ЮНИСЕФ якҷоя бо мардуми Тоҷикистон батасвибрасонии Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои шахсони дорои маъюбиятро ҷашн мегирад

23 Октябр 2026
A child with Down syndrome is playing with his peers
UNICEF/Tajikistan/Manucher Ruziev

ЮНИСЕФ Ҳукумат Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати ин қадами муҳим дар самти таҳкими ҳуқуқҳо ва фарогирии шахсони дорои маъюбият табрик менамояд. ЮНИСЕФ ифтихор дорад, ки дар раванди расидан ба ин дастоварди муҳим саҳм гузоштааст. Батасвибрасонии Конвенсия бозгӯи он аст, ки ҳар як инсон, аз ҷумла ҳар як кӯдак, дорои шаъну шараф ва ҳуқуқҳои баробар мебошад ва бояд имкони иштироки комил дар ҳаёти ҷомеаро дошта бошад.

Конвенсия уҳдадорӣ ба бунёди ҷомеаеро ифода менамояд, ки дар он маъюбият на ҳамчун масъалаи эҳсонкорӣ ё раҳм, балки дар заминаи ҳуқуқи инсон ва шаъну шараф дарк карда мешавад. Конвенсия шахсони дорои маъюбиятро ҳамчун соҳибони ҳуқуқ эътироф намуда, ҳуқуқи онҳоро ба иштироки комил ва баробар дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт, қабули қарорҳо вобаста ба ҳаёти худ ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа дар баробари дигарон тасдиқ мекунад.

Барои кӯдакони дорои маъюбият ин уҳдадорӣ аҳамияти махсус дорад.

Шумораи зиёди кӯдакони дорои маъюбият ҳамчунон бо монеаҳо дар дастрасӣ ба таҳсил, хизматрасониҳои тиббӣ ва тавонбахшӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва иштирок дар ҳаёти ҷомеа рӯ ба рӯ мешаванд. Баъзе кӯдакон ба тамғагузорӣ (стигматизатсия) ва табъиз дучор мегарданд; дигарон эҳтимолияти аз оилаҳои худ ҷудо шуданро доранд ё аз имкониятҳое маҳрум мегарданд, ки барои дигар кӯдакон ин дастрасии муқаррарӣ ба ҳисоб меравад.

Тасаввур намед, ки кӯдаки дорои маъюбияти ҷисмонӣ расмкаширо дӯст медорад ва орзуи омӯзгор шуданро дар дил мепарварад. Ӯ мехоҳад ҳар саҳар ба мактаб равад, дӯстони нав пайдо кунад ва дар паҳлӯи онҳо нишинад. Аммо ба ҷои ин маҷбур аст дар хона бимонад: зеро нақлиёти мувофиқ барои ӯ вуҷуд надорад, даромадгоҳи мактаб дастрас нест ва кӯмаки зарурӣ низ фароҳам оварда нашудааст. Маъюбият танҳо як ҷузъи зиндагии ӯст, вале то чӣ андоза тавонманд будани ӯро барои амалӣ сохтани иқтидораш монеаҳои атрофи ӯ муайян мекунанд.

Тасвиби Конвенсия имконият медиҳад, то ин монеаҳо бартараф гарданд ва барои  таъмини рушди комил, таҳсил ва амалисозии иқтидори пурраи кӯдакони дорои маъюбият заминаи мушаххас фароҳам оварда шавад. Ин маънои онро дорад, ки мо бояд ба сӯи ҷомеае ҳаракат кунем, ки дар он:

Ҳар як кӯдаки дорои маъюбият метавонад саривақт аз хизматрасониҳои ошкорнамоии ҳолат, хизматрасониҳои босифати тиббӣ, тавонбахшӣ ва дастгирӣ, то ҳадди имкон дар наздикии маҳалли зисти худ, бархурдор шавад.

Ҳар як кӯдак метавонад дар мактаби фарогир ҳамроҳи ҳамсолони худ таҳсил кунад ва барои иштироки фаъолона ва муваффақ шудан дастгирии зарурӣ гирад.

Ҳар як кӯдак метавонад дар муҳити бехатар ва пурмеҳри оилавӣ, ки дар он падару модарон ва парасторон низ дастгирии заруриро дарёфт мекунанд, ба воя расад.

Ҳар як кӯдак шунида ва эҳтиром карда шавад ва мутобиқи синну сол ва қобилиятҳои дар раванди рушд ташаккулёбандааш дар қабули қарорҳое, ки ба ҳаёти ӯ таъсир мерасонанд, иштирок карда тавонад.

Ҳар як кӯдак аз тамғагузорӣ, табъиз, зӯроварӣ, беэътиноӣ ва берун будан аз ҳаёти ҷомеа ҳифз карда шавад.

Дар маркази Конвенсия принсипе қарор дорад, ки бояд татбиқи онро роҳнамоӣ кунад: «Бе иштироки мо дар бораи мо қарор қабул нашавад». Моҳияти ин уҳдадорӣ махсусан дар Тоҷикистон, ки дар он беш аз 40 дар сади аҳолӣ синнашон аз 18-сола камтар зиндагӣ мекунанд, равшан ба назар мерасад.

Шахсони дорои маъюбият, аз ҷумла кӯдакон ва ҷавонон бояд имкониятҳои воқеӣ ва пурмазмун барои иштирок дар таҳия ва ташаккули қонунҳо, барномаҳо, хизматрасониҳо ва буҷаҳое дошта бошанд, ки ба ҳаёти онҳо таъсир мерасонанд. Фарогирӣ танҳо натиҷа нест; он низ як раванд ба шумор меравад.

Таъмини дастрасии кӯдакони дорои маъюбият ба хизматрасониҳои тиббӣ, таҳсил, ҳифзи иҷтимоӣ ва иштироки онҳо дар ҳаёти ҷомеа ҳам уҳдадории ҳуқуқи инсон ва ҳам сармоягузорӣ ба ояндаи кишвар мебошад ва ин ҳуқуқҳо бояд барои тамоми ҷомеа фарогир бошанд.

Татбиқи Конвенсия дар амал заминаҳои қавии ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва институтсионалиро талаб мекунад. Бо мақсади дастгирии ин раванд ЮНИСЕФ бо Ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба Кодекси маориф ҳамкорӣ намуда, барои таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дар самти фарогирии шахсони дорои маъюбият дар низоми таҳсилоти умумӣ фаъолият бурда истодаанд. Ба воқеият табдил додани ин уҳдадориҳо роҳбарии устувор, захираҳои кофӣ ва шарикиҳои қавиро тақозо менамоянд. 

ЮНИСЕФ барои ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои шахсони дорои маъюбият, падару модарон, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, шарикони рушд ва дигар ҷонибҳо ҷиҳати таъмини он, ки уҳдадориҳои Конвенсия ба тағйироти воқеӣ ва пурмазмун барои ҳар як кӯдак табдил ёбанд, уҳдадориҳои худро баён менамояд.

Тамос барои васоити ахбори омма

Далер Додоҷонов
Мутахассис оид ба иртибот
ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Тел: +992939990096
Почтаи электронӣ: [email protected]

Дар бораи ЮНИСЕФ

ЮНИСЕФ дар баъзе гӯшаҳои душвортарини ҷаҳон фаъолият мекунад, то кӯдакони маҳрумтарини ҷаҳонро фаро гирад. Дар зиёда аз 190 кишварҳо ва ҳудудҳо мо ба хотири ҳар кӯдак, дар ҳама ҷо кор мекунам то барои ҳамагон ҷаҳони беҳтарро созмон диҳем.

Барои маълумоти бештар дар бораи ЮНИСЕФ ва кори он барои кӯдакон аз www.unicef.org боздид кунед

ЮНИСЕФ-ро дар Twitter, Facebook, Instagram ва YouTube пайгирӣ кунед.