Роҳандозии «Project Soro» дар Тоҷикистон
Аввалин ташаббуси миллӣ барои воридсозии зеҳни сунъӣ ба соҳаи маориф
Душанбе, 25 октябри соли 2025. Шӯрои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ва ширкати zypl.ai «Номаи эъломи ният»-ро дар бораи оғози «Project Soro» - Зеҳни сунъӣ (ЗС) барои таҳсилоти фарогир дар Тоҷикистон - ба имзо расониданд.
Лоиҳаи мазкур аввалин ташаббуси бузургмиқёс дар минтақа барои воридсозии муназзами зеҳни сунъӣ ба низоми миллии маориф мебошад. Ҳадафи он дастрас намудани омӯзиши рақамӣ барои ҳар як хонанда ва кӯмак ба ҷавонон дар азхудкунии малакаҳои оянда аст.
«Project Soro» дар доираи Стратегияи миллии рушди зеҳни сунъӣ (NAIS-2040) амалӣ мегардад. Ин стратегия ҳадафи бунёди иқтисодиёти ба дониш асосёфта ва то соли 2040 ба 5% ММД-и миллӣ расонидани ҳиссаи зеҳни сунъиро дорад. Таҳти роҳбарии Шӯрои зеҳни сунъӣ, унсурҳои калидии экосистемаи миллӣ аллакай таъсис ёфтаанд, аз ҷумла Академияи зеҳни сунъӣ (ки беш аз 700 мутахассисро омӯзондааст) ва SoroLLM - аввалин модели бузурги забонӣ, ки махсус барои забони тоҷикӣ бо дарназардошти гуногунии фарҳангӣ ва лаҳҷавии он таҳия шудааст.
SoroLLM ҳам дар асоси маълумоти воқеӣ ва ҳам синтетикӣ (сохта) омӯзонида шудааст, ки ба он имкон медиҳад, ки матнро дақиқ дарк кунад ва ба соҳаҳои гуногун мутобиқ шавад. Дар доираи ин лоиҳа, он омӯзиши фардиро таъмин намуда, омӯзгоронро дастгирӣ мекунад ва саводнокии рақамӣ ва алгоритмиро тақвият мебахшад. Ҳамзамон, он барои ҳалли масъалаҳо тавассути ЗС бо забони тоҷикӣ дар низомҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва тиҷоратӣ замина мегузорад.
Ин модел ба платформаҳои maktabmobile.tj ва eDonish ҳамгиро мешавад, то омӯзиши фардӣ бо забони тоҷикӣ, кӯмак ба омӯзгорон ва таъмини муҳити бехатару фарогири омӯзиши рақамиро имконпазир созад.
Шӯрои ЗС лоиҳаро ҳамоҳанг сохта, стандартҳоро таҳия мекунад; Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдаконро таъмин менамояд; ва zypl.ai мутобиқсозӣ, омӯзиш ва татбиқи SoroLLM-ро роҳбарӣ мекунад.
«Вазифаи муҳиме, ки имрӯз дар пеши ҳамаи мо истодааст – ин таҳияи чунин воситаҳои таълимист, ки манфиатҳои мусбати "додаҳои бузург" (Big Data) ва зеҳни сунъиро ба ҳадди аксар расонида, ҳамзамон махфиятро ҳифз кунанд, кӯдаконро аз зарар эмин доранд ва барои амалӣ сохтани ҳуқуқҳояшон ба онҳо имконият фароҳам оранд. ЮНИСЕФ дар ҳамкорӣ бо Шӯрои зеҳни сунъии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва zypl.ai, барои дастгирии татбиқи зеҳни сунъӣ ҳамчун воситаи омӯзиш дар низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми фаъол хоҳад гузошт,» — Артур ван Дизен, Роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон.
То соли 2027 фанни «Муқаддима ба зеҳни сунъӣ» дар ҳамаи мактабҳои кишвар ҳатмӣ мегардад. Лоиҳа 4000 мактаб ва 2 миллион хонандаро фаро гирифта, то 2000 мутахассиси ЗС-ро омода мекунад ва дар тӯли панҷ сол тақрибан 150 миллион доллар таъсири иқтисодӣ хоҳад овард. Ин пешсафии Тоҷикистонро дар истифодаи бомасъулияти ЗС дар Осиёи Марказӣ тақвият мебахшад.
Ташаббуси мазкур инчунин қисме аз «Area AI» - як технопарки ба нақша гирифташудаи ЗС мебошад, ки маориф, таҳқиқот ва инноватсияро муттаҳид сохта, барои шуғл ва соҳибкории ҷавонон роҳҳои нав мекушояд.
Роҳандозии расмии «Project Soro» дар семоҳаи чоруми соли 2025 ба нақша гирифта шудааст. Татбиқи он то соли 2028 бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ, донорҳо ва бахши хусусӣ идома хоҳад ёфт. «Project Soro» нишон медиҳад, ки чӣ гуна зеҳни сунъӣ метавонад имкониятҳоро барои ҳар як кӯдак фарохтар гардонад.
Тамос барои васоити ахбори омма
Дар бораи ЮНИСЕФ
ЮНИСЕФ дар баъзе гӯшаҳои душвортарини ҷаҳон фаъолият мекунад, то кӯдакони маҳрумтарини ҷаҳонро фаро гирад. Дар зиёда аз 190 кишварҳо ва ҳудудҳо мо ба хотири ҳар кӯдак, дар ҳама ҷо кор мекунам то барои ҳамагон ҷаҳони беҳтарро созмон диҳем.
Барои маълумоти бештар дар бораи ЮНИСЕФ ва кори он барои кӯдакон аз www.unicef.org боздид кунед
ЮНИСЕФ-ро дар Twitter, Facebook, Instagram ва YouTube пайгирӣ кунед.