Дар Душанбе чорабинии сатҳи баланд бахшида ба мукаммалсозии стандартҳои таъминоти об, санитария ва беҳдошт дар муассисаҳои тандурустӣ баргузор гардид

29 Феврал 2024
Person talking at the table
UNICEF/Tajikistan/2024/M.Ruziev

Душанбе, 28 феврали соли 2024 - Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар тааҳҳудоти доимии худро ба соҳаи тандурустии глобалӣ ва рушди устувор тавассути ташкил намудани чорабинии муҳими сатҳи баланд бахшида ба пешбурди стандартҳои таъминоти об, санитария ва беҳдошт (ТОСБ) дар муассисаҳои тандурустӣ тасдиқ кард. Чорабинии мазкур, ки дар пойтахт - ш. Душанбе баргузор гардид, нақши муҳими Тоҷикистонро дар таблиғу ташвиқи дастрасии ҳамагон ба оби тоза, санитария ва беҳдошт бо таваҷҷӯҳи махсус ба кӯдакон, модарон ва оилаҳо дар Тоҷикистон ифода мекунад.

ТОСБ-и босифат дар муассисаҳои тандурустӣ шарти асосии таъмин намудани сифати нигоҳубин, пешгирӣ ва назорати бемориҳои сироятӣ, коҳиш додани устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ ва таъмин намудани бехатарии хизматрасониҳои тиббӣ ба ҳисоб меравад. Дастрас набудани ҳоҷатхонаи мувофиқ ё хизматрасониҳои асосии таъминоти об дар муассисаҳои тандурустӣ беморон ва кормандони тиббиро таҳти хавф қарор медиҳад. Бинобар ин хизматрасониҳои ТОСБ барои ҳифзи ҳам беморон ва ҳам кормандони тиббӣ беш аз пеш заруранд.

“Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо дастгирии техникии ЮНИСЕФ платформаи ҳамоҳангсозиро оид ба ТОСБ дар муассисаҳои тандурустӣ таъсис дод. Ҳадафи он аз ҳамоҳангсозии талошҳои ҳукумату шарикони рушд, созмонҳою ҷонибҳои манфиатдор барои такмил додани дастрасии ТОСБ дар муассисаҳои тандурустӣ иборат мебошад. Платформаи болозикр ба таҳлил мусоидат намуда, нишондиҳандаҳои заминавиро муқаррар мекунад, лоиҳаҳоро ба нақша гирифта, захираҳоро сафарбар месозад ва имкон медиҳад, то қарорҳои муштарак баҳри ба даст овардани муваффақияти дастаҷамъона қабул карда шаванд”,- Амирзода Абдухолиқ , муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо, Бонки Ҷаҳонӣ, Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмиллалӣ (JICA), Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва ЮНИСЕФ талошҳоро дар атрофи масъалаҳои ТОСБ муттаҳид сохта, тааҳҳудоти худро ба рӯзномаи глобалии таъмини дастрасии баробар ба хизматрасониҳои асосӣ дар муассисаҳои тандурустӣ намоиш доданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои худро дар ин самт ҳатто қабл аз қабул гардидани Қатъномаи муҳими Ассамблеяи байналмилалии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар соли 2019 оғоз намуд, ки мавқеъи онро ҷиҳати афзалиятнок донистани масъалаҳои ТОСБ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар менамояд. Қатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ дар соли 2023 оид ба таъминоти об, санитария, беҳдошт, хизматрасониҳои нобудсозии партовҳо ва таъминоти барқи устувор, бехатар ва дастраси умум дар муассисаҳои тандурустӣ ба таъхирнопазирии доимии андешидани чораҳо дар ин соҳа бори дигар таъкид месозад.

“Бе инфрасохтори мувофиқи таъминоти об ва санитария, беморон, кормандони тиббӣ ва ҷомеаҳо ба хавфи бештари гирифторшавӣ ба бемориҳо дучор мегарданд. Сарфи назар, хизматрасониҳои муносиби ТОСБ танҳо бо беҳдошту бемориҳо маҳдуд нестанд, балки ба шаъну шараф низ дахл доранд. Ҳар як шахс ҳуқуқ ба беҳдошт дорад, тавре ки ҳар як фард ба ҳаёти солим ва шаъну шараф ҳуқуқ дорад",- Марк Бухман, сардори шӯъбаи ҳамкориҳои Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон.

Чорабинӣ дар асоси натиҷаҳои дуюмин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” дар солҳои 2018 - 2028 дар моҳи июни соли 2022 ва Конфронси оби СММ-2023 дар Ню-Йорк ба муаррифӣ ва паҳн намудани стандартҳо ва дастурҳои дақиқ таҳиягардидаи ТОСБ бахшида шудааст, ки баҳри татбиқи ягона дар давраи амали муассисаҳои тандурустӣ, оғоз аз банақшагирӣ ва сохтмон то истифода ва нигоҳдорӣ пешбинӣ шудаанд.

“Ҳифзи кормандони тиббии сафи пеш ва кормандони асосӣ дар муассисаҳои тандурустӣ яке аз сабақҳоеро ташкил медиҳад, ки аз пандемияи COVID-19 ба даст оварда шудаанд. Далелҳое, ки дар натиҷаи таҳлили миллии вазъ ҳосил шудаанд, дар таҳияи минбаъдаи сиёсати ҳукумати Тоҷикистон оид ба ҳифзи кормандони тиббӣ, бахусус дар манотиқи деҳот ҳамчун асос хизмат хоҳанд кард”,- Сейҷу Имай, Сарнамояндаи JICA дар Тоҷикистон.

Ба иштирокчиёни чорабинӣ инчунин бозёфтҳои амиқи таҳлили миллии ҳамаҷонибаи вазъ оид ба арзёбии ТОСБ дар муассисаҳои тандурустӣ ва асосноккунии сармоягузории миллии ТОСБ дар муассисаҳои тандурустӣ пешниҳод гардиданд, ки нақшаи амали стратегиро барои беҳбудиҳои устувор ташкил медиҳанд.

Дар ин мулоқоти муҳим ҳамчунин муҳокимаҳои мавзӯӣ ва ба даст овардани консенсус оиди чораҳои амалӣ, ки ба тезонидани пешрафти марбут ба хизматрасониҳои ТОСБ дар сатҳи кӯмаки аввалия, дуюминдараҷа ва сеюминдараҷаи тиббию санитарӣ нигаронида шудаанд, баррасӣ шуд. Ин талошҳо барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) дар соҳаи ТОСБ ва тандурустӣ нашқи назаррас мебозанд.

“СУТ бо дастгирии JICA арзёбии ҳамаҷонибаи шароити ТОСБ-ро дар муассисаҳои тандурустӣ дар саросари Тоҷикистон анҷом дод. Бозёфтҳо муайян намуданд, ки аз панҷ муассисаи тандурустӣ дар дутоаш ҳоҷатхона  вуҷуд надошта, дар аксарияти муассисаҳо оби тоза ва бехатар дастрас нест. СУТ чун пештара омода аст, ки Тоҷикистонро ҷиҳати такмил додан ва устувор нигоҳ доштани ТОСБ дастгирӣ намуда, ба ин васила бехатарии беморону кормандони тиббиро таъмин созад”, – доктор Виктор Олшавски, Намояндаи СУТ дар Тоҷикистон.

Ин чорабинии сатҳи баланд тааҳҳуди қавии Тоҷикистонро барои баррасии робитаи заминавии таъминоти об, санитария ва саломатӣ дар муассисаҳои тандурустӣ махсус қайд мекунад. Бо муттаҳид сохтани гурӯҳи мухталифи ҷонибҳои манфиатдор ва мусоидат намудан ба мубодилаи амалияҳои пешқадам, Тоҷикистон тезонидани пешрафти назаррас ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои глобалии тандурустӣ ва рушдро мавриди ҳадаф қарор медиҳад.

“Мо дар ЮНИСЕФ итминон дорем, ки талошҳои дастаҷамъона ва ҳамоҳангшудаамон моро водор месозанд, то диди муштараки худро: дастрасии умум ба таъминоти об, санитария ва беҳдошт ва бе дар канор мондани касе, амалӣ созем. Ҳадафи мо аз он иборат  аст, ки тамоми кӯдакон ва модарон, новобаста аз шароити онҳо, дастрасии устувор ба об, санитария ва беҳдошти тобовар ба тағйирёбии иқлим ва бо назардошти ниёзҳои/ҷанбаҳои гендерӣ ва маъюбият на танҳо дар муассисаҳои тандурустӣ, балки дар ҳама ҷо дошта бошанд",- Артур ван Дизен, Намояндаи ЮНИСЕФ дар Точикистон.

Дар чорабинӣ кормандони олимансаби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, JICA, Бонки Ҷаҳонӣ, СУТ ва ЮНИСЕФ, намояндагони сатҳи баланд ва техникии дигар вазоратҳои дахлдор ва шарикони рушд ширкат варзиданд.

Тамос барои васоити ахбори омма

Далер Додоҷонов
Мутахассис оид ба иртибот
ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Тел: +992939990096
Почтаи электронӣ: ddodojonov@unicef.org

Дар бораи ЮНИСЕФ

ЮНИСЕФ дар тамоми фаъолияти худ ҳуқуқ ва некӯаҳволии ҳар як кӯдакро пуштибонӣ мекунад. Дар якҷоягӣ бо шарикон, мо дар 190 кишвар ва минтақаи ҷаҳон барои дар амал татбиқ кардани ин уҳдадорӣ фаъолият менамоем. Дар ин раванд мо диққати махсусро ба кор бо кӯдакони аз ҳама осебпазир ва камбизоат равона карда, ба манфиати ҳамаи кӯдакон новобаста аз маконашон кор мекунем.

Барои маълумоти бештар дар бораи ЮНИСЕФ ва фаъолияти мо дар Тоҷикистон аз FacebookInstagram ва X дидан намоед.