Иштироки фаъолонаи ҷавонон дар Конференсия Оби Душанбе 2024

Тавонмандсозии пешсафони ҷавон ҷиҳати таъмини дастрасии умумӣ ба об тавассути тасмимгириҳои фарогир, маблағгузориҳои кофӣ, ва роҳҳалҳои асоснок.

10 Июн 2024
people sitting
UNICEF/Tajikistan/2024/M.Ruziev

Душанбе, 10 июни соли 2024 - ЮНИСЕФ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Кумитаи ҳифзи муҳити зист мизбонони “Форуми ҷавонон ва кӯдакон бахшида ба масъалаҳои об ва иқлим” мебошанд. Форуми мазкур бахши “Конференсияи байналмилалии Душанбе бахшида ба об” ва Даҳсолаи амал барои об таҳти унвони “Об барои рушди устувор 2018-2028” мебошад, ки аз 10 то 13 июн дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Ин сеюмин “Форуми ҷавонон ва кӯдакон бахшида ба масъалаҳои об ва иқлим” аст, ки аз ҷониби ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ташкил карда мешавад. Қабл аз ин чунин форум дар соли 2022 баргузоро гардида буд.

Дар “Форуми ҷавонон ва кӯдакон бахшида ба масъалаҳои об ва иқлим” намояндагони ҷавонон ва тасмимгирандагон аз саросари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон ба ҳам омадаанд, то ин ки роҳҳои ҳамкории муштарак ва фарогири байни кишварҳо ва ҷавононро муҳокима карда, ба онҳо афзалият диҳанд. Ҳадафи ин ҳама суръат бахшидан ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори то соли 2030 марбут ба об мебошад. Имсол, барои аввалин бор дар таърихи Тоҷикистон ҷавонони кишварро шабакаи навтаъсиси “Ҷавонон барои об ва иқлим” намояндагӣ мекунанд.

Ҳадафи “Шабакаи ҷавонони Тоҷикистон барои об ва иқлим” баланд бардоштани зарфияти ҷавонон дар ҳалли чолишҳои марбут ба иқлим, тарғибу ташвиқи тадбирҳо дар робита ба об ва иқлим таҳти роҳбарии ҷавонон, инчунин татбиқ ва мониторинги «Нақшаи амали ҷавонони Тоҷикистон барои об ва иқлим» мебошанд.

“Аз номи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Ҳукумати Тоҷикистон ва тамоми шарикони рушд барои ғояҳои олӣ ва иштироки фаъолона дар масъалаҳои марбут ба об ва иқлим мо ба ҷавонон арзи сипос менамоем. Итминон дорем, ки бо шавқу талош ва ғояҳои инноватсионии онҳо дар самти мубориза бо таъсири манфии тағйирёбии иқлим дар кишварамон ва фаротар аз он мо якҷоя фаъолият хоҳем кард.” - гуфт муҳтарам Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад, Раиси кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Намояндагони ҷавонони кишварҳои гуногун ва меҳмонони баландмақом аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ЮНИСЕФ, Шоҳигарии Нидерланд, Иттиҳоди Аврупо, Департаменти федералии корҳои хориҷии Швейтсария, Агентии ИМА барои рушди байналмилалӣ (USAID), UNIFY, дигар коршиносонӣ зарурӣ ва иштирокдорон дар давоми форум барои муҳокимаи масъалаҳои зерин имконият пайдо мекунанд:

  • Баррасии пешрафт дар татбиқи “Нақша ва рӯзномаи глобалии рушди ҷавонон (YDPA)” ва муайян кардани монеаҳо, чолишҳо, имкониятҳо ва роҳҳалҳои асосӣ дар самти ҷалб кардани ҷавонон ба ташаббусҳои марбут ба об ва иқлим. 
  • Арзёбии пешрафти кишварҳои интихобшуда (аз нуқтаи назари ҷавонон) дар иҷрои уҳдадориҳои ихтиёрӣ, ки дар Конференсияи оби СММ дар соли 2023 гирифта шудаанд.
  • Рӯнамоии аввалин “Нақшаи ҷавонон барои об ва иқлим”, ки аз ҷониби “Шабакаи ҷавонони Тоҷикистон барои об ва иқлим” таҳия шудааст.
  • Фароҳам овардани фазо барои навоварон аз саросари ҷаҳон ҷиҳати мубодилаи донишу таҷрибаи онҳо, ки эҳтимолан онҳоро метавон дар дигар кишварҳо санҷида ва паҳн намуд. Инчунин, ба кишварҳо тарғибу ташвиқ намудани эҷоди муҳити мусоид барои навоварӣ.

“Мо ҷавонон ҳамчун аъзои “Шабакаи ҷавонони Тоҷикистон барои об ва иқлим” худро ноумед не, балки тавонманд эҳсос мекунем. Барои мо платформа барои амал, пешбурди дигаргунӣ ва иштирок дар тасмимгириҳои марбут ба иқлим дар кишварамон ва фаротар аз он фароҳам оварда шудааст. Мо эҳсос мекунем, ки садоямон аҳамият дорад.” - гуфт Анис Тоҳиров, Президенти шабакаи ҷавонони Тоҷикистон барои об ва иқлим.

“Гӯш додан ба садои ҷавонон ва додани мақоми марказӣ ба онҳо дар равандҳои марбут ба об ва иқлим барои ба даст овардани устуворӣ дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон муҳим аст. Ман боварии комил дорам, ки бо дастгирӣ ва маблағгузории кофӣҷавонон метавонанд боиси дигаргуниҳои мусбӣ дар маҳал, кишвар ва ҷаҳон гарданд. Барои талошҳои мо дар самти рушд ва расидан ба шашум Ҳадафи рушди устувор онҳо шарикони зарурӣ мебошанд.” - иброз намуд муҳтарам Артур ван Дизен, Сардори намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон.

Тамос барои васоити ахбори омма

Умеда Фозилова
Мутахассис оид ба иртиботи рақамӣ
ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Тел: +992985420050
Почтаи электронӣ: ufazylova@unicef.org

About UNICEF

UNICEF promotes the rights and wellbeing of every child, in everything we do. Together with our partners, we work in 190 countries and territories to translate that commitment into practical action, focusing special effort on reaching the most vulnerable and excluded children, to the benefit of all children, everywhere. UNICEF operates in Tajikistan since 1993. 

To receive more information about UNICEF and our work in Tajikistan, please visit https://www.unicef.org/tajikistan/

Follow UNICEF on FacebookInstagram and Twitter