Бартараф кардани монеъаҳо сӯи ояндаи солим
Чӣ тавр ЮНИСЕФ ва USAID ба як табиби деҳотӣ барои дастгирии ҷомеаи ӯ дар масъалаи синамаконӣ ва ғизои иловагӣ тавассути омӯзиш оид ба ғизои модарон, навзодон ва кӯдакон кӯмак карданд.
"Тобистон дар деҳаи мо хеле гарм ва хушк аст ва ман медонам, ки кӯдаки семоҳаи ман низ мисли мо калонсолон ташна мешавад ва ман бояд ӯро шир диҳам. Шири аввалине, ки пас аз ҳар як хӯрдан мебарояд, об дорад, ки ташнагии тифлро мешиканад ва ӯро аз сироятҳо эмин медорад, — мегӯяд Сангимоҳи Маҳмадулло, модари духтараки семоҳа. «Духтури ман Шоев Даврон ба ман дар бораи муҳимияти синамаконӣ ва фоидаи шири модар маслиҳат доданд».
Доктор Даврон дар як маркази тиббии маҳаллӣ дар деҳаи Нурободи ноҳияи Мӯъминобод кор мекунад. Нуробод деҳаи дурдастест, ки аз маркази ноҳия дуртар ҷойгир буда дар гирду атрофи он теппаҳои пасту баланд мавҷуданд. Нуробод тобистони гарму хушк ва зимистони намнок ва хунук дорад. Дар ин деҳаи дурдаст маслиҳат додан ба модарони синамакон - бахши муҳими кори ҳаррӯзаи доктор Даврон аст. Ӯ мегӯяд, ки синамаконӣ ва ғизои кӯдакон дар маҳаллааш ба талабот ҷавобгӯ нестанд, ва аз мушкилоти маъмулии модарон ёдовар мешавад.
Дар Тоҷикистон ҳамагӣ 36 фоизи модарон дар шаш моҳи аввал кӯдакони худро танҳо шири сина медиҳанд, ва танҳо 9 фоизи кӯдакони аз 6 то 23 моҳа ғизои мукаммал мегиранд. Зери ин тарзи нокифояи ғизо дар байни модарон дар бораи ғизои дуруст барои худ ва таҷрибаҳои ғизодиҳии фарзандонашон маълумоти умумӣ вуҷуд надорад. Бисёре аз модарон аксар вақт иштибоҳан боварӣ доранд, ки шири сина кофӣ нест ва ба фарзандони худ омехтаҳои сунъии ширӣ ва дигар моеъҳоро медиҳад.
Гузашта аз ин, модарони синамакон, бахусус, аз оилаҳои калон, аксар вақт бо сабаби кори зиёд доштан, барои нишастан ва кӯдакро дуруст ғизо додан вақти кофӣ надоранд. Аз ин рӯ, онҳо дар як вақт ҳамагӣ 10 дақиқа шири сина медиҳанд, ки кӯдакро қаноатманд намекунад. Илова бар ин, бисёре аз модарон намедонанд, ки кай ба кӯдаки худ ғизои иловагиро диҳанд, ки норасоии шири модарро пурра мекунад ва барои он чӣ омода кардан лозим аст.
Дар бисёре аз ҷамоатҳо, ба монанде, ки доктор Даврон дар он ҷо кор мекунад, модарон ба ҷорӣ кардани ғизои иловагӣ хеле барвақт, пеш аз 6 моҳагӣ шурӯъ мекунанд. Ҳангоми омода кардани хӯрок онҳо фақат аз як гурӯҳи ғизо, асосан крахмалҳо истифода мебаранду, аз дигар гурӯҳҳо, аз қабили манбаъҳои ғизои аз сафеда бой ва меваю сабзавотҳои дорои витамини А истифода намекунанд. Мутаассифона, ин амал метавонад ба шаклҳои гуногуни камғизоӣ дар кӯдакони хурдсол оварда расонад.
Доктор Даврон барои кӯмак ба модарони синамакон ба омӯзиш дар мавзӯи Ғизои модарон, навзодон ва кӯдакони хурдсол (ҒМНКХ), ки дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон аз ҷониби ЮНИСЕФ бо дастгирии молиявии USAID пешкаш шуда буд, иштирок кард. Дар рафти омӯзиш Даврон ва ҳамкорони ӯ на танҳо дониши худро оид ба синамаконӣ, ғизои модарон ва ғизои иловагӣ васеъ намуданд, балки малакаҳои машваратии фардӣ оид ба ғизо, ки ба эҳтиёҷоти хоси модарони ҳомила ва синамакон мутобиқ карда шудаанд, пайдо намуданд.
«Дар рафти омӯзиш ман дар бораи ғизои модарон ва кӯдакон бисёр чизҳоро омӯхтам, аммо аз ҳама таъсирбахшаш барои ман омӯхтани фосилаи оптималии тавсияшудаи байни хоҳарону бародарон буд, ки се сол аст. Ин давра ба волидайн имкон медиҳад, ки вақти босифат, нерӯ ва таваҷҷӯҳро ба ҳар як кӯдак сарф кунанд. Илова бар ин, он метавонад ба волидайн вақт диҳад, то аз фишори ҷисмонӣ ва эҳсосии давраи ҳомиладорӣ, таваллуди кӯдак ва тарбияи барвақти кӯдак барқарор шаванд”, мегӯяд доктор Даврон.
Доктор Даврон дар давоми омӯзиши шашрӯза дониши худро васеъ карда, пур аз қувва ба деҳааш баргашт то барои ҷомеаи худ хизмат кунад. Оилаҳое, ки кӯдакони хурдсол доранд, ҳар рӯз ба назди ӯ омада, оид ба синамаконӣ ва ғизои иловагӣ маслиҳату машваратҳои пурарзиш мегиранд.
"Донишҳои наве, ки дар рафти омӯзиш ба даст овардаам, ба ман кӯмак мекунад, ки ба занони ҳомила ва модарони ҷавон ба хотири ояндаи умумии миллат маслиҳат диҳам. Мардум ба сухани мо гӯш медиҳанд ва ба маслиҳати мо амал мекунанд. Фарзанди солим - миллати солим!" — мегӯяд доктор Даврон.
Сармоягузорӣ ба афзоиши доимии иқтидори кормандони соҳаи тиб метавонад ба беҳтар шудани хизматрасониҳо оид ғизо мусоидат кунад ва дар навбати худ кафолат диҳад, ки модарони ҳомила ва синамакон, новобаста аз он ки дар куҷо зиндагӣ мекунанд, барои солим нигоҳ доштани худ ва кӯдакони худ дастгирии заруриро доранд.
Дар Тоҷикистон, новобаста аз пешрафти устувор дар афзоиши иқтисод ва паст гардидани сатҳи камбизоатӣ, камғизоӣ дар ҳамаи шаклҳояш ва байни тамоми қишрҳои ҷомеа муаммои муҳими тандурустии ҷомеа боқӣ мемонад. Мушкилоти қадпастӣ ва лоғарӣ дар кишвар боқӣ мемонад, дар ҳоле ки бемориҳои марбут ба вазни зиёдатӣ ва фарбеҳӣ рӯ ба афзоиш доранд, аммо сатҳи норасогии витаминҳо ва маъданҳо бетағйир боқӣ мемонанд. Ҳангоме, ки кӯдакон ва занони осебпазир дар лаҳзаҳои муҳими ҳаёташон, аз қабили ҳомиладорӣ ва ду соли аввали ҳаёти кӯдак, ғизои нокифоя мегиранд, на танҳо саломатӣ ва некӯаҳволии онҳо, балки саломатӣ ва некуаҳволии насли оянда низ зери хатар қарор дорад, ки ин дар натиҷа миллатро зери хатар мегузорад.
Бо мақсади ҳал кардани муаммоҳои мазкур ва дастгирӣ намудани Ҳукумати Тоҷикистон дар мубориза бо бори сегонаи камғизоӣ, ЮНИСЕФ, бо дастгирии молиявӣ USAID, барномаи сесоларо (2023-2025) оид ба васеъ намудани хизматрасонии ғизои модару кӯдак ва нигоҳубини занони ҳомилаю ширмаккон ва кӯдакони то синни панҷсола, парасторон ва аъзоёни оилаи занони ҳомиладор ва кӯдакони хурдсол, дар вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе, оғоз намуд.