Ташаккули насли сабз
Эко-клубҳо ба ҷавонони Тоҷикистон имконият медиҳанд, ки дар ташаббусҳои амалии вобаста ба иқлим фаъолона иштирок намоянд.
Introduction
Аҳолии босуръат афзоянда ва асосан ҷавони Тоҷикистон, инчунин релефи асосан кӯҳии кишвар, ҷомеаҳоро ба таъсири тағйирёбии иқлим, офатҳои табиӣ ва таназзули муҳити зист хеле осебпазир мегардонад. Беш аз 40 фоизи аҳолии 10,3 миллионаи кишварро шахсони то 18-сола ташкил медиҳанд ва тақрибан 63 фоиз аз 30-сола ҷавонтаранд, ки ин эҳтиёҷот ба рушд ва хизматрасониҳоро асосан дар миёни ҷавонон мутамарказ месозад.
Азбаски қисми зиёди ҳудуди кишварро кӯҳҳо фаро гирифтаанд, воситаҳои зиндагӣ, зерсохтор ва манбаъҳои об ба хатарҳои зиёдтар рӯ ба рӯ мешаванд, аз ҷумла аз сабаби обшавии пиряхҳо, ярчҳо, обхезиҳо ва эрозияи хок, ки ин ҳолат сатҳи камбизоатиро афзоиш дода, устувории иқтисодиро маҳдуд мекунад.
Дар чунин шароит баланд бардоштани саводи экологӣ ва рушди тафаккури интиқодӣ дар миёни ҷавонон на танҳо муҳим, балки амали ҳатмӣ ва зарурӣ мебошад.
Соли 2024 ЮНИСЕФ Тоҷикистон лоиҳаи «Рушди насли сабз: омӯзиши иқлим бо роҳбарии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар шарикӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳамсол ба ҳамсол» оғоз намуд. Дар натиҷа, дар саросари кишвар 100 эко-клуб таъсис дода шуд.
Айни ҳол 60 эко-клуб мустақиман дар мактабҳои тамоми минтақаҳои кишвар фаъолият доранд ва 40 клуби дигар дар ҳамкорӣ бо чор донишгоҳ, Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон дар Душанбе, Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб дар Кӯлоб, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар Хуҷанд ва Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар Хоруғ бо ҷалби 40 мактаби вобаста ба онҳо таъсис ёфтаанд.
Ҳадафи асосии эко-клубҳо баланд бардоштани саводнокии экологӣ дар миёни наврасон ва ҷавонон ва таҳкими малакаҳои онҳо барои ҳифзи муҳити зист мебошад.
Омӯзгорон ва волонтёрони эко-клубҳо аз рӯи модули таҳияшуда омӯзиш мегиранд, ки ба онҳо имконият медиҳад ба хонандагон самаранок роҳнамоӣ намоянд. Сипас волонтёрон равиши «Ҳамсол ба ҳамсол»-ро истифода бурда, барои ҳамсолони худ машғулиятҳо мегузаронанд, мастер-классҳои экологӣ, аксияҳои ниҳолшинонӣ ва тоза намудани муҳит, инчунин озмунҳо ва фаъолиятҳои гуногуни дигарро ташкил мекунанд.
UNICEF/Tajikistan/Anusha Ashurova
UNICEF/Tajikistan/Anusha Ashurova
“Ман хонандаи мактаб ва намояндаи Эко-клуби Ҳамнафас ҳастам,” мегӯяд Хайрулло Очилови 16-сола. “Таъсиси ин клуб ба мо имконият дод, ки эҷодкории худро нишон диҳем, хонандагони хурдсолро бо масъалаҳои экологӣ шинос кунем ва дар беҳтар намудани муҳити мактабамон саҳм гузорем.”
Бобоҷон Ғафуров-Эко-клуби “Ҳамнафас”: Амалҳои хурд низ тағйирот эҷод мекунад
Дар МТМУ №29-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров эко-клуби “Ҳамнафас”, ки номи онро худи хонандагон интихоб кардаанд, ба фазои эҷодкорӣ ва навоварии наврасон табдил ёфтааст.
Аъзоёни клуб барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ барномаҳои огоҳсозӣ мегузаронанд ва дар озмунҳои минтақавии навоварӣ иштирок мекунанд. “Аз номи ҳамаи аъзоёни клуб ваъда медиҳам, ки мо ба саҳм гузоштан дар ҳифзи муҳити зисти кишвари худ идома медиҳем” илова мекунад Хайрулло.
Зулайхо Алибоеваи 15-сола, аъзои дигари клуб, клубро нуқтаи гардиши рушди худ медонад: “Тавассути лоиҳаҳои иҷтимоӣ ман чӣ гуна муайян кардани мушкилоти экологӣ, таҳлил кардани сабабҳои онҳо ва ёфтани роҳи ҳалли муассир барои онҳоро омӯхтам. Ин масъулиятшиносӣ ва малакаи кор дар гурӯҳро дар ман инкишоф дод.”
Зулайхо раванди аз муҳокима то амалишавӣ расидани идеяи гурӯҳро чунин шарҳ медиҳад:
“Ҳамчун қисми лоиҳаамон, мо барои пластик, картону металл ва шиша контейнерҳои ҷудосозии партовҳоро тарҳрезӣ намудем ва сохтем. Мо мехостем, ки хонандагон на танҳо дар бораи такроран истифода бурдани маводҳо омӯзанд, балки ҳамарӯза ба он риоя кунанд.”
Аъзоёни клуб контейнерҳоро дар ҳар ҷои мактаб насб карданд ва барои хонандагони синфҳои 1–4 барномаҳои огоҳсозӣ гузаронданд, ки чаро ҷудосозии партовҳо ифлосшавиро кам мекунад ва системаи такроран истифода бурдани маводҳоро дастгирӣ менамояд. Бо якҷоя кардани инфрасохтор ва омӯзиш, хонандагон боварӣ ҳосил карданд, ки ташаббуси мазкур таъсири устувори рафторӣ хоҳад дошт.
“Аз замони таъсиси клубамон мо масъалаҳои экологиро бештар фаҳмидем,” мегӯяд Зулайхо. “Мо дарк кардем, ки ҳифзи табиат аз амал ва одатҳои хурд, вале пайваста оғоз мешавад.”
Ҳоло хонандагон фикр доранд, ки як роҳи ҳалли нави фарогирро таҳия кунанд: контейнерҳои партов барои шахсони дорои нуқсони биниш. Идеяи мазкур насб кардани сенсорҳои дастгиришуда бо зеҳни сунъӣ ва баландгӯякҳои барномарезишудаи сухангӯ дар ҳар контейнерро дар бар мегирад. Ҳангоми наздик шудан, система эълон мекунад, ки кадом навъи партовро бояд ба кадом қуттӣ партофт.
“Ҳадафи ин ташаббус ин аст, ки ҷудосозии партов барои ҳама дастрас ва осон бошад,” шарҳ медиҳад Зулайхо. “Ҳамзамон, ин кори хадамоти коммуналиро осон мекунад.”
Ин идея на танҳо ҳушёрии экологиро нишон медиҳад, балки эҷодкорӣ дар технология ва фарогириро низ, ки барои оянда қобилияти муҳими шахсият мебошад, инъикос мекунад.
Муздалифа Вақҳобоваи 15-сола аз ҳамин муассиса мегӯяд, ки дарсҳои эко-клуб назари ӯро вобаста ба табиат ва муҳити зист тағйир доданд: “Ин дарсҳо ба мо омӯхтанд, ки ҳифзи муҳити зист вазифаи ҳар як шахс аст. Ояндаи ҷомеа ба он вобаста аст, ки мо бо табиат чӣ хел муносибат мекунем. Табиат ганҷинаи бебаҳост ва ғамхорӣ нисбати он масъулияти муштараки ҳамаи мост.”
Раҳматҷон Алибоев, 17-сола мегӯяд, ки иштирок дар эко-клуб ба ӯ эътимоди бештар дод: “Иштирок дар ташаббусҳои экологӣ ба ман нишон дод, ки ман метавонам ба эҷоди тағйироти мусбат дар тамоми ҷаҳон таъсир расонам. Ин маро барои рушди бештар ҳавасманд мекунад.”
Бояд зикр намуд, ки “ин лоиҳа танҳо дар бораи экология нест,” мегӯяд муаллимаи онҳо Дилбар Алибоева. “Ин ташаббус дар хонандагон афкор ва масъулияти сабзро инкишоф медиҳад. Хонандагон меомӯзанд ва дарк мекунанд, ки ҳифзи табиат маънои ғамхорӣ нисбати ҷомеаро дорад.”
Норак: Тарҳрезии ҳалли мушкилот барои оянда
Дар шаҳри Норак хонандагони МТМУ №1 ба номи Балакон Пирназаров низ донишҳои назариявии худро ба амал табдил медиҳанд.
Абдулло Мирзозодаи 17-сола ва волонтёри эко-клуб, аллакай дар бораи оянда дурандешона фикр мекунад: “Дар оянда ман мехоҳам ба кам кардани партовҳои пластикӣ ва истифодаи маводи такроран истифодашаванда дар истеҳсолот саҳм гузорам”, мегӯяд ӯ. “Ман мехоҳам яке аз тарроҳони пешрафта шуда, барои ҳалли мушкилоти экологӣ кӯмак кунам.”
Абдулло моделҳои шаҳри Норак, вулқон, обанбор ва прияхҳоро сохтааст, то системаҳои экологиро беҳтар фаҳмад. Дар бораи касби ояндаи худ ӯ ҷавоб медиҳад: “Ман мехоҳам мошинҳои барқӣ ихтироъ кунам.”
Аз мактабҳои деҳот то таъсири миллӣ
Рӯҳиябахш аст, ки ҷавонон аз минтақаҳои кӯҳсор ва деҳот ташаббус пеш мегиранд ва барои мушкилоти ҷомеаҳоҳои худ роҳҳои амалӣ таҳия мекунанд. Аз сохтани системаи ҷудосозии партовҳо дар Бобоҷон Ғафуров то тарҳрезии моделҳои экологӣ ва технологияҳои оянда дар Норак, ҷавонон нишон медиҳанд, ки география ҳадафҳои онҳоро маҳдуд намекунад.
Муаллимон низ ин тағйиротро мебинанд. Дилбар Алибоева, роҳбари Созмони хонандагони МТМУ №29, қайд мекунад: “Эко-клуб ҳушёрии экологӣ, масъулиятшиносӣ ва ватанпарвариро дар миёни хонандагон тақвият медиҳад. Бо ташаббуси мазкур, насли нав ба ҳифзи муҳити зист бо эҳтиром рафтор мекунад"
Эко-клубҳо танҳо фаъолиятҳои берун аз дарс нестанд. Шурӯъ аз синфҳои болоӣ онҳо фазои сохторёфтаро фароҳам меоранд, ки хонандагон саводи экологӣ, эҷодкорӣ, роҳбарӣ, коммуникатсия ва малакаҳои ҳалли мушкилотро инкишоф медиҳанд; инҳо маҳоратҳои муҳими кишварест, ки бо хатарҳои иқлимӣ ва фишорҳои экологӣ рӯ ба рӯ аст.
Бо омӯзгорони ботаҷриба, таълими ҳамсол ба ҳамсол ва лоиҳаҳои амалӣ, эко-клубҳо ҷавононро аз огоҳӣ ба амал мебаранд ва меомӯзонанд, ки ҳифзи муҳити зист идеяи абстрактӣ набуда, амали рӯзмарра аст.
Эко-клубҳо як ҳақиқатро нишон медиҳанд: вақте ба ҷавонон масъулият дода мешавад, онҳо бо амал посух медиҳанд. Бо сармоягузорӣ ба таҳсилоти экологӣ дар сатҳи синфҳои болоӣ, Тоҷикистон на танҳо стаҳи огоҳиро баланд мебардорад, балки насли ояндаро омода мекунад, ки бо дониш, малака ва ҳавасмандӣ ҷомеаҳои худро ҳифз карда, ояндаи устуворро созад.
Паёми ин кӯдакон равшан аст: ҳифзи кӯҳҳо, об ва замини Тоҷикистон аз синфхона ва дасти наврасону ҷавони он оғоз меёбад.