Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва ЮНИСЕФ нақшаҳои таъмини бехатарии обро бо дарназардошти устуворӣ ба тағйирёбии иқлим барои ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Дӯстӣ муаррифӣ карданд

Арзёбиҳои нав ва нақшаҳои молиявии муфассал роҳҳои таъмини оби ошомидании бехатарро барои беш аз 338 000 нафар, аз ҷумла кӯдакон дар вилояти Хатлон муайян мекунанд.

29 Октябр 2026
Round table on presentation of water assesment
UNICEF/Tajikistan/Shukrona Mirzoeva

Душанбе, 29 октябри соли 2026 - Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон имрӯз дар Душанбе семинари миллӣ баргузор намуданд, ки дар он натиҷаҳои арзёбии осебпазирии низомҳои таъминоти об ва нақшаҳои молиявии муфассали таъмини бехатарии об бо дарназардошти устуворӣ ба тағйирёбии иқлим барои ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Дӯстии вилояти Хатлон муаррифӣ гардиданд.

Дар семинар намояндагони Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо ва корхонаҳои обтаъминкунӣ, инчунин шарикони рушд, аз ҷумла Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) ва Бонки ҷаҳонӣ иштирок намуданд.

Ҳуҷҷатҳои мазкур бо дастгирии техникии ширкати “Risha Solutions” ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» (КВД «ХМК») таҳия шудаанд. Онҳо ба равиши Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) оид ба идоракунии бехатарии оби ошомиданӣ аз манбаъ то нуқтаи истеъмол асос ёфта, тағйирёбии иқлимро ҳамчун омиле ба инобат мегиранд, ки метавонад хатарҳои мавҷударо боз ҳам бештар намояд.

«Оби ошомидании бехатар асоси ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошад. Бори аввал барои ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Дӯстӣ нақшаҳои мушаххас бо ҳисобу китоби хароҷот таҳия шудаанд, ки тартиби идоракунии хатарҳои марбут ба обро аз манбаъ то нуқтаи истеъмол муайян мекунанд. Кумита ин ҳуҷҷатҳоро баррасӣ намуда, ба мақомоти маҳаллӣ ва корхонаҳои обтаъминкунӣ дар қабул ва татбиқи онҳо мусоидат хоҳад кард»  Раҷабалӣ Расулзода, муовини Раиси Кумитаи манзилию коммуналӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Нақшаҳои таъмини бехатарии об натиҷаҳои арзёбиро ба тадбирҳои мушаххасе табдил медиҳанд, ки барои иҷрои онҳо муҳлатҳои муайян пешбинӣ шудаанд. Дар ҳар як нақша масъулияти ҷонибҳо, дастурамалҳои стандартии амалиётӣ барои кормандони корхонаҳои обтаъминкунӣ, нақшаҳои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода, аз ҷумла обхезӣ, мавҷҳои гармӣ, хушксолӣ ва ифлосшавии об, инчунин низоми мониторинг дар ҳамкорӣ бо Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ муайян шудаанд. Илова бар ин, шаклҳои омодаи ҳуҷҷатҳои амалиётӣ барои чоп ва истифода пешбинӣ гардидаанд.

Нақшаҳо инчунин ба ҳар ду ноҳия барои истифода ва нигоҳдории низомҳои нави обтаъминкунӣ омодагӣ мебинанд. Ин низомҳо дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо дастгирии JICA ва дар ноҳияи Дӯстӣ бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ бунёд мешаванд.

«ЮНИСЕФ ҳамоно ба дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ дар таҳкими хизматрасониҳои обтаъминкунии ба тағйирёбии иқлим устувор ва ба ниёзҳои кӯдакон ҳассос содиқ мемонад. Мо барои муттаҳид намудани далелу маълумот, стандартҳо, иқтидори ниҳодҳо ва шарикӣ мусоидат мекунем, то сармоягузориҳо барои кӯдакон ва ҷомеаҳо ба хизматрасониҳои бехатар, боэътимод ва одилона табдил ёбанд». Эри Двиведи, муовини Роҳбари Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон

Рӯзҳои 21–22 октябри соли 2026 дар шаҳри Бохтар 18 мутахассис аз корхонаҳои обтаъминкунӣ, ҷамоатҳо, операторони хусусии обтаъминкунӣ, Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ҳар ду ноҳия дар омӯзиши дурӯза иштирок намуданд. Ҳадафи омӯзиш такмили малакаҳои амалӣ оид ба татбиқи нақшаҳои таъмини бехатарии об буд.

Дар бораи лоиҳа

Арзёбии осебпазирии низомҳои таъминоти об ва нақшаҳои таъмини бехатарии об барои ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Дӯстӣ бо ташаббус ва фармоиши ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон аз ҷониби ширкати “Risha Solutions” дар ҳамкорӣ бо Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва КВД «ХМК» таҳия шудаанд.

Фаъолиятҳои мазкур мутобиқи Дастурамали Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба нақшаҳои таъмини бехатарии об (нашри дуюм) анҷом дода шуда, ба иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини оби ошомиданӣ ва рафъи обҳои партов» оид ба таҳия ва татбиқи чунин нақшаҳо аз ҷониби корхонаҳои обтаъминкунӣ 

Тамос барои васоити ахбори омма

Далер Додоҷонов
Мутахассис оид ба иртибот
ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Тел: +992939990096
Почтаи электронӣ: [email protected]

Дар бораи ЮНИСЕФ

ЮНИСЕФ дар баъзе гӯшаҳои душвортарини ҷаҳон фаъолият мекунад, то кӯдакони маҳрумтарини ҷаҳонро фаро гирад. Дар зиёда аз 190 кишварҳо ва ҳудудҳо мо ба хотири ҳар кӯдак, дар ҳама ҷо кор мекунам то барои ҳамагон ҷаҳони беҳтарро созмон диҳем.

Барои маълумоти бештар дар бораи ЮНИСЕФ ва кори он барои кӯдакон аз www.unicef.org боздид кунед

ЮНИСЕФ-ро дар Twitter, Facebook, Instagram ва YouTube пайгирӣ кунед.