Тоҷикистон барои рушди сармояи инсонӣ сармоягузориро ба низомҳои ҳамгирои ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳифзи кӯдак тақвият медиҳад
ДУШАНБЕ, 16 октябри соли 2026 —
Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ мизи мудаввари сатҳи баландро оид ба масъалаҳои сиёсат ва сармоягузорӣ баргузор намуд. Ҳадафи чорабинӣ тақвияти сармоягузорӣ ба низомҳои ҳамгирои ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳифзи кӯдак ҳамчун заминаи рушди сармояи инсонӣ, рушди фарогири иқтисодӣ ва устувори иҷтимоии кишвар буд.
Чорабинӣ таҳти унвони «Сармоягузории стратегӣ ба сармояи инсонӣ: ташаккули низомҳои ҳамгирои ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳифзи кӯдак дар Тоҷикистон» намояндагони мақомотҳои давлатӣ, муассисаҳои байналмилалии молиявӣ, шарикони рушд, ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои илмӣ ва бахши хусусиро гирди ҳам овард. Иштирокчиён имкониятҳои ҳамоҳангсозии маблағгузорӣ, ҳамоҳангии сиёсатҳо ва расонидани дастгирии техникӣ ба ислоҳоти низоми ҳифзи кӯдакро дар Тоҷикистон баррасӣ карданд.
Ҳифзи кӯдакон аз зӯроварӣ, муносибати бераҳмона, беэътиноӣ ба ниёзҳои онҳо, истисмор ва ҷудо шудан аз оила натанҳо барои таъмини ҳуқуқҳои кӯдак, балки барои рушди дарозмуддати Тоҷикистон низ аҳамияти калидӣ дорад. Кӯдаконе, ки дар муҳити бехатар ва дастгиркунанда ба воя мерасанд, барои таҳсил, рушд ва иштироки самаранок дар ҳаёти ҷомеа имкониятҳои бештар доранд. Низомҳои самараноки ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳифзи кӯдак инчунин ба коҳиш додани осебпазирӣ, таҳкими тавонмандии оилаҳо ва баланд бардоштани самаранокии сармоягузории давлатӣ мусоидат мекунанд.
Моҳи майи соли 2026 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти ҳамаҷонибаи низоми ҳифзи кӯдакро таҳким намуд. Ин ислоҳот заминаи тақвияти ҳамоҳангсозии байниидоравӣ, идоракунии ҳолатҳои инфиродӣ, дастгирии оилаҳо ва пешниҳоди хизматрасониҳои иҷтимоиро фароҳам меорад. Қабл аз ин, соли 2024 санади муҳими қонунгузорӣ қабул гардид, ки ҳамаи шаклҳои ҷазои ҷисмониро барои кӯдакон манъ намуда, ҳифзи ҳуқуқҳои онҳоро тақвият мебахшад.
Бо вуҷуди пешрафти бадастомада зарурати андешидани тадбирҳои минбаъда ҳамоно назаррас аст. Тибқи Тадқиқоти демографӣ ва тандурустии Тоҷикистон дар соли 2023, 56 фоизи кӯдакони аз 1 то 14-сола ба яке аз шаклҳои тарбияи зӯроварона дучор шудаанд. Ин нишондиҳанда аҳамияти пешгирӣ, дахолати барвақт ва дастрасии кӯдакон ва оилаҳоро ба хизматрасониҳои зарурӣ таъкид мекунад.
Дар мизи мудаввар масъалаи ҳамоҳангсозии сармоягузорӣ дар соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, тандурустӣ, маориф, адолати судӣ ва неруи кадрии низоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ барои ташаккули низоми ҳамгирои ҳифз баррасӣ гардид. Ҳамчунин, чорабинӣ барои шарикони рушд имконият фароҳам овард, ки афзалиятҳои маблағгузорӣ барои солҳои 2027–2030, роҳҳои тақвияти ҳамоҳангсозӣ ва коҳиш додани парокандагии хизматрасониҳоро муҳокима намоянд.
Ин муҳокимаҳо дар арафаи Конфронси дуюми глобалии вазирон оид ба хотима бахшидан ба зӯроварӣ нисбати кӯдакон баргузор мешаванд, ки рӯзҳои 18–19 ноябри соли 2026 дар шаҳри Манила доир мегардад. Мизи мудаввар ба омодагии Тоҷикистон ба ин конфронс мусоидат намуда, барои таҳияи уҳдадориҳое, ки ба суръат бахшидан ба пешрафт дар самти хотима бахшидан ба зӯроварӣ нисбати кӯдакон равона шудаанд, замина фароҳам меорад.
ЮНИСЕФ ҳамкориҳоро бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикон барои таҳкими низомҳои устувор, ҳамгиро ва дорои маблағгузории кофии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳифзи кӯдак идома медиҳад, то ҳар як кӯдак дар муҳити бехатар ба воя расад, дастгирии зарурӣ гирад ва тавонад иқтидори худро пурра амалӣ намояд.
Тамос барои васоити ахбори омма
Дар бораи ЮНИСЕФ
ЮНИСЕФ дар баъзе гӯшаҳои душвортарини ҷаҳон фаъолият мекунад, то кӯдакони маҳрумтарини ҷаҳонро фаро гирад. Дар зиёда аз 190 кишварҳо ва ҳудудҳо мо ба хотири ҳар кӯдак, дар ҳама ҷо кор мекунам то барои ҳамагон ҷаҳони беҳтарро созмон диҳем.
Барои маълумоти бештар дар бораи ЮНИСЕФ ва кори он барои кӯдакон аз www.unicef.org боздид кунед
ЮНИСЕФ-ро дар Twitter, Facebook, Instagram ва YouTube пайгирӣ кунед.