Мутахассисони миллӣ дар Душанбе барои татбиқи низоми нави кӯмаки иҷтимоӣ ва тиббӣ ба оилаҳои осебпазир омӯзонида мешаванд
ДУШАНБЕ 17-уми июли соли 2026 — Имрӯз дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе омӯзиши панҷрӯза барои тренерон оид ба низоми ҳамгироишудаи хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва тиббӣ (кейс-менеҷмент) вобаста ба масъалаҳои занон, кӯдакон ва наврасон аз оилаҳои осебпазири камбизоат оғоз ёфт. Ташкилкунандагони ин омӯзиш Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ» (бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ) ва Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар ҳамкории зич бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Низоми ҳамгироишудаи кейс-менеҷмент хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва тиббиро дар шакли «равзанаи ягона» муттаҳид менамояд. Ин маънои онро дорад, ки оила дигар ба таври мустақилона бо мақомоти гуногун тамос намегирад то ин ки вазъияти худро пайваста шарҳ диҳад. Ба ҷои ин, шахси муттасадӣ вобаста ба пешбурди ҳолат арзёбии ҳамаҷонибаи ниёзҳои оиларо анҷом медиҳад, ба таҳияи нақшаи дастгирии инфиродӣ мусоидат мекунад, ҳамкории байни хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва тиббиро ҳамоҳанг месозад ва оиларо то ба даст овардани натиҷаҳои устувор дастгирӣ мекунад. Акнун оилаи осебпазир, ба ғайр аз гирифтани кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ, зери дастгирии ҳамаҷониба қарор мегиранд. Мутахассис (кейс-менеҷер) тамоми ниёзҳои оиларо — аз кӯмакпулиҳо сар карда то хизматрасонии тиббӣ — муайян намуда, барои аз ҳолати душвори зиндагӣ баровардани онҳо нақшаи инфиродӣ тартиб медиҳад.
“Ҷорӣ намудани низоми ҳамгироишудаи кейс-менеҷмент як қадами назаррас дар навсозии низоми ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аст. Мо аз пардохти ғайрифаъоли имтиёзҳо ба дастгирии фаъол ва ҳамаҷониба барои ҳар як оилаи ниёзманд мегузарем.”, қайд намуд Менеҷери лоиҳа Ҳаётзода Нурхон Шарифович.
Ҳадафи чорабинии мазкур — омода намудани як дастаи омӯзгорони миллӣ оид ба низоми ҳамгироишудаи кейс-менеҷмент (идораи парвандаҳо) мебошад. Мутахассисони омодашуда дар оянда кормандони иҷтимоӣ, супервайзерҳо, кейс-менеҷерҳо ва кормандони зинаи аввалияи соҳаи тибро ба омӯзишҳо ҷалб менамоянд. Ин тадбир имкон медиҳад, ки низоми нав васеътар ҷорӣ гардида, сифати кӯмаки мустақим ба оилаҳои ниёзманд беҳтар шавад.
Равиши нави мазкур на танҳо ба ҳалли мушкилоти мавҷуда мусоидат мекунад, ва на танҳо ба татбиқи ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон мусоидат менамояд, он ҳамчунин яке аз самараноктарин сармоягузорӣ ба сармояи инсонии кишвар ба шумор меравад.
“Ҳар як кӯдак ва ҳар як оилаи осебпазир ҳуқуқ доранд, ки аз дастгирии саривақтӣ ва касбӣ бархурдор бошанд. Некӯаҳволии кӯдак мустақиман аз некӯаҳволии оила ва аз он вобаста аст, ки чӣ гуна хизматрасониҳои иҷтимоӣ, тиббӣ ва дигар хизматрасониҳои давлатӣ бо ҳам самаранок кор мекунанд. Вақте ки мутахассисон якҷоя кор мекунанд, онҳо метавонанд омилҳои хатарро барвақт муайян кунанд, кӯмаки саривақтӣ расонанд ва оилаҳоро то ба даст овардани натиҷаҳои устувор дастгирӣ кунанд.”- қайд намуд роҳбари бахши ҳифзи кӯдаки намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Тинатини Тсертсвадзе.
Дар давоми панҷ рӯз (13–17-уми июл) иштирокчиёни омӯзиш стандартҳои байналмилалии кейс-менеҷмент (идораи парвандаҳо), усулҳои арзёбии оилаҳои камбизоат, ҳамкории байниидоравӣ ва меъёрҳои ахлоқии кориро омӯхтанд. Таваҷҷӯҳи махсус ба малакаҳои амалӣ дар ҳамоҳангсозии хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва тиббӣ, идоракунии ҳолатҳо ва дастгирии оилаҳои дорои ниёзҳои мураккаб равона карда мешавад. Лоиҳаи пилотӣ (озмоишӣ) дар шаҳру ноҳияҳои интихобшудаи кишвар амалӣ гардида, сипас таҷрибаи бадастомада асоси Стратегияи миллии навсозии низоми ҳифзи иҷтимоиро ташкил хоҳад дод. Натиҷаҳои бадастомада барои густариши минбаъдаи модели муттаҳид ва муосирсозии низоми ҳифзи иҷтимоӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ дар кишвар заминаи бар асоси далелҳоро фароҳам меоранд.
"Вазорат ба навсозии соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Ҳамгироии хизматрасониҳои иҷтимоӣ бо хизматрасониҳои тиббӣ дар шаҳру ноҳияҳои озмоишӣ як қадами хеле муҳим аст.”- қайд намуд муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҳабибулло Хайруллозода.
“Имрӯз мо заминаро барои гузариш ба сатҳи сифатан нави дастгирии мақсаднок мегузорем, ки дар он таваҷҷӯҳ ба худи шахс ва ниёзҳои ӯ равона карда шудааст. Омода намудани тренерони миллӣ устуворӣ ва дар оянда васеъ намудани ин низоми навро дар саросари кишвар таъмин хоҳад кард.”- илова намуд муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Барои гирифтани иттилои иловагӣ, лутфан ба Рухшона Наҷмиддинова, роҳбари бахши робита бо ҷомеа муроҷиат намоед.
Почтаи электронӣ: r[email protected]
Тамос барои васоити ахбори омма
Дар бораи ЮНИСЕФ
ЮНИСЕФ дар баъзе гӯшаҳои душвортарини ҷаҳон фаъолият мекунад, то кӯдакони маҳрумтарини ҷаҳонро фаро гирад. Дар зиёда аз 190 кишварҳо ва ҳудудҳо мо ба хотири ҳар кӯдак, дар ҳама ҷо кор мекунам то барои ҳамагон ҷаҳони беҳтарро созмон диҳем.
Барои маълумоти бештар дар бораи ЮНИСЕФ ва кори он барои кӯдакон аз www.unicef.org боздид кунед
ЮНИСЕФ-ро дар Twitter, Facebook, Instagram ва YouTube пайгирӣ кунед.