Аз минтақаи дурдаст то амалҳои ҷаҳонӣ

Роҳи Рукния ҳамчун пешбарандаи ҷавон дар Тоҷикистон

Муаллиф: Ануша Ашурова
Rukhiya
Rukhiya's archive
13 Январ 2026

Дар синни ҳамагӣ 20-солагӣ Рукния Ниёзбекова аллакай худро ҳамчун як лидери ҷавон аз яке аз минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон муаррифӣ намудааст. Ӯ донишҷӯи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ буда, бо садо, малака ва иродаи қавии худ масъалаҳое, ки барои ҷавонон аҳамияти калон доранд, шуруъ аз идоракунии захираҳои обӣ то иқдомҳои иқлимӣ ва ҳуқуқи кӯдаконро ҳимоя мекунад. 

Роҳи Рукния дар самти адвокатсия ва фаъолнокӣ бо як қадами оддӣ оғоз ёфт. Ҳангоми боздид аз сомонаи ЮНИСЕФ ӯ дар бораи Гурӯҳи машваратии ҷавонон (YPAG) эълонеро мушоҳида намуд. «Роҳи ман аз ҳамон лаҳза оғоз шуд, ки ман эълони YPAG-ро дар сомонаи ЮНИСЕФ дидам, дархост гузоштам ва ба ин Гурӯҳ ҳамроҳ шудам», — ба ёд меорад ӯ.

Ҳамроҳ шудан ба YPAG барои Рукния як дунёи навро боз кард. Бори аввал ӯ худро дар миёни ҳамсолоне дид, ки на танҳо мушкилотро баррасӣ мекарданд, балки фаъолона барои ҳалли онҳо талош меварзиданд

«Дар он ҷо ман бо ҷавононе вохӯрдам, ки на танҳо ба гуфтугӯ дар бораи онҳо, балки ба ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ тамаркуз доштанд. Ин таҷриба ба ман нишон дод, ки ҷавонон метавонанд қисми роҳи ҳалли воқеӣ бошанд», — мегӯяд Рукния.

Иштирок дар барномаи YPAG ба як нуқтаи муҳими рушди шахсӣ ва касбии ӯ табдил ёфт. Ӯ аз фаъолият ва масъулияти ҷавонон аз тамоми Тоҷикистон илҳом гирифта, фаъолона дар конфронсҳо, омӯзишҳо ва барномаҳои таълимӣ ширкат варзид. Вай ҳамчунин дар шаклгирии ҷаҳонбиниаш нақши як дӯсти наздики худро, ки дар соҳаи муҳити зист фаъолият мекунад, муҳим мешуморад. «Дидани кори ӯ ба ман нишон дод, ки ҳатто амалҳои хурд метавонанд тағйироти бузург эҷод кунанд», — мегӯяд Рукния. Ин фаҳмиш ӯро водор сохт, ки ҳатто дар рӯ ба рӯи мушкилот фаъол боқӣ монад.

Имрӯз Рукния аъзои  Шабакаи ҷавонон оид ба об ва иқлим буда, ҳамчунин муассиси Клуби рушди устувор дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ мебошад. Соли гузашта бошад, ӯ дар конфронси байналмилалии «Роҳи абрешими дониш», ки аз ҷониби Донишгоҳи Ҳолланду Қазоқистон баргузор шуд, иштирок кард, омӯзиши онлайнии БРСММ (UNDP) оид ба иштироки ҷавонон, сулҳофарӣ ва ҳамбастагии иҷтимоиро хатм намуд ва ба платформаи United People Global ҳамроҳ шуд, ки дар он ҷо аз коршиносони байналмилалӣ ва профессорони сатҳи ҷаҳонӣ дониш гирифт.

Роҳбарӣ ва қобилияти дар гурӯҳ кор кардани ӯ натиҷаҳои воқеӣ овард. Рукния ва дастааш дар Чемпионати кейсҳои Осиёи Марказӣ оид ба зӯроварии рақамӣ дар Қазоқистон ҷойи аввалро ишғол карданд. Ҳамчунин, ӯ дар озмуни эҷодии видео бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон ҷойи сеюмро соҳиб шуда, аз ҳуқуқ ба таҳсил дар доираи Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳимоят намуд.

Ба гузашта назар андохта, Рукния таъкид мекунад, ки рушд якбора ба даст намеояд. 

«Рушди шахсии ман қадам ба қадам сурат гирифт», — мегӯяд ӯ. Тавассути лоиҳаҳои амалӣ ва кори дастаҷамъона ӯ эътимод ба худ, ҳисси масъулият ва малакаҳои суханронӣ дар назди оммаро тақвият дод.

Қиссаи Рукния як принсипи муҳими фаъолияти ЮНИСЕФ-ро инъикос мекунад: ҳеҷ чиз барои ҷавонон бе иштироки худи ҷавонон анҷом дода намешавад. Роҳи ӯ нишон медиҳад, ки бо фароҳам овардани имкониятҳо ва дастгирии дуруст, ҷавонон ҳатто аз минтақаҳои дурдаст метавонанд ғояҳоро ба амал табдил диҳанд, сатҳи огоҳиро баланд бардоранд, ҳамсолони худро дастгирӣ кунанд ва барои ҷомеаҳои худ ва берун аз онҳо тағйироти воқеӣ эҷод намоянд.

Rukhiya and peers
Rukhiya's archive

Идоракунии захираҳои обӣ ба яке аз самтҳои асосии фаъолияти Рукния табдил ёфтааст. Ба воя расидан дар минтақае, ки камбуди об як воқеияти рӯзмарра аст, ба ӯ имкон дод, то аҳамияти амиқи ин масъаларо барои ҷомеаҳо дарк намояд. «Об барои ман муҳим аст, зеро одамон аксар вақт танҳо дар замони камбудӣ арзиши онро дарк мекунанд», — мегӯяд ӯ. Бо вуҷуди захираҳои ғании обии Тоҷикистон идоракунии нодуруст ҳамоно ба саломатӣ, муҳити зист ва ҳаёти ҳаррӯза таъсири манфӣ мерасонад. «Вақте об дуруст идора намешавад, мушкилоти зиёди дигар ба вуҷуд меоянд. Барои ман кор дар самти об маънои ҳифзи одамон, табиат ва, албатта, ояндаро дорад», — мегӯяд Рукния.