Кумитаи роҳбарикунандаи рушди маориф дар Тоҷикистон пешрафти ислоҳоти калидиро арзёбӣ кард

Дар маркази таваҷҷуҳ - баланд бардоштани сифати таълим барои ҳар як кӯдак бо дастгирии Бонки исломии рушд ва Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф.

25 Сентябр 2025
ISdB, GPE, Steering Committee
Manucher Ruziev/UNICEF/Tajikistan

Душанбе, 23 сентябри соли 2025 – Имрӯз Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи «Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф – Марҳилаи II»-ро баргузор намуд. Лоиҳа аз ҷониби Бонки исломии рушд (IsDB) ва Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE) маблағгузорӣ мешавад. Иштирокдорон рафти ислоҳотро дар доираи Компоненти 2: «Баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизматрасониҳои таълимӣ» баррасӣ карданд.

Ҷаласаи сатҳи баланд таҳти раёсати муовини аввали вазири маориф ва илм, Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан баргузор шуд. Дар он шарикони асосӣ, аз ҷумла Бонки исломии рушд, Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф, ЮНИСЕФ ва Гуруҳи татбиқи лоиҳа иштирок доштанд.

Дар сухани ифтитоҳии худ вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим Ҳамро, аҳамияти мувофиқ сохтани тамоми чорабиниҳои лоиҳаро бо Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2030 (NSED-2030) таъкид кард, ки ин устуворӣ ва хусусияти ҳамаҷонибаи ислоҳотро таъмин менамояд.

Кумитаи роҳбарикунанда дар бораи рафти татбиқи Марҳилаи II ва робитаи он бо Марҳилаи I, аз ҷумла натиҷаҳои бадастомада, мушкилоти пешомада ва сабақҳои омӯхташуда, маълумоти муфассал гирифт. Зимни муҳокимаҳо пешрафт дар доираи Компоненти 2, бахусус дар самти такмили барномаҳои таълимӣ, маводи таълимию методӣ (TLM), рушди касбии омӯзгорон ва арзёбии таълим қайд карда шуд.

Пеш аз ҷаласа, иштирокдорон аз яке аз мактабҳои таҷрибавӣ дидан карданд, то ислоҳотро дар амал бубинанд ва фикру ақидаи омӯзгоронро аз худи онҳо бишнаванд.

Иштирокдорон инчунин қадамҳои минбаъдаро доир ба татбиқ бо муҳлатҳои аниқ, уҳдадориҳо ва натиҷаҳои чашмдошт муайян намуда, ҳамзамон нақши Кумитаи роҳбарикунандаро ҳамчун мақоми асосии тасмимгиранда роҷеъ ба Марҳилаи II барои таъмини шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва татбиқи муназзам тасдиқ карданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ инчунин як сессияи таҳлил ва саволу ҷавоб баргузор шуд, ки дар рафти он шарикон дар муҳокимаҳои ошкоро иштирок намуда, роҳҳои ҳалли тақвият бахшидан ба татбиқ ва беҳтар намудани ҳамоҳангиро муайян карданд.

Кумитаи роҳбарикунанда бори дигар уҳдадории худро барои дастгирии ислоҳот дар соҳаи маорифи Тоҷикистон ва таъмини дастрасии ҳар як кӯдак ба таҳсилоти босифат ва ба талаботи асри XXI ҷавобгӯ, тасдиқ кард.

Тамос барои васоити ахбори омма

Далер Додоҷонов
Мутахассис оид ба иртибот
ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Тел: +992939990096
Почтаи электронӣ: [email protected]

Дар бораи лоиҳа

Лоиҳаи «Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Марҳилаи II» ба баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизматрасониҳои таълимӣ дар Тоҷикистон нигаронида шуда, ба Стратегияи миллии рушди маорифи Тоҷикистон (2030) комилан мувофиқ аст. Лоиҳа аз ҷониби Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE) ва Бонки исломии рушд (IsDB) якҷоя маблағгузорӣ мешавад ва Бонки исломии рушд инчунин дастгирии пурраро дар татбиқ, мониторинг ва арзёбӣ он таъмин менамояд. ЮНИСЕФ Компоненти 2-и лоиҳаро амалӣ намуда, ба ислоҳоти маориф дар асоси салоҳиятҳо, рушди касбии омӯзгорон ва тақвияти маводи таълимӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад.

Дар бораи Бонки исломии рушд (IsDB)

Бонки исломии рушд (IsDB) — як бонки бисёрҷонибаи рушд аст, ки тавассути мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар кишварҳои узв ва ҷомеаҳои мусулмонии саросари ҷаҳон барои беҳтар кардани зиндагии мардум талош мекунад. IsDB маблағгузории лоиҳавӣ, кӯмаки техникӣ ва мусоидат ба таҳкими иқтидорро дар бахшҳои калидӣ, аз қабили маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, инфрасохтор, илм ва технология таъмин намуда, ба ин васила ба рушди фарогир, инноватсия ва шарикӣ барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) мусоидат мекунад. Бонк 57 кишвари узвро дар бар мегирад ва фаъолияти худро дар саросари ҷаҳон тавассути марказҳои минтақавӣ амалӣ менамояд. (www.isdb.org/)

Дар бораи Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE)

Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE) — ягона шарикӣ ва фонди ҷаҳонӣ аст, ки танҳо ба таъмини таҳсилоти босифат барои ҳамаи кӯдакон, бахусус осебпазиртарин ва дар канормонда, машғул аст. Дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳо, донорҳо, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, омӯзгорон ва бахши хусусӣ, GPE ба пешрафт дар зиёда аз 80 кишвари шарик мусоидат намуда, низомҳои маорифро тақвият медиҳад ва барои миллионҳо кӯдакон имкониятҳо фароҳам меоварад. (www.globalpartnership.org)

Дар бораи ЮНИСЕФ

ЮНИСЕФ дар баъзе гӯшаҳои душвортарини ҷаҳон фаъолият мекунад, то кӯдакони маҳрумтарини ҷаҳонро фаро гирад. Дар зиёда аз 190 кишварҳо ва ҳудудҳо мо ба хотири ҳар кӯдак, дар ҳама ҷо кор мекунам то барои ҳамагон ҷаҳони беҳтарро созмон диҳем.

Барои маълумоти бештар дар бораи ЮНИСЕФ ва кори он барои кӯдакон аз www.unicef.org боздид кунед

ЮНИСЕФ-ро дар TwitterFacebookInstagram ва YouTube пайгирӣ кунед.