Тавонмандсозии ҷавонон тавассути малакаҳои рақамӣ

Оғози лоиҳа доир ба рушди малакаҳои рақамӣ ва шуғл барои қишри осебпазири аҳолӣ дар вилояти Хатлон.

09 Июл 2025
New Project
Madina Nazarova/UNICEF/Tajikistan

Бохтар, 9 июли соли 2025. Имрӯз дар Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Бохтар як ташаббуси нав, ки ба рушди малакаҳои рақамӣ ва имкониятҳои шуғл барои қишри осебпазири аҳолии вилояти Хатлон нигаронида шудааст, расман оғоз гардид. Лоиҳаи «Мусоидат ба рушди малакаҳои рақамӣ ва шуғл барои ҷомеаҳои осебпазир» аз ҷониби Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) - Агентии муҳоҷирати СММ дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ташкилоти ҷамъиятии «Илмхона» ва бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ ва амалӣ карда мешавад.

Ин лоиҳа дар заминаи барномаи ЮНИСЕФ «Аз таҳсил то ба даст овардани даромад», ки дар ҳамкорӣ бо шарикони миллӣ бо мақсади кӯмак ба ҷавонон, бахусус аз минтақаҳои деҳот ва камбизоат, барои аз худ кардани малакаҳои рақамӣ, соҳибкорӣ, ки барои бозори муосири меҳнат заруранд, таҳия шудааст, асос меёбад.

Қаблан ЮНИСЕФ дар саросари кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Бохтар, чаҳор Маркази шуғли фосилавӣ таъсис дода буд. Ин марказҳо ҳамчун фазои фарогире хидмат мекунанд, ки дар он ҷавонон метавонанд ба омӯзиши малакаҳои рақамӣ, мураббигӣ ва имкониятҳои шуғл дастрасӣ пайдо карда, фосилаи байни таҳсилот ва бозори меҳнатро бартараф созанд.

«Оғози лоиҳа аз комёбиҳои мо дар давоми ҳамкорӣ бо бахш ва муассисаҳои гуногун ҷиҳати дар мадди назар қарор додани ҷавонон гувоҳӣ медиҳад», - гуфт Сардори намояндагии ЮНИСЕФ Артур ван Дизен. «Якҷоя мо ояндаи боз ҳам фарогирро бунёд мекунем, ки дар он ҳеҷ як ҷавон аз таваҷҷуҳ дур намемонад».

Айни замон СБМ фаъолияти минбаъда ва тавсеаи маркази дар шаҳри Бохтарро дар доираи талошҳои васеътари худ дар самти таҳкими ҳамгироии иҷтимоӣ ва манбаъҳои устувори даромад дар байни ҷавонон, аз ҷумла муҳоҷирон, баргаштагон, гурезагон ва дигар гуруҳҳои осебпазир дастгирӣ менамояд. Тавассути ба ҷавонон омӯзонидани малакаҳои рақамии серталаб ва васеъ намудани дастрасии онҳо ба кори фосилавӣ, лоиҳа мушкилоти маҳдудияти шуғл дар маҳалро ҳал намуда, ба баланд бардоштани устуворӣ мусоидат мекунад.

Дар доираи ин шарикӣ, СБМ таҷрибаи худро дар соҳаи таъмини воситаҳои зиндагӣ ва фарогирӣ пешниҳод мекунад, дар ҳоле ки ЮНИСЕФ дастгирии татбиқи модели Марказҳои шуғли фосилавӣ (Impact Sourcing Hub) дар сарсоари кишварро идома дода, бо муассисаҳои таълимии касбӣ ва шарикони давлатӣ барои таъмини устуворӣ ва васеъшавӣ ҳамкории зич менамояд.

«Ин лоиҳа нишондиҳандаи уҳдадории мо барои фароҳам овардани роҳҳои амалӣ барои ҷавонон аст, то онҳо малакаҳои дар бозор серталабро рушд диҳанд ва дар ҷомеаҳои худ саҳми арзанда гузоранд», - гуфт Виктор Лутенко, Роҳбари Намояндагии СБМ дар Тоҷикистон. «Тавассути талошҳои муштарак, мо саъй дорем, ки осебпазирии ҷавононро коҳиш диҳем ва ба рушди фарогир мусоидат намоем».

Руйдоди мазкур як марҳилаи муҳим дар ҳамкории байниидоравӣ ба ҳисоб меравад, ки ба омӯзонидани малакаҳои оянда ба ҷавонон, коҳиш додани осебпазирии иҷтимоию иқтисодӣ ва пешбурди рушди фарогир дар саросари Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Тамос барои васоити ахбори омма

Далер Додоҷонов
Мутахассис оид ба иртибот
ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Тел: +992939990096
Почтаи электронӣ: [email protected]

Дар бораи ЮНИСЕФ

ЮНИСЕФ дар баъзе гӯшаҳои душвортарини ҷаҳон фаъолият мекунад, то кӯдакони маҳрумтарини ҷаҳонро фаро гирад. Дар зиёда аз 190 кишварҳо ва ҳудудҳо мо ба хотири ҳар кӯдак, дар ҳама ҷо кор мекунам то барои ҳамагон ҷаҳони беҳтарро созмон диҳем.

Барои маълумоти бештар дар бораи ЮНИСЕФ ва кори он барои кӯдакон аз www.unicef.org боздид кунед

ЮНИСЕФ-ро дар TwitterFacebookInstagram ва YouTube пайгирӣ кунед.