллион кӯдак, аллакай дучори басомади баланди мавҷҳои гармо гардидаанд. Дар ин минтақа ҳарорати ҳаво аз ҳама зудтар дар саросари ҷаҳон рӯ ба афзоиш дорад. Болоравии рӯзафзуни ҳарорати ҳаво метавонад пайомадӣ ҷиддӣ барои саломатии кӯдакон, махсусан кӯдакони хурдсол дошта бошад. Ҳатто дар як муддати кӯтоҳ бидуни кӯмаки тиббӣ ин оризаҳо метавонанд ба ҳаёт таҳдид кунанд,” – тазаккур дод Регина Де Доминисис, Директори минтақавии ЮНИСЕФ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ.
Гармӣ ба кӯдакон ҳатто пеш аз таваллуд таъсири шадид мерасонад ва метавонад боиси таваллуди бармаҳал, камвазнӣ ҳангоми таваллуд, мурда таваллуд шудан ва нуқсонҳои модарзодӣ гардад. Стресс аз гармӣ сабаби мустақими фавти навзодон буда, метавонад ба инкишофи онҳо таъсир расонад ва боиси як қатор бемориҳои кӯдакон гардад. Инчунин, дар гузориш оварда шудааст, ки гармии шадид боиси аз даст рафтани зиёда аз 32,000 соли умри солим дар байни кӯдакон ва наврасони солими минтақа гардидааст.
Бо идомаи болоравии ҳарорати ҳаво, ЮНИСЕФ ҳукуматҳои кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказиро барои зерин даъват мекунад:
- Ҳамгироии стратегияҳо ҷиҳати коҳиш додани таъсири мавҷҳои гармо, аз ҷумла тавассути Саҳмҳои муайяншудаи миллӣ (NDC), Нақшаҳои миллии мутобиқшавӣ (NAP), сиёсатҳи бахшида ба идоракунӣ ва коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ, бо диққати асосӣ ба кӯдакон дар ҳамаи нақшаҳо.
- Сармоягузорӣ ба нақшаҳои амали зидди гармо ва кӯмаки аввалияи тиббӣ барои дастгирии муносибтар ба бемориҳои марбут ба гармо дар байни кӯдакон.
- Сармоягузорӣ ба системҳои ҳушдори барвақтӣ, аз ҷумла системаҳои ҳушдор аз гармо
- Мутобиқ кардани муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати коҳиш додани ҳарорати маконҳои бозии кӯдакон ва омӯзонидани малакаҳои вокуниш ба стресс аз гармӣ ба омӯзгорон.
- Мутобиқ кардани тарҳрезии шаҳр ва инфрасохтор, аз ҷумла таъмини муҷаҳҳазгардонии биноҳо барои коҳиш додани гармӣ, махсусан биноҳое ки макони зисти нафарони аз ҳама осебпазир мебошанд.
- Таъмини оби бехатар, махсусан дар шаҳрҳое ки сифат ва дастрасии об бадтар мешавад.
ЮНИСЕФ якҷоя бо ҳукуматҳо, шарикон ва ҷомеаҳо дар саросари минтақа ҷиҳати эҷоди тобоварӣ ба мавҷҳои гармо фаъолият мекунад. Ба ин дохил мешавад омӯзонидани дониш ва малакаҳои вокуниш ба мавҷҳои гармо ба омӯзгорон, кормандони тиббии маҳаллӣ, ва оилаҳо.
###
Барои таҳриргарон
Тахминҳои минтақавӣ дар асоси таҳлили маълумоти «Глобалии сарбории бемориҳо дар соли 2021» таҳия гардидааст, ки маълумоти тозатарини “Institute of Health Metrics” мебошад. Тахминҳои таъсир ба саломатӣ барои пешбинии бемориҳо дар шахсони алоҳида набуда, балки ҳамчун арзёбии беғарази таъсир ба саломатии аҳолӣ пешбинӣ шудааст.
Ченаки “Солҳои умр бо ислоҳ аз рӯи маъюбият (DALYs) таъсири умумии бемориҳо ва ҷароҳатҳоро ба ҳаёти одамон чен мекунад. Ин абзорест, ки барои дарки андозаи таъсири мушкилоти гуногун ба саломатӣ кӯмак мерасонад. Инчунин, барои тасаввуроти беҳтар пайдо кардан дар бораи таъсири бемориҳо ва ҷароҳатҳо ба ҷомеаҳо муфид мебошад. Барои маълумоти бештар:
https://www.who.int/data/gho/indicator-metadata-registry/imr-details/158
Дар бораи таъсирии глобалии мавҷҳои гармо ба кӯдакон инҷо хонед: https://www.unicef.org/reports/coldest-year-rest-of-their-lives-children-heatwaves
Тамос барои васоити ахбори омма
Дар бораи ЮНИСЕФ
ЮНИСЕФ дар баъзе гӯшаҳои душвортарини ҷаҳон фаъолият мекунад, то кӯдакони маҳрумтарини ҷаҳонро фаро гирад. Дар зиёда аз 190 кишварҳо ва ҳудудҳо мо ба хотири ҳар кӯдак, дар ҳама ҷо кор мекунам то барои ҳамагон ҷаҳони беҳтарро созмон диҳем.
Барои маълумоти бештар дар бораи ЮНИСЕФ ва кори он барои кӯдакон аз www.unicef.org боздид кунед
ЮНИСЕФ-ро дар Twitter, Facebook, Instagram ва YouTube пайгирӣ кунед.