Мавқеъҳои маъмули синамаконӣ

5 роҳҳои бароҳат кардани синамаконӣ барои шумо ва кӯдаки шумо.

-
ЮНИСЕФ
03 Август 2023

Бо вуҷуди он, ки кӯдакон бо рефлекси ҷустуҷӯи синаи модар таваллуд мешаванд, бисёрии модарон ба ҷойгиркунии кӯдаки худ барои синамаконӣ ва дуруст пайвастани кӯдак ба синаи модар ба дастгирӣ ниёз доранд. Синамаконӣ ҳам азмодарон ва ҳам аз кӯдакон вақт ва таҷрибаро талаб мекунад!

Ҳамчун кӯмак ба ҳардуи шумо барои гирифтани манфиати бештар аз синамаконӣ, дар поён якчанд (аз бисёриҳо!) усулҳои ҷобаҷокунии кӯдак барои синамаконӣ оварда шудаанд, ки метавонед аз онҳо истифода баред.

Дар хотир доред, ки чизи аз ҳама муҳим ин ба хуби ғизо гирифта тавонистани кӯдаки шумо мебошад. Пеш аз фаҳмидани он, ки кадом усули ҷойгирикунии кӯдак барои ҳардуи шумо беҳтар аст, якчанд кӯшишҳо анҷом дода метавонед.

Агар дар бораи синамаконӣ ягон савол ё нигаронӣ дошта бошед, ҳатман ба момодоя, мутахассиси синамаконӣ ё дигар корманди тиб муроҷиат кунед.

Маслиҳатҳо оид ба синамаконӣ

Аломатҳои дуруст пайвастани кӯдак ба синаи модар

  • Таҷрибаи бароҳат бидуни дард.
  • Дар болои даҳони кӯдак нисбат ба поёни даҳонаш ареолаи сина бештар дида мешавад.
  • Даҳони кӯдакатон васеъ кушода аст.
  • Лаби поёнии кӯдак ба берун нигаронида шудааст.
  • Манаҳи кӯдак ба синаи шумо мерасад ё қариб ки мерасад.

Аломатҳои ҷойгиркунии хуб

  • Сар ва тани кӯдаки шумо дар як сатҳи баробар қарор доранд. Агар сари кӯдак тоб хӯрда бошад ё хам бошад, ӯ наметавонад ба осонӣ ширро макад ё фурӯ барад.
  • Кӯдакро ба бадани худ бояд наздик нигоҳ дошт. Агар кӯдак аз бадани шумо дур бошад, ӯ наметавонад синаро хуб гирад.
  • Тамоми бадани кӯдакро аз пушташ бо ёрии дастонатон нағз нигоҳ доред. Ин кор махсусан барои кӯдакони навзод ва кӯдакони хурдсол муҳим аст. Барои кӯдакони калонтар одатан доштани қисми болоии бадани онҳо кифоя аст.
  • Ҳангоми наздик шудан ба сина аввал бинии кӯдакатон ба пистони сина мерасад ва ҳамин тавр ӯ ба сина аз поёни пистон наздик мешавад.

Аломатҳои макидани самаранок

  • Кӯдаки шумо оҳиста ва чуқур мемакад, баъзан меистад.
  • Шумо метавонед бубинед ё бишнавед, ки кӯдаки шумо чи тавр пас аз як ё ду макидан ширро фурӯ мебарад.
  • Макидани он барои шумо бароҳат ва бедард аст.
  • Ҳангоме ки кӯдаки шумо макиданро ба итмом мерасонад, синаро сар медиҳад ва қаноатманду ором ба назар мерасад.
  • Синаатон пас аз ширдиҳӣ мулоимтар мешавад.

Бартариятҳои тамоси "пӯст ба пӯст"

  • Ин ҳам ба шумо ва ҳам ба кӯдакатон оромӣ мебахшад ва ҳардуятонро бароҳат мекунад.
  • Амали "пӯст ба пӯст" ҳарорат, набзи дил ва нафаскашии кӯдакатонро танзим мекунад.
  • Ин ба шавқмандӣ ба ғизогирӣ ва ҳазмкунии ғизо мусоидат мекунад.
  • Ин барои муҳофизат аз сироятёбӣ кӯмак мекунад.

Мавқеъҳо ҳангоми синамаконӣ

Breastfeeding positions
ЮНИСЕФ
1. “Гаҳвора”

"Гаҳвора" маъмултарин мавқеъ аст ва барои таъмини ғизои гуворо ва наздикшавии ҳардуятон кӯмак мекунад.

  • Дар ҷое бо такягоҳ нишинед, то ки дастатон дар баландии дуруст нигоҳ дошта шавад, ба монанди курсии дастадор ё диван. Ҳангоми зарурат, шумо метавонед барои доштани дастони худ болиштҳоро истифода баред.
  • Кӯдакро дар болои зону ва сарашро дар каҷии бозуи худ ҷойгир кунед.
  • Қафаси синаи кӯдакро ба муқобили қафаси синаи нигоҳ доред, то ӯ барои ҷустуҷӯи сина сарашро ба тарафи сина нагардонад. Ҳангоми зарурат болиштҳоро барои доштани сари кӯдаки худ истифода баред.
A mother breastfeeding her baby2
ЮНИСЕФ
2. "Гаҳвораи баръакс"

Ин мавқеъ ҳангоми омӯзиши аввалини синамаконӣ муфид аст ва як роҳи беҳтарин барои синамаконии кӯдакони хурдсол аст. Ин ба шумо барои хуб нигоҳ доштани сари кӯдак ва барои хуб пайвастани кӯдак ба пистони сина имкон медиҳад.

Ин усулро ҳамчун баръакси усули "гаҳвора" ҳисобида метавонед. Барои гузоштан ба мавқеи "гаҳвораи баръакс", кӯдакро ба самти муқобили мавқеъи "гаҳвора" ҷойгир кунед, то сараш на дар каҷии бозу вале дар дастатон бошад.

A mother breastfeeding her baby3
ЮНИСЕФ
3. "Тӯби футбол" ё "тӯби регби" (зери бағал)

Агар синаатон варам карда бошад ё пистони синаатон дардманд шуда бошад, ин дар шароити шумо як мавқеи беҳтарин аст. Мавқеи "тӯби футбол" ё "тӯби регби" ба пешгирии баста шудани каналҳо кӯмак мекунад ва кӯдакро тавре ҷойгир мекунад, ки каналҳои поёниро холӣ кунад – ин усул барои ҳардуи шумо бурднок аст!

  • Ба паҳлӯ нигаронида, кӯдакро мисли тӯби футбол ё тӯби регби дар баробари бозуи худ нигоҳ доред, то бадани кӯдак дар дасти шумо хобад ва рӯяш ба синаатон нигаронида шуда бошад.
  • Пойҳои кӯдакро зери дастатон ҷойгир кунед.
  • Бо дасти дигар синаатонро доред.

Мавқеи "тӯби футбол" ё "тӯби регби", инчунин, вақте муфид аст, ки агар шумо чоки қайсар (кесарево сечение) дошта бошед ва ҳангоми синамаконӣ кӯдакро ба шикаматон гузошта натавонед.

A mother breastfeeding her baby4
ЮНИСЕФ
4. Мавқеъи "Ба паҳлӯ хобида"

Агар ба шумо ва кӯдакатон хобидан бештар бароҳат бошад, ин мавқеъи беҳтаринро истифода кунед.

  • Дар як паҳлӯ хобед ва кӯдакро дар як паҳлӯ хобонед, рӯяшро ба тарафи худ нигаронед, сарашро ба назди синаатон гузоред.
  • Ба пуштатон болишт гузоред ва таваҷҷӯҳ кунед, ки бинии кӯдакатон маҳкам нашуда бошад.
A mother breastfeeding her baby5
ЮНИСЕФ
5. Мавқеъи “Такя бар хоб”

Агар кӯдаки шумо дар пайвастан ба сина душворӣ кашад ё ноором бошаду гиря кунад, ин мавқеи оромкунандаро санҷед. Дар асл, ин мавқеъро баъзан "парвариши биологӣ" низ меноманд.

  • Болиштҳоро ба пушти худ гузошта ба қадри кофӣ ба қафо такя кунед, то кӯдаки шумо комилан ба болои бадани такязадаи на он қадар ҳамвори шумо хоб  кунад.
  • Кӯдаки худро ба болои қафаси синаи худ гузоред. Барои ба роҳ мондани тамоси  "пӯст ба пӯст", кӯдаки урёнро ба синаи урёни худ гузоред ва аз муошират бо кӯдаки худ лаззат баред.

Ин лаҳзаи махсусро, ки шумо кӯдаки худро ғизо медиҳед ва ба ӯ наздик мешавед, қадр кунед. Инчунин, дар хотир доред, ки азхудкунии синамаконӣ вақтро талаб мекунад! Батоқат бошед ва агар лозим бошад, ҳамеша ба мутахассиси тиббии худ барои дастгирӣ муроҷиат кунед.