Барқарорсозии ғамхорӣ дар кӯҳистон

Чӣ гуна беморхонаи дурдаст дар Мурғоб низоми тандурустиро барои ҳазорҳо нафар тағйир медиҳад

Далер Додоҷонов
Pediatrician
UNICEF/Tajikistan/Manucher Ruziev
13 Май 2026

Аз Хоруғ дар масофаи шаш соат роҳ, дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб, ки зимистонҳояш тӯлонӣ ва роҳҳояш дур мебошанд, дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифати тиббӣ солҳои зиёд яке аз мушкилоти ҷиддӣ ба ҳисоб мерафт. Барои зиёда аз 17 000 сокини ноҳия, ки беш аз 6 000 нафари онҳо кӯдаконанд, Беморхонаи марказии ноҳия бештар аз як муассисаи тиббӣ, балки такягоҳи ҳаётан муҳим мебошад.

Барои табиби кӯдакон Мамадумаров Самиддин ин беморхона тайи 13 сол ҳам ҷойи кор ҳам мавқеи тағйироти бузург низ шудааст.

Ӯ мегӯяд: «Ман дар ин ҷо 13 сол боз фаъолият мекунам. Пештар дар шуъбаи кӯдакона ҳанӯз ҳам таъмири давраи Шӯравӣ боқӣ монда буд».
 

Инфрасохтори кӯҳна ва дастрасии маҳдуд ба оби бехатар ва шароити санитарӣ расонидани кӯмаки тиббиро хеле душвор мегардонд. Дар саросари Тоҷикистон танҳо 36 фоизи муассисаҳои тиббӣ ба хизматрасониҳои ибтидоии обрасонӣ дастрасӣ доштанд ва танҳо 1 фоиз ба меъёрҳои асосии санитарӣ ҷавобгӯ буданд. Имконияти шустани дастҳо бо собун танҳо дар 12 фоизи муассисаҳо мавҷуд буд, ки ҳам беморон ва ҳам кормандони тибро дар хатари сироят қарор медод.

Аммо имрӯз вазъият дар Мурғоб тамоман дигар аст. 

Children's department
Doctor

Дар доираи Барномаи рушди тандурустӣ, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, ЮНИСЕФ Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Беморхонаи марказии ноҳияи Мурғобро пурра навсозӣ намуд. Шуъбаҳои кӯдакона ва ҷарроҳӣ пурра таъмир гардида, муҳити хизматрасонии тиббӣ ба таври назаррас беҳтар шуд.

Ҳоло ҳар як утоқ бо оби гарм ва обгармкунакҳо таъмин мебошад, ки қаблан барои чунин минтақаи дурдаст ғайриимкон ба назар мерасид. Низомҳои муосири обрасонӣ, санитария ва гигиена барои беморон ва кормандон муҳити бехатартарро таъмин менамоянд. Таҷҳизоти нави тиббӣ ва мебелҳои муосир сифати ташхис ва бароҳатии беморонро беҳтар карданд, ҳамзамон ошхона, ҷомашӯйхона ва бахши безараргардонӣ низ навсозӣ шуда, чораҳои пешгирӣ ва назорати сироятҳоро тақвият бахшиданд

Яке аз муҳимтарин дастовардҳо насби истгоҳи нави истеҳсоли оксиген мебошад, ки ба хизматрасониҳои таъҷилӣ ва бистарӣ таъсири назаррас расонд. Пештар беморхона аз баллонҳои оксиген вобаста буд, ки интиқоли онҳо барои чунин минтақаи кӯҳистонии дурдаст гарон ва ноустувор буд ва баъзан чанд рӯз ба таъхир меафтод. Ҳоло истгоҳ оксигени тиббиро мустақиман дар маҳал истеҳсол намуда, тавассути низоми марказӣ ба беморон мерасонад. Ин имкон медиҳад, ки беморон, бахусус навзодон ва кӯдакони гирифтори бемориҳои роҳи нафас, фавран ба оксиген дастрасӣ дошта бошанд, вақти вокуниш коҳиш ёбад ва ҷони одамон наҷот дода шавад.

Oxygenplant
UNICEF/Tajikistan/Manucher Ruziev
Incinerator
UNICEF/Tajikistan/Manucher Ruziev

Ҳамчунин ҷорӣ гардидани низоми муосири идоракунии партовҳои тиббӣ, аз ҷумла сохтмони иншооти махсус бо инсинератори муосир, аҳамияти калон дорад. Пештар безарар гардонидани партовҳои тиббӣ мушкили ҷиддӣ буд ва барои кормандони тиб, беморон ва ҷомеаи маҳаллӣ хатар эҷод мекард. Имрӯз партовҳо алоҳида ва бехатар нобуд карда мешаванд. Маводҳои хатарнок, аз ҷумла сӯзандоруҳои истифодашуда ва дигар ашёи сироятёфта, ба таври бехатар нест карда мешаванд, ки ҳам одамон ва ҳам муҳити зистро муҳофизат намуда, муҳити тозатару бехатари кориро фароҳам меорад.

Дар Мурғоб натиҷаҳо на танҳо барои табибон, балки барои беморон низ, дар мисоли Мавлуда, ки чанде пеш фарзандашро барои табобат ба беморхона овард, аллакай намоёнанд. 

Ӯ мегӯяд: «Пештар хеле душвор буд. Оби гарм набуд ва шароит барои кӯдакон бароҳат набуд. Ҳоло ҳама чиз тоза, гарм ва бехатар аст. Ман ҳоло бо хотири ҷамъ фарзанди худро ба ин ҷо меорам ва барои ин тағйирот хеле миннатдорам».

handwashing
UNICEF/Tajikistan/Manucher Ruziev

Ин беҳбудиҳо қисми ташаббуси васеътар мебошанд. Дар солҳои 2021–2025 ЮНИСЕФ Тоҷикистон бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо барномаи 30 миллион еврогиро амалӣ намуд, ки аз он 10,4 миллион евро барои беҳтар намудани хизматрасониҳои обрасонӣ, санитария ва гигиена дар 37 муассисаи сатҳи дуюм ва 1 500 муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ равона гардид. Дар натиҷа, 1,8 миллион нафар, ки қариб нисфи онҳо кӯдаконанд, аз ин хизматрасониҳо баҳра гирифтанд.

Ғайр аз навсозии муассисаи тиббии Мурғоб, ЮНИСЕФ Тоҷикистон инчунин шуъбаҳои бемориҳои сироятии Хоруғ ва Ванҷро азнавсозӣ намуд. Имрӯз ин муассисаҳо бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ барои расонидани хизматрасониҳои босифати тиббӣ таъмин мебошанд.

Барои кормандони тиб, ба монанди доктор Самиддин, ин тағйирот маънои шароити бехатартар ва самараноки кориро дорад. Ӯ мегӯяд: «Кор кардан хеле осонтар шуд».

WASH facilities
UNICEF/Tajikistan/Manucher Ruziev

Барои модароне чун Мавлуда ин тағйирот маънои эҳтиром, эътимод ва ғамхории беҳтар нисбат ба фарзандонашонро дорад. Барои ҷомеаи дурдасти Мурғоб бошад, ин дигаргуниҳои амиқ ва ҳаётан муҳим мебошанд.

Таҷрибаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки беҳтар намудани хизматрасониҳои обрасонӣ, санитария ва гигиена дар муассисаҳои тиббӣ танҳо масъалаи инфрасохтор нест, балки масъалаи одамон, низомҳо ва устуворист. Ин талошҳо барои сохтани ояндае мусоидат мекунанд, ки дар он ҳатто дар минтақаҳои дурдаст оби тоза, санитарияи бехатар ва хизматрасониҳои босифати тиббӣ дигар неъмат не, балки ҳуқуқи асосии ҳар як инсон хоҳанд буд.