Изҳороти муштараки Директори иҷроияи ЮНИСЕФ Кэтрин Рассел ва Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ доктор Тедрос Адҳаном Гебрейесус ба муносибати Ҳафтаи ҷаҳонии дастгирии синамаконӣ

Аз кишварҳо даъват ба амал оварда мешавад, ки дастгирии синамаконӣ ва низомҳои тандурустиро тақвият бахшанд, то ҳар як кӯдак бо оғози солими зиндагӣ таъмин гардад.

06 Август 2026
Breastfeeding
UNICEF/Tajikistan/

Женева / Ню-Йорк, 31 июли соли 2026. То ҳол шумораи зиёди модарон ва оилаҳо дар саросари ҷаҳон ба хизматрасониҳо ва тадбирҳое, ки синамакониро имконпазир ва дастгирӣ мекунанд, дастрасӣ надоранд.

Бо вуҷуди ин, синамаконӣ яке аз соддатарин ва пурқувваттарин роҳҳои ҳифзи саломатии кӯдак мебошад. Он кӯдакони навзод ва хурдсолро бо ғизои зарурӣ таъмин намуда, масуниятро тақвият медиҳад, аз бемориҳои ҷиддӣ муҳофизат мекунад ва рушди қобилиятҳои зеҳниро дастгирӣ менамояд.

Ба саломатии модарон низ синамаконӣ манфиатҳои муҳим дорад. Он хатари гирифторшавӣ ба бемориҳои ғайрисироятӣ, аз ҷумла саратони сина, саратони тухмдон ва диабети навъи 2-ро коҳиш медиҳад.

Хушбахтона, сатҳи синамаконӣ дар ҷаҳон рӯ ба афзоиш аст. Сатҳи синамаконии кӯдаконе, ки дар шаш моҳи аввали ҳаёт танҳо аз шири модар ғизо мегиранд, аз  тақрибан 37 фоиз дар соли 2012 то беш аз 47 фоиз имрӯз афзоиш ёфтааст. Дар панҷ соли охир ҳиссаи кӯдаконе, ки то ду солагӣ бо шири модар ғизо мегиранд, аз 38 фоиз то 50 фоиз расидааст.

Ин дастовардҳо нишон медиҳанд, ки сармоягузории пайваста ба сиёсатҳо ва барномаҳои дастгирии модарон ва оилаҳо натиҷа медиҳад. Бо вуҷуди ин, пешрафт дар кишварҳои гуногун яксон нест ва бисёр давлатҳо ҳанӯз аз нишондиҳандаҳои ҷаҳонӣ ақиб мондаанд. Фарогирии хизматрасониҳои дастгирии синамаконӣ ҳанӯз ҳам паст аст, татбиқи сиёсати дахлдор на ҳамеша пурра таъмин мешавад ва сифати хизматрасониҳо, махсусан дар кишварҳои камдаромад, минтақаҳои осебпазир ва шароити башардӯстона аксаран нокифоя мебошад.

Далелҳои илмӣ равшананд: тадбирҳои самаранок ва аз ҷиҳати хароҷот асоснок аз дастгирии соҳибтахассуси синамаконӣ дар низоми тандурустӣ, машваратҳои ҷомеамеҳвар, сиёсати ҳифзи ҳуқуқи модарон дар давраи ҳомиладорӣ ва таваллуд, инчунин ҳифз аз маркетинги истисмории ҷойгузинҳои шири модар иборат мебошанд.

Натиҷаҳои чунин сармоягузорӣ хеле назаррасанд. Тавсеаи дастгирии синамаконӣ метавонад ҳамасола тақрибан аз марги 400 ҳазор кӯдак ва 140 ҳазор модар пешгирӣ намояд. Ҳар як 1 доллари ИМА, ки барои пешбурди синамаконӣ сармоягузорӣ мешавад, метавонад тақрибан 59 доллари ИМА фоидаи иқтисодӣ оварад. Ин аз ҳисоби коҳиши хароҷоти тандурустӣ, беҳтар шудани рушди зеҳнӣ, баланд шудани сатҳи таҳсил ва зиёд гардидани даромади одамон дар тӯли ҳаёт ба даст меояд.

Имсол Ҳафтаи ҷаҳонии дастгирии синамаконӣ таҳти шиори «Синамаконӣ барои оғози устувори зиндагӣ: он чиро, ки самар медиҳад, таҳким мебахшем» баргузор мешавад. Ба ин муносибат ЮНИСЕФ ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ кишварҳоро даъват менамоянд, ки:

Низоми тандурустиро тақвият бахшанд, то ба модарон ва навзодон дастгирии босифати синамаконӣ пешниҳод гардад;
Машваратҳои ҷомеамеҳвар ва барномаҳои дастгирии ҳамсолонро густариш диҳанд;
Кодекси байналмилалии маркетинги ҷойгузинҳои шири модарро пурра татбиқ ва назорат намоянд;
Ба рухсатии пулакӣ барои нигоҳубини кӯдак ва сиёсати дастгирии модарон дар ҷойи кор сармоягузорӣ кунанд;
Дастгирии синамакониро ба хизматрасониҳои тиббии пеш аз таваллуд, ҳангоми таваллуд ва баъд аз таваллуд пурра ҳамгиро намоянд;
Дастгирии синамакониро дар шароити башардӯстона ва минтақаҳои осебпазир идома диҳанд.

Синамаконӣ аҳамияти ҳаётан муҳим дорад. Бо сармоягузорӣ ба роҳи ҳалҳои исботшуда мо метавонем барои ҳар як кӯдак беҳтарин оғози зиндагиро фароҳам оварем ва кафолат диҳем, ки ҳар як модар ғамхорӣ ва хизматрасониҳои заруриро дастрас намояд.»

 

Тамос барои васоити ахбори омма

Далер Додоҷонов
Мутахассис оид ба иртибот
ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Тел: +992939990096
Почтаи электронӣ: [email protected]

Дар бораи ЮНИСЕФ

ЮНИСЕФ дар баъзе гӯшаҳои душвортарини ҷаҳон фаъолият мекунад, то кӯдакони маҳрумтарини ҷаҳонро фаро гирад. Дар зиёда аз 190 кишварҳо ва ҳудудҳо мо ба хотири ҳар кӯдак, дар ҳама ҷо кор мекунам то барои ҳамагон ҷаҳони беҳтарро созмон диҳем.

Барои маълумоти бештар дар бораи ЮНИСЕФ ва кори он барои кӯдакон аз www.unicef.org боздид кунед

ЮНИСЕФ-ро дар TwitterFacebookInstagram ва YouTube пайгирӣ кунед.

Дар бораи ТУТ

Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ), ки фаъолияти худро ба хотири беҳбудии некӯаҳволии тамоми одамон ва дар асоси дастовардҳои илм роҳандозӣ мекунад, саъю кӯшишҳои ҷаҳониро роҳбарӣ ва ҳамоҳанг месозад, то ҳар як инсон, дар ҳар гӯшаи ҷаҳон, имконияти баробар барои зиндагии солим ва бехатар дошта бошад.

ТУТ муассисаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи тандурустӣ мебошад, ки кишварҳо, шарикон ва мутахассисони дар хатти пеши мубориза фаъолиятдоштаро дар зиёда аз 150 кишвар ва минтақа ба ҳам мепайвандад. Созмон ба вокуниши ҷаҳонӣ ба ҳолатҳои фавқулодаи соҳаи тандурустӣ роҳбарӣ мекунад, бемориҳоро пешгирӣ менамояд, сабабҳои аслии мушкилоти саломатиро бартараф месозад ва дастрасӣ ба доруворӣ ва хизматрасониҳои босифати тиббиро васеъ мекунад. Вазифаи мо мусоидат ба беҳбудии саломатӣ, таъмини амнияти ҷаҳон ва ҳифзи гурӯҳҳои осебпазир мебошад.

«Якҷо барои саломатӣ. Якҷо бо илм» — шиори Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ – 2026 мебошад, ки оғози маъракаи яксоларо барои таъкид намудани нақши илм ҳамчун асоси ҳифзи саломатӣ ва некӯаҳволии мардум дар саросари ҷаҳон ифода мекунад.