Бонки Алиф ва ЮНИСЕФ барои тавонмандсозии волидайн ва ҷавонон дар Тоҷикистон неруҳои худро муттаҳид мекунанд

17 Ноябр 2025
Signing ceremony
Daler Dodojonov/UNICEF/Tajikistan

Душанбе, Тоҷикистон, 12 ноябри соли 2025. Ҳамкории нав байни Бонки «Алиф» ва Хазинаи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) аз соли 2025 то 2027 дастгирии волидайнро таҳким бахшида, барои ҷавонон дар саросари Тоҷикистон имкониятҳои бештар фароҳам меорад.

Дар асоси Ёддошти тафоҳуми тоза баимзорасида, Боки Алиф ва ЮНИСЕФ уҳдадор мешаванд, ки барои тарғиби усулҳои волидайнии мусбат ва фароҳам овардани дастрасии беҳтари ҷавонон ба малакаҳои рақамӣ, саводи молиявӣ ва омӯзишҳои қобилияти шуғл якҷоя кор кунанд.

«Дар Алиф Бонк мо аз иштирок дар ин шарикӣ хушнуд ҳастем. Якҷо бо ЮНИСЕФ мо ба баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ ва дастгирии волидон таваҷҷуҳ хоҳем кард. Бовар дорам, ки ин танҳо оғози кор аст ва дар доираи ин лоиҳа моро корҳои зиёди дигар интизоранд». Гуланор Атобек, Директори генералӣ Алиф Бонк.

Дар доираи ин ҳамкорӣ, 500–600 волидайн тавассути фаъолиятҳо ва абзорҳои махсус, аз ҷумла ҷорӣ ва паҳн намудани барномаи волидайнии «BEBBO» аз ҷониби ЮНИСЕФ, бо усулҳои замонавии тарбияи фарзанд тавонманд гардонида мешаванд. Ҳадаф дастгирии кормандони Бонки Алиф дар истифодаи усулҳои бо далел асосёфта барои рушд ва некӯаҳволии кӯдакон мебошад.

«Шарикии мазкур танҳо рақамҳо нест, балки умед, шараф ва имконият аст. Мо ба ҷавонон натанҳо орзу карданро меомӯзонем, балки ба онҳо воситаҳои расидан ба орзуҳояшонро низ дастрас мекунем. Ин роҳи сохтани ояндаест, ки дар он ҳар як ҷавони Тоҷикистон метавонад дар пешрафти кишвар саҳм гузошта, аз имкониятҳои он баҳраманд шавад.» — Артур ван Дизен, Намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон

Дар ду соли наздик ин шарикӣ 5 000 ҷавонро бо омӯзонидани малакаҳои рақамӣ ва саводи молиявӣ дастгирӣ мекунад ва 500–1 000 ҷавонро бо имкониятҳои шуғл ва пайвастшавӣ ба бозори меҳнат таъмин менамояд. Бо фароҳам овардани малакаҳо ва роҳҳои амалии шуғл, ташаббуси мазкур мақсад дорад,  ҷавононро барои рушди муваффақ дар бозори меҳнати рақобатпазир омода созад.

Ин ҳамкорӣ таҷриба ва шабакаҳои ҳар ду ҷонибро муттаҳид намуда, барои дастгирии пешрафти миллӣ ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, хусусан дар самтҳои таҳсилоти босифат, саноат ва инноватсия, коҳиши нобаробарӣ ва шарикӣ, дастгирӣ мекунад. Фаъолиятҳои муштарак, ки дар Ёддошти тафоҳум пешбинӣ шудаанд, ба густариши дастрасӣ, баланд бардоштани огоҳӣ ва ҷалби ҳадафмандонаи кӯдакон, ҷавонон ва волидайн равона гардидаанд.

Ин ҳамкорӣ заминаи шарикии амиқтарро мегузорад, то ҳар ду ҷониб дар татбиқи барномаҳое, ки ба ҷомеаҳои саросари Тоҷикистон манфиат меоранд, саҳм гузоранд. 

Тамос барои васоити ахбори омма

Далер Додоҷонов
Мутахассис оид ба иртибот
ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Тел: +992939990096
Почтаи электронӣ: [email protected]

About UNICEF

UNICEF promotes the rights and wellbeing of every child, in everything we do. Together with our partners, we work in 190 countries and territories to translate that commitment into practical action, focusing special effort on reaching the most vulnerable and excluded children, to the benefit of all children, everywhere. UNICEF operates in Tajikistan since 1993. 

To receive more information about UNICEF and our work in Tajikistan, please visit https://www.unicef.org/tajikistan/

Follow UNICEF on FacebookInstagram and Twitter