Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ Барномаи нави кишвариро барои Тоҷикистон барои солҳои 2027–2030 тасдиқ намуд
НЬЮ-ЙОРК/ДУШАНБЕ, 2 сентябри соли 2026 – Ҳайати иҷроияи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ҳуҷҷати нави барномаи кишварӣ (CPD)-ро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027–2030 дар ҷараёни иҷлосияи дуюми навбатии Шӯрои иҷроияи, ки дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид, тасдиқ намуд.
Қабули Барномаи нави кишварӣ марҳилаи муҳим дар идомаи ҳамкории ЮНИСЕФ ва Ҳукумати Тоҷикистон дар самти пешбурди ҳуқуқ ва некӯаҳволии кӯдакон ва ҷавонон дар саросари кишвар ба ҳисоб меравад. Барнома ҳамчун заминаи стратегии ҳамкорӣ барои чор соли оянда хизмат намуда, талошҳои миллӣ дар самти беҳтар намудани вазъи саломатӣ, маориф, ҳифз ва фароҳам овардани имкониятҳо барои ҳар як кӯдакро дастгирӣ хоҳад кард.
Зимни суханронӣ дар назди Ҳайати иҷроия, Ҷаноби Олӣ Ҷонибек Ҳикмат, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид, барои шарикии бисёрсолаи ЮНИСЕФ ва дастгирии пайвастаи он аз талошҳои кишвар ҷиҳати беҳтар намудани зиндагии кӯдакон изҳори сипос намуд.
Барномаи кишварӣ барои солҳои 2027–2030 бо Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ва афзалиятҳои миллии соҳавӣ мутобиқати зич дорад. Барнома ба таҳкими хизматрасониҳои соҳаи ҳифзи саломатии модарон, навзодон ва кӯдакон, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои ғизои солим, васеъ намудани дастрасӣ ба рушди барвақти кӯдакон ва таҳсилоти босифати фарогир, рушди малакаҳои наврасон ва ҷавонон, таҳкими низомҳои ҳифзи кӯдакон ва ҳифзи иҷтимоӣ, мусоидат ба фарогирии шахсони дорои маъюбият, инчунин дастгирии кӯдаконе, ки дар ҷамоатҳои деҳот, минтақаҳои кӯҳӣ ва маҳалҳои душвордастрас зиндагӣ мекунанд, равона хоҳад шуд.
Дар доираи барномаи нав ЮНИСЕФ дастгирии муассисаҳои миллиро ҷиҳати таҳкими низомҳо ва хизматрасониҳое, ки ба кӯдакон ва оилаҳо мерасанд, идома дода, ҳамзамон ба таъмини адолат, устуворӣ ва фарогирии бештар мусоидат хоҳад кард. Ҳадафи барнома коҳиш додани нобаробариҳои боқимонда ва таъмини дастрасии ҳар як кӯдак, бахусус кӯдакони осебпазиртарин, ба хизматрасониҳои босифат, ҳимоя ва имкониятҳо барои татбиқи пурраи иқтидори худ мебошад.
Ҷаноби Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, низ дар иҷлосияи Ҳайати иҷроия ба таври маҷозӣ иштирок намуда, вобаста ба Барномаи кишварии ЮНИСЕФ барои Тоҷикистон барои солҳои 2027–2030 суханронӣ намуд.
Барномаи навтаъсдиқшуда бори дигар аз ӯҳдадории муштараки ЮНИСЕФ ва Ҳукумати Тоҷикистон дар самти пешбурди ҳуқуқи ҳар як кӯдак ва суръат бахшидан ба пешрафт дар роҳи расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор шаҳодат медиҳад.
Тамос барои васоити ахбори омма
Дар бораи ЮНИСЕФ
ЮНИСЕФ дар баъзе гӯшаҳои душвортарини ҷаҳон фаъолият мекунад, то кӯдакони маҳрумтарини ҷаҳонро фаро гирад. Дар зиёда аз 190 кишварҳо ва ҳудудҳо мо ба хотири ҳар кӯдак, дар ҳама ҷо кор мекунам то барои ҳамагон ҷаҳони беҳтарро созмон диҳем.
Барои маълумоти бештар дар бораи ЮНИСЕФ ва кори он барои кӯдакон аз www.unicef.org боздид кунед
ЮНИСЕФ-ро дар Twitter, Facebook, Instagram ва YouTube пайгирӣ кунед.