Тоҷикистон ба татбиқи барномаи миллии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак оғоз мекунад

25 Ноябр 2026
Participants of the national forum in Dushanbe
UNICEF/Tajikistan/Manucher Ruziev

ДУШАНБЕ, 25 ноябри соли 2026 – Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) Форуми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдакро баргузор намуд. Ҳадафи форум суръат бахшидан ба татбиқи Барномаи миллии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак барои солҳои 2026–2030 ва табдил додани уҳдадориҳои миллӣ ба амалҳои ҳамоҳангшуда ба нафъи кӯдакон мебошад.

Барномаи нахустини миллии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак моҳи майи соли 2026 тасдиқ гардида, ба ислоҳот ва тақвияти низоми ҳифзи кӯдак дар чор самти асосӣ равона шудааст: сиёсати давлатӣ ва заминаи ҳуқуқӣ, механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва захираҳои инсонӣ, инчунин мониторинг ва ҷамъоварии маълумот.

Татбиқи самараноки Барнома ба таъмини амнияти кӯдакон, тақвияти хизматрасониҳои иҷтимоӣ, беҳтар намудани дастрасӣ ба маълумот барои қабули қарорҳо ва муайян намудани масъулияти сохторҳои гуногун мусоидат мекунад. Ҳамзамон, он ба пешбурди уҳдадориҳои васеътари Тоҷикистон дар самти ҳифзи иҷтимоӣ, фароҳам овардани хизматрасониҳои фарогир барои кӯдакони дорои маъюбият, табдили рақамӣ ва иҷрои тавсияҳои Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак мусоидат хоҳад кард.

«Муҳим аст, ки тамоми ташаббусҳо ва лоиҳаҳои шарикони рушд бо афзалиятҳои миллӣ ва вазифаҳои Барномаи давлатӣ ҳамоҳанг гардида, ба таҳкими низоми миллӣ ва устувории натиҷаҳои бадастомада мусоидат намоянд.» гуфт муовини Сарвазир ва раиси Комиссияи миллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак Дилрабо Мансурӣ дар суханронии ифтитоҳии худ.

Муҳокимаҳо дар форум ба баррасии масъулиятҳои сохтории дар Барнома пешбинишуда ва шарикиҳое равона шудаанд, ки барои татбиқи чорабиниҳои банақшагирифташуда дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ заруранд. Ҳамзамон, форум ҳамчун минбари муштарак барои муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкории Ҳукумат ва ЮНИСЕФ барои солҳои 2027–2030 хизмат намуд.

Ба ин самтҳо таъсиси механизми ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак, рушди низоми бисёрсоҳавии вокуниш ба ҳолатҳои марбут ба кӯдакони аз зӯроварӣ осебдида ва шоҳидони зӯроварӣ бо дарназардошти манфиатҳои беҳтарини кӯдак, таъсиси махзани ягонаи давлатии маълумот барои идоракунии парвандаҳо ва пешниҳоди ҳисобот, инчунин муайян намудани масъулияти сохторҳои дахлдори давлатӣ ва муқаррар кардани муҳлатҳои иҷрои вазифаҳо дохил мешаванд. Пешниҳоди ҳисоботи аввал оид ба татбиқи Барнома то 1 феврали соли 2027 пешбинӣ шудааст.

«Барномаи нави ҳамкории ЮНИСЕФ бо кишвар барои солҳои 2027–2030 ҳифзи кӯдакро дар меҳвари фаъолияти худ қарор медиҳад. Мо минбаъд низ омодаем, ки Ҳукумат ва комиссияҳоро дар самти тақвияти иқтидори мутахассисон, рушди хизматрасониҳо, такмили низомҳои иттилоотӣ ва табдил додани уҳдадориҳои сиёсӣ ба натиҷаҳои воқеӣ ба нафъи кӯдакон ва оилаҳо дастгирӣ намоем», – таъкид кард Намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Габриэл Акимова.

Арзиши тахминии татбиқи Барнома то соли 2030 7,7 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки интизор меравад 5,0 миллион сомонии он аз ҳисоби шарикони рушд таъмин гардад. Манбаи маблағгузории қисми боқимонда ҳанӯз муайян карда нашудааст. Иштирокчиёни форум самтҳои асосии Барномаро баррасӣ намуда, оид ба ду самти калидии татбиқи он тавсияҳо таҳия карданд.

Гурӯҳи якум имкони ҷорӣ намудани модели «Барнаҳус» (Barnahus)-ро омӯхтанд. Ин модел ба кӯдакони аз зӯроварӣ осебдида имкон медиҳад, ки аз хизматрасониҳои ҳамоҳангшудаи дастгирӣ бархурдор шаванд ва аз такрори мусоҳибаҳо ва осеби равонии дуюмдараҷа пешгирӣ гардад.

Гурӯҳи дуюм тартиби фаъолияти махзани ягонаи давлатии маълумот ва имконияти истифодаи низоми рақамии кушодаи «Примеро» (Primero)-ро, ки аз ҷониби ЮНИСЕФ барои идоракунии парвандаҳо дар соҳаи ҳифзи кӯдак таҳия шудааст, баррасӣ намуданд.

Дар натиҷаи муҳокимаҳо гурӯҳҳо сохторҳои масъул, чораҳои афзалиятноки ҳуқуқӣ ва мурофиавӣ, масъулиятҳо оид ба мубодилаи маълумот, тартиби пешниҳоди ҳисобот, эҳтиёҷот ба тақвияти иқтидор ва қадамҳои минбаъдаи аввалиндараҷаро муайян намуданд.

Форум бо пешниҳоди натиҷаҳои муҳокимаҳои гурӯҳӣ ва қабули қатъномаи форум аз ҷониби Комиссияи миллии ҳуқуқи кӯдак ҷамъбаст гардид.
 

Тамос барои васоити ахбори омма

Далер Додоҷонов
Мутахассис оид ба иртибот
ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Тел: +992939990096
Почтаи электронӣ: [email protected]

Дар бораи ЮНИСЕФ

ЮНИСЕФ дар баъзе гӯшаҳои душвортарини ҷаҳон фаъолият мекунад, то кӯдакони маҳрумтарини ҷаҳонро фаро гирад. Дар зиёда аз 190 кишварҳо ва ҳудудҳо мо ба хотири ҳар кӯдак, дар ҳама ҷо кор мекунам то барои ҳамагон ҷаҳони беҳтарро созмон диҳем.

Барои маълумоти бештар дар бораи ЮНИСЕФ ва кори он барои кӯдакон аз www.unicef.org боздид кунед

ЮНИСЕФ-ро дар Twitter, Facebook, Instagram ва YouTube пайгирӣ кунед.