Ҳамкории муштарак барои муҳити зисти тоза
ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ҷавононро барои сафарбар кардани ҳамсолони худ барои ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ дар ҳалли масъалаҳои экологӣ тавонманд месозад.
«Ин воқеа ҳангоми яке аз сафарҳои ман ба кӯҳҳои бошукӯҳи кишвари зебоямон рӯй дод. Вақте ки пас аз гашти дуру дароз хаста шуда, ба мошин баргаштан лозим омад, ман тасмим гирифтам, ки партови боқимондаро ба замин партоям...Ҳамин ки ин корро кардам, чашмонам ба лавҳае афтод, ки дар он "Ташаккур барои тозагии муҳити зист" навишта шуда буд. Ин ибора воқеан ба ман таъсир кард ва ман аз коре, ки навакак кардам, изо кашидам».
Сафиоллоҳ Шарифзода 18-сола буда аз шаҳри Кӯлоб мебошад. Ҳоло донишҷӯи соли аввали факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Душанбе аст. Соли 2021, ки ҳанӯз мактабхон буд, Сафиоллоҳ иштирокчии лоиҳаи «Наврасон – шарикон дар рушди устувор» гардид, ки он бахше аз лоиҳаи ЮНИСЕФ ва Кумитаи Кор бо ҷавонон ва варзиш барои мусоидат дар иштироки пурмазмуни ҷавонон дар раванди қабули қарор буд. Тавассути ин лоиҳа ЮНИСЕФ ба ҷавонон кумак мекунад, ки малакаҳои заруриро барои муайян кардани мушкилоти маҳаллӣ, таҳлили онҳо, пайдо кардани роҳҳои ҳалли онҳо, лоиҳаҳои иҷтимоӣ эҷод карда ба мақомоти маҳаллӣ пешниҳод мекунанд ва роҳҳои ҳалли онро якҷоя пайдо мекунанд.
Вақте ки муайян кардани мушкилоти маҳаллӣ фаро расид, Сафиоллоҳ сафари ба қарибӣ доштаашро ба хотир овард. Вай тасмим гирифт, ки қувваи худро барои ҳифзи муҳити зист сарф кунад. Қадами аввалини ӯ муайян кардани минтақаҳои мушкилтарин дар шаҳрашон буд, ки дар он ҷо партовҳои бештар ҷамъ мешаванд.
«Баъд аз таҳия ва баррасии идеяи худ ман онро ба Маркази ҷавонони маҳаллӣ пешниҳод кардам. Дар натиҷа, мақомоти маҳаллӣ лоиҳаи маро яке аз ғолибон интихоб карданд».
Бо дастгирии Маркази кор бо ҷавонон Сафиоллоҳ дар тӯли як моҳ 40-50 нафар ҷавонон— волонтёронро ҷамъ оварда, бо истифода аз қуттиҳои махсуси партовгоҳҳо ифлостарин ҷойҳои ҷамъиятиро тоза кард. Лоиҳаи Сафиолллоҳ аз ҷониби Маркази кор бо ҷавонон он қадар хуш пазируфта шуд, ки онҳо тасмим гирифтанд ин корро идома диҳанд ва ба нақшаи чорабиниҳои ҷавонони худ табдил диҳанд. Имрӯзҳо ҷавонони волонтёр мунтазам рӯзҳои тозагӣ баргузор мекунанд, ки Сафиоллоҳ 2 сол пеш оғоз карда буд.
«Бо кӯмаки ЮНИСЕФ ман малакаҳои гуфтушунид, сӯҳбати хуби боварибахш, муайян кардани мушкилотҳо ва пешниҳоди ҳалли онҳоро инкишоф додам, аммо муҳимтар аз ҳама, ман тавонистам дар ҳифзи муҳити зист кумак кунам ва дар беҳтар кардани он саҳм гузорам. Имрӯз эҳсосе, ки ман тавонистам дар рушди ҷомеаи худ саҳм гузорам, маро барои рушди минбаъда ангеза медиҳад».
Айни замон Сафиоллоҳ ҳамчун узви Гурӯҳи машваратии ҷавонон назди ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон таҷрибаи андӯхтаашро ба ҳамсолонаш мубодила мекунад. Баъди ба Душанбе кӯчидан вай бо рафиқонаш кӯшиш мекунанд, ки муттаҳид шуда, ба ҳифзи табиат ғамхорӣ кунанд.