Эҷоди имкониятҳо тавассути саводнокии молиявӣ
Чӣ гуна иштирокчиёни YPAG идеяро ба ташаббуси ҷавонон табдил доданд
Якчанд роҳбарони ҷавон, аз ҷумла иштирокчиёни Гурӯҳи машваратии ҷавонони ЮНИСЕФ (YPAG) Шабнам Ҷумаева (18-сола), Мадина Ғуломова (18-сола) ва Насима Саидмуминова (17-сола), бо Мирзо Абдуллоев (18-сола), муассиси "Vanguard Capital League (VCL)", тасмим гирифтан, то саводнокии молиявӣ ва иқтисодиро барои наврасон ва ҷавонон дастрастар гардонанд. Ҳадафи муштараки онҳо оддӣ буд: мусаллаҳ намудани ҷавонон бо донишҳои амалӣ, ки ба онҳо барои қабули қарорҳои огоҳона, баланд бардоштани эътимод ба худ ва васеъ намудани имкониятҳои оянда кӯмак мерасонанд.
Гурӯҳ бар он назар буд, ки ҷавонон бояд на танҳо дар муҳокимаҳои марбут ба тағйирот иштирок намоянд, балки бо такя ба таҷрибаи худ ҳамчун аъзоёни Гурӯҳи машваратии ҷавонон барои пешбурди роҳи ҳалҳо дар ҷомеаҳои худ низ фаъолона саҳм гузоранд. Маҳз ҳамин равиш заминаи рушди ташаббуси мазкур гардид.
Дар марҳилаи аввал гурӯҳ вохӯриҳои ибтидоии омӯзишӣ ва ҷаласаҳои онлайнро ташкил намуда, шаклҳои гуногуни омӯзишро месанҷид ва фикру мулоҳизаҳои иштирокчиёнро ҷамъоварӣ менамуд. Ба зудӣ маълум гардид, ки талабот ба чунин омӯзиш хеле бештар аз интизориҳо будааст. Тавре худи онҳо мегӯянд: «Он чизе, ки ҳамчун чанд ҷаласаи пароканда оғоз ёфт, тадриҷан ба онлайн семинарҳои мунтазам табдил ёфт, ки дар онҳо иштирокчиён асосҳои молия ва иқтисодро ба таври пайваста меомӯхтанд».
UNICEF/Tajikistan/Anusha Ashurova/2026
UNICEF/Tajikistan/Anusha Ashurova/2026
Қадами навбатӣ густариши ташаббус ба платформаҳои офлайнӣ буд. Даста ба ташкили дарсҳо дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои гуногун, аз ҷумла IT-хаби «Freedom Bank», фазои таълимии «Пешрафт» ва «Академияи хурди илмҳо» оғоз намуд. Ҳамзамон ташаббус ба шаҳрҳои дигар низ паҳн гардид. Аз ҷумла, дар шаҳри Хуҷанд самти алоҳидаи барномаҳои ҳузурӣ дар ҳоли рушд қарор дорад.
Бо рушди босуръати ташаббус гурӯҳ дарк кард, ки танҳо формати омӯзишӣ кофӣ нест. Аз ин рӯ, VCL боз як ташаббуси муҳим — аввалин Олимпиадаи иқтисодӣ барои хонандагони мактабҳоро дар таърихи Тоҷикистон роҳандозӣ намуд. Ташкилкунандагони олимпиада Мирзо Абдуллоев ва Шабнам Ҷумаева буданд. Мадина Ғуломова ва Насима Саидмуминова дар омодасозӣ ва ҳамоҳангсозии раванди баргузорӣ саҳми фаъол гузоштанд. Онҳо аз таҷрибаи роҳбарӣ, муошират ва ҳамоҳангсозие истифода бурданд, ки дар ҷараёни амалисозии ташаббусҳои худ ба даст оварда буданд.
Раванди интихоби иштирокчиён хеле рақобатнок буд. Дар маҷмӯъ 107 хонанда барои иштирок дархост пешниҳод намуданд, 92 нафари онҳо марҳилаи мусоҳибаро гузаштанд ва танҳо 12 нафар ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Олимпиада дар шакли гибридӣ баргузор гардид, ки ба иштирокчиён имкон медод новобаста аз ҷойгиршавии худ ҳам онлайн ва ҳам ҳузурӣ иштирок намоянд. Ин на танҳо як озмун, балки изҳороти равшан буд, ки ташаббусҳои таҳти роҳбарии ҷавонон на танҳо имконпазиранд, балки зарурӣ мебошанд ва метавонан муваффақ гарданд.
Дар ҳамин марҳила ташаббус аз як лоиҳаи хурди омӯзишӣ ба ташаббуси васеътари ҷавонон табдил ёфт. Дар муддати нисбатан кӯтоҳ шумораи иштирокчиён аз 2400 нафар гузашт ва VCL ба яке аз бузургтарин платформаҳои ҷавонон оид ба саводнокии молиявӣ дар Тоҷикистон табдил ёфт.
Ташаббус дар сатҳи байналмилалӣ низ густариш ёфт. Имрӯз VCL дар Тоҷикистон, Ҳиндустон, Туркманистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико фаъолият дошта, фаъолияти худро дар Африқо, Осиё, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Амрикои Лотинӣ густариш медиҳад. Ҳадафи дарозмуддати он ташкили шабакаест, ки ҳадди ақал 15 кишварро фаро мегирад.
Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи ташаббус равиши омӯзишии он мебошад. Ба ҷойи диққат додан танҳо ба формулаҳо ва назария барнома ба фаҳмиши рафтор ва раванди қабули қарорҳо диққати махсус медиҳад.
Иштирокчиён рафтори одамонро меомӯзанд, ва дарк мекунанд, ки онҳо чӣ гуна қарорҳои молиявиро дар ҳаёти воқеӣ қабул мекунанд, чаро ҳатто дар ҳолати дастрас будани хизматрасониҳои молиявӣ нобоварӣ метавонад боқӣ монад ва чӣ гуна омилҳои беруна ба одатҳои хароҷот ва рафтори иқтисодӣ таъсир мерасонанд.
Ин равиш арзишҳоеро инъикос мекунад, ки тавассути Гурӯҳи машваратии ҷавонон (YPAG) пешбарӣ мешаванд — пеш аз он ки дар рушди ҷомеа саҳми созанда гузошта шавад, аввал бояд ҷомеа ва одамони он дуруст дарк карда шаванд.
Барои даста, саводнокии молиявӣ танҳо идоракунии маблағ нест. Он имкониятҳои нав, эътимод ба худ ва коҳиши осебпазириро дар бар мегирад. Вақте ҷавонон мефаҳманд, ки чӣ гуна захираҳои худро идора кунанд ва ояндаи худро ба нақша гиранд, онҳо барои пешгирӣ аз хатарҳои молиявӣ ва сохтани роҳҳои устувори рушд барои худ ва ҷомеаҳои худ омодатар мешаванд.
Барои иштирокчиёни Гурӯҳи машваратии ҷавонон, ки дар ин ташаббус фаъолона иштирок доранд, ин кор намунаи воқеии ҷалби пурмазмуни ҷавонон мебошад: ҷавонон мушкилотро муайян мекунанд, роҳҳалҳоро якҷоя таҳия менамоянд ва барои дигарон имкониятҳо фароҳам меоранд, то ҳамроҳи онҳо рушд кунанд.