Тоҷикистон Форуми байналмилалӣ оид ба кори иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоиро мизбонӣ мекунад

30 Июл 2026
Social protection
UNICEF/Tajikistan/2026/M.Ruziev

ДУШАНБЕ, Тоҷикистон, 30 июли соли 2026 — Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба кори иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон оғоз ёфт, ки мақомоти давлатӣ, роҳбарони соҳаи кори иҷтимоӣ, олимон ва шарикони рушдро аз ҳашт кишвар дар Душанбе гирд овард — бо мақсади таҳкими иқтидори кадрии хадамоти иҷтимоӣ ва пешбурди ҳамкории минтақавӣ барои ҳифзи кӯдакони осебпазир, дастгирии оилаҳо ва тарғиби хизматрасониҳои фарогири иҷтимоӣ.  

Форуми байналмилалии дурӯзаи «Кори иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ва рушди он дар давраи истиқлолият» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо дастгирии ЮНИСЕФ баргузор мегардад.  

“Тоҷикистон дар таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоии худ тавассути ислоҳоти стратегӣ ва сармоягузорӣ ба навсозии низоми ҳифзи иҷтимоӣ пешрафти назаррас ба даст овардааст. Дар идомаи ин ислоҳот таваҷҷуҳи мо ба ташаккули кадрҳои соҳибихтисос ва таҳкими ҳамкорӣ миёни соҳаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар бахшҳо равона мемонад, то кӯдакон, оилаҳо ва шахсони осебпазир дастгирии саривақтӣ ва ҳамгирошударо дарёфт намоянд,”  гуфт Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ҳангоми ифтитоҳи форум. 

Хонум Эри Двиведӣ, иҷрокунандаи вазифаи Намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, низ аҳамияти кори иҷтимоиро дар бунёди низоми қавитари дастгирии аҳолии осебпазир таъкид намуд.  

«Низоми ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳифзи кӯдак танҳо ба қадри одамоне қавӣ аст, ки онро амалӣ мегардонанд. Кормандони иҷтимоӣ дар меҳвари талошҳо барои пешгирии зӯроварӣ, дастгирии оилаҳо, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва таъмини дастрасии осебпазиртарин афрод ба хизматрасониҳои зарурӣ қарор доранд. Аз ин рӯ, таҳкими иқтидори кадрии хадамоти иҷтимоӣ на танҳо сармоягузорӣ ба як касб аст — балки сармоягузорӣ ба низомҳои давлатии муассиртар, ҷомеаҳои қавитар ва натиҷаҳои беҳтар барои ҳар як кӯдак мебошад», гуфт хонум Эри Двиведӣ, иҷрокунандаи вазифаи Намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон.  

Форум аҳамияти сармоягузориро ба кадрҳои қавӣ, салоҳиятманд ва бо дастгирии зарурӣ таъминшудаи хадамоти иҷтимоӣ ҳамчун асоси низомҳои муассири ҳифзи иҷтимоӣ таъкид менамояд. Кормандони иҷтимоии хуб омодашуда ба пешгирии ҷудошавии кӯдак аз оила, вокуниш ба зӯроварӣ нисбати кӯдакон, дастгирии кӯдакони дорои маъюбият ва дигар гурӯҳҳои осебпазир, таҳкими устувории ҷомеа ва таъмини дастрасии мардум ба хизматрасониҳо ва имтиёзҳои зарурӣ мусоидат мекунанд. Сармоягузорӣ ба ин касб на танҳо зиндагии одамони алоҳидаро беҳтар мегардонад, балки ба таҳкими ниҳодҳои давлатӣ, истифодаи самараноктари захираҳои давлатӣ ва фарогиртар шудани ҷомеа мусоидат менамояд.  

Дар давоми ду рӯз иштирокчиён дар шаш муҳокимаи панелии мавзӯӣ ширкат меварзанд, ки дар онҳо афзалиятҳои муштараки минтақавӣ ва роҳҳои ҳалли амалии таҳкими кори иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла таҳкими ҳамкории минтақавӣ, кейс-менеҷменти ҳамгирошуда (идоракунии парванда), навоварӣ ва рақамикунонӣ дар хизматрасониҳои иҷтимоӣ, таҳсилоти касбии кормандони иҷтимоӣ ва масъалаҳои дигар баррасӣ мегарданд.  

Дар форум мақомоти давлатӣ, муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид, шарикони рушд, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, муассисаҳои академӣ ва ҷонибҳои манфиатдор аз Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Австрия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷопон иштирок менамоянд.  

Форум бо қабули Эъломия ҷамъбаст мегардад, ки афзалиятҳои муштарак ва иқдомоти минбаъдаро оид ба таҳкими кори иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ва тамоми минтақа муайян менамояд. Пас аз ҷаласаи ҷамъбастӣ барои кормандони иҷтимоӣ мастер-класси амалӣ оид ба усулҳои кейс-менеҷмент ва нақши кормандони иҷтимоӣ дар пешбурди ҳифзи ҳуқуқи кӯдак баргузор мегардад.  

Форум шарикии бисерсолаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНИСЕФро дар таҳкими низомҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳифзи кӯдак ва ташаккули кадрҳои касбӣ ва устувори хадамоти иҷтимоӣ инъикос менамояд, ки қодиранд ба ҳар як кӯдак ва ҳар як оилаи ниёзманд кумак расонанд.  

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ, лутфан ба Хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед:
Тел.: +992 (44) 600 60 02

Тамос барои васоити ахбори омма

Далер Додоҷонов
Мутахассис оид ба иртибот
ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Тел: +992939990096
Почтаи электронӣ: [email protected]

Дар бораи ЮНИСЕФ

ЮНИСЕФ дар баъзе гӯшаҳои душвортарини ҷаҳон фаъолият мекунад, то кӯдакони маҳрумтарини ҷаҳонро фаро гирад. Дар зиёда аз 190 кишварҳо ва ҳудудҳо мо ба хотири ҳар кӯдак, дар ҳама ҷо кор мекунам то барои ҳамагон ҷаҳони беҳтарро созмон диҳем.

Барои маълумоти бештар дар бораи ЮНИСЕФ ва кори он барои кӯдакон аз www.unicef.org боздид кунед

ЮНИСЕФ-ро дар TwitterFacebookInstagram ва YouTube пайгирӣ кунед.