«Ту охир духтар ҳастӣ-ку»
Чӣ гуна як ҷавондухтари 20-сола дар деҳоти Тоҷикистон маркази забономӯзӣ таъсис дод
Вақте Зебунисо 17-сола буд, дар зодгоҳаш барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ маҳфили омӯзиши забони англисиро таъсис дод. Ӯ мехост, ки кӯдакон забони хориҷиро бо шавқу ҳавас, тавассути машғулиятҳои интерактивӣ, муошират ва машқи амалӣ омӯзанд.
Он вақт ӯ ҳанӯз намедонист, ки ин иқдом барои вай то чӣ андоза муҳим хоҳад шуд. Имрӯз Зебунисо 20-сола аст ва маркази заобомӯзии худро роҳбарӣ мекунад. Дар ин марказ кӯдакон ва наврасон метавонанд забонҳои хориҷиро омӯзанд ва малакаҳои навро аз худ кунанд.
«Ман худам дар яке аз деҳаҳои шимоли Тоҷикистон ба воя расидаам ва медидам, ки чӣ гуна духтарони боистеъдод баъди хатми мактаб таҳсилро идома намедиҳанд. Аксар вақт сабаб дар он буд, ки дар атрофашон нафароне набуданд, ки онҳоро дастгирӣ кунанд. Волидон метавонистанд бигӯянд: “Таҳсил ба духтар лозим нест”. Ман мехостам ба ин духтарон кумак кунам, то роҳи расидан ба имкониятҳои беҳтарро пайдо кунанд», - нақл мекунад ӯ.
Барои Зебунисо маркази омӯзиши забон ба василае табдил ёфт, ки тавассути он метавонад дониши худро бо дигарон мубодила кунад ва ба кӯдакон он чизеро дастрас намояд, ки дар деҳот баъзан камёб аст: имконияти омӯзиш, дастгирӣ ва боварӣ ба қобилиятҳои худ.
Дар оғози роҳ мушкили асосӣ барои ӯ ин буд, ки атрофиёнро бовар кунонад: бо вуҷуди ҳамагӣ 17-сол доштанаш метавонад мустақилона раванди таълимро ба роҳ монда, барои натиҷаҳои хонандагонаш масъулият ба зимма гирад.
UNICEF/Tajikistan/Shukrona Mirzoeva
UNICEF/Tajikistan/Shukrona Mirzoeva
«Одамон ба қобилиятҳои ман шубҳа мекарданд, зеро хеле ҷавон будам. Аммо пас аз соли аввали фаъолият, вақте натиҷаҳои хонандагонро диданд, муносибаташон ба фаъолияти ман тадриҷан тағйир ёфт. Падарам дар ин роҳ маро зиёд дастгирӣ мекарданд», — мегӯяд Зебунисо.
Иштирок дар Гурӯҳи машваратии ҷавонони ЮНИСЕФ (YPAG) низ дар рушди шахсии ӯ нақши муҳим бозид. Зебунисо фаъолияти худро ҳамчун узви гурӯҳ оғоз карда, тадриҷан дар вохӯриҳои машваратӣ ва чорабиниҳои он фаъолтар иштирок намуд ва андешаҳою манфиатҳои духтарони деҳотро намояндагӣ кард. Иштирок дар YPAG ба ӯ кумак кард, ки ба худ эътимоди бештар пайдо кунад, малакаҳои муошираташро тақвият бахшад ва андешаҳои худро ба гурӯҳҳои гуногуни шунавандагон расонад.
Соли 2026 зимни таҷлили Рӯзи байналмилалии духтарон ӯ дар назди намояндагони сохторҳои давлатӣ, бахши хусусӣ ва созмонҳои байналмилалӣ суханронӣ карда, андешаҳои худро оид ба васеъ намудани иштироки духтарони минтақаҳои дурдаст дар қабули қарорҳои ба ҳаёти онҳо дахлдошта ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои онҳо пешниҳод намуд. Имрӯз Зебунисо худаш ҳамчун ментори YPAG фаъолият карда, аъзоёни нави гурӯҳро дастгирӣ менамояд ва ба онҳо дар рушди малакаҳо ва бо боварии бештар баён кардани андешаҳои худ кумак мекунад.
Қиссаи ӯ дар пасманзари мушкилоти васеътар ҷараён мегирад. Тибқи маълумоти Тадқиқоти қувваи корӣ дар соли 2025, дар Тоҷикистон 712 900 нафар ҷавонони синни 15–29-сола бо кор таъмин набуданд, таҳсил намекарданд ва дар омӯзиши касбӣ низ иштирок надоштанд. Ин нишондиҳанда 28,4 фоизи шумораи умумии ҷавонони ин гурӯҳи синнусолиро ташкил медиҳад. Қариб 78 фоизи ин ҷавононро занон ташкил медоданд. Дар байни ҳамаи занони синни 15–29-сола 45 фоиз бо кор таъмин набуданд ва таҳсил намекарданд. Дар паси ин рақамҳо ҳолатҳои гуногун меистанд: дастрасии маҳдуд ба таҳсил ва шуғл, масъулиятҳои оилавӣ, издивоҷи бармаҳал ва интизориҳои ҷомеа. Барои духтарони деҳот интихоби роҳи таҳсил ва касб ҳамчунин метавонад аз он вобаста бошад, ки оё дар атрофашон нафароне ҳастанд ё не, то орзуву талошҳои онҳоро дастгирӣ намоянд.
Рӯзе модаре духтарашро ба марказ овард ва бо Зебунисо дар бораи умедҳояш барои фарзандаш суҳбат кард.
«Ӯ гуфт: “Ман ҳамагӣ як духтар дорам ва мехоҳам, ки ӯ мисли шумо дар ҷомеа фаъол бошад, то ҳам писарам ва ҳам духтарам дар зиндагӣ ба мақсадҳои худ расанд”. Вақте ин суханонро шунидам, фаҳмидам, ки роҳи дурустро интихоб кардаам», — ба ёд меорад Зебунисо.
Барои ӯ натиҷаи омӯзиш ҳамчунин аз тағйироте маълум мешавад, ки дар худи хонандагон ба назар мерасанд. Ба мушоҳидаи ӯ, духтарон ба худ бештар бовар мекунанд, фикру андешаҳои худро озодона баён менамоянд ва дар машғулиятҳо фаъолтар иштирок мекунанд. Таҳсил ба онҳо имкон медиҳад, ки имкониятҳои бештари зиндагиро бинанд ва дар асоси дониш ва малакаҳои худ қарор қабул намоянд.
Ӯ бовар дорад, ки вақте духтар имконияти таҳсил кардан, омӯхтани забонҳо, аз худ намудани малакаҳои касбӣ ва дар оянда соҳиби даромад шуданро пайдо мекунад, дар интихоби роҳи зиндагии худ мустақилияти бештар ба даст меорад.
«Ман мехоҳам, ки духтарон имкони интихоб дошта бошанд»
Ба андешаи Зебунисо, яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи бисёр духтарон қолабҳои шахшудаи ҷомеа мебошанд. Ӯ борҳо ибораи «Ту охир духтар ҳастӣ»-ро ҳамчун шарҳи он шунидааст, ки гӯё як қатор имкониятҳои муайян барои духтарон мувофиқ нестанд.
«Баъзан монеа ҳатто набудани интернет ё компютер нест. Монеа тасаввуроти ҷомеа ва суханонест, ки духтар бо мурури замон ба дурустии онҳо бовар мекунад», — мегӯяд ӯ.
Ба андешаи Зебунисо дастгирии оила аз амалҳои одӣ, вале муҳим оғоз меёбад: ба духтар имконияти таҳсил додан, дастрасии ӯро ба маводи таълимӣ ва интернет таъмин кардан, барои пайдо намудани ментор кумак расондан ва ба ӯ хотиррасон намудан: «Духтарам, ман ба ту бовар дорам ва ҳамеша дар паҳлӯят хоҳам буд».
Зебунисо мехоҳад, ки волидон дар духтарони худ шахсиятҳоеро бинанд, ки қобилият, шавқу рағбат ва ҳадафҳои худро доранд. Ӯ орзу дорад, ки духтарони деҳот низ тавонанд дар бораи касби дӯстдоштаашон орзу кунанд, аз болои худ кор кунанд, таҳсили худро идома диҳанд ва роҳи зиндагии хешро мустақилона интихоб намоянд.
«Ман мехоҳам Тоҷикистонеро бубинам, ки дар он аз духтарони деҳот ба ҷойи саволи “Кай ба шавҳар мебароӣ?” мепурсанд: “Кадом касбро интихоб кардӣ?”»
Барои Зебунисо маркази забономӯзӣ имкониятест, ки ба духтарон он чизеро диҳад, ки баъзан ба онҳо намерасад: боварӣ ба қувваи худ ва ҷуръати бузургтар орзу кардан.
Вақте духтарон ба таҳсил дастрасӣ пайдо мекунанд ва имконият доранд, қобилиятҳои худро рушд диҳанд, аз ин ҳам худи онҳо, ҳам оилаҳояшон ва ҳам ҷомеа дар маҷмӯъ баҳра мебаранд. Фароҳам овардани чунин имкониятҳо масъулияти муштараки волидон, ҷомеаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва давлат мебошад. Ҳар як духтар сазовори имкониятест, ки ба шахсияти орзукардааш табдил ёбад, новобаста аз он ки қиссаи зиндагии ӯ аз куҷо оғоз мешавад.