Дар ҳафтаи умумиҷаҳонии синамаконӣ, ЮНИСЕФ ва СУТ даъват мекунанд, ки дастрасии баробар ба дастгирии синамаконӣ таъмин карда шавад

Кэтрин Расселл (Директори иҷроияи ЮНИСЕФ) ва Тедрос Адханом Гебрейесус (Директори генералии СУТ)

01 Август 2024
Breastfeeding
UNICEF/Tajikistan

НЮ-ЙОРК / ЖЕНЕВА, 1 августи соли 2024 - “Дар 12 соли охир шумораи кӯдакони то шашмоҳа дар саросари ҷаҳон, ки танҳо аз шири модар ғизо мегиранд, беш аз 10 фоиз афзудааст. Ин маънои онро дорад, ки дар айни замон 48 фоизи кӯдакон дар саросари ҷаҳон имконияти оғози зиндагии солимро доранд. Ин маънои онро дорад, ки ҳаёти садҳо ҳазор кӯдакон ба шарофати синамаконӣ наҷот дода шудаанд.

“Сарфи назар аз он, ки ин ҷаҳиши назаррас моро барои ноил шудан ба ҳадафи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар бораи то соли 2025 афзоиш додани синамаконӣ ҳадди ақал то 50 фоиз наздик мекунад, муаммоҳои доимие мавҷуданд, ки бояд ҳал карда шаванд.

"Вақте ки модарон дастгирии барои синамаконӣ лозимаро мегиранд, ин ба манфиати ҳамагон аст. Тибқи маълумоти охирини мавҷуда, беҳтар кардани нишондиҳандаҳои синамаконӣ метавонад дар як сол ҳаёти беш аз 820 000 кӯдакро наҷот диҳад.

"Дар ин давраи муҳими афзоиш ва инкишофи бармаҳал, ҷисмҳои бегонае (антитела), ки дар шири модар мавҷуданд, кӯдаконро аз беморӣ ва марг муҳофизат мекунанд. Махсусан, ин дар ҳолатҳои фавқулодда, вақте ки синамаконӣ манбаи ғизои бехатар, ғизодиҳанда ва дастрасро барои кӯдакон ва тифлакони хурдсол кафолат медиҳад, муҳим аст. Синамаконӣ вазнинии бемориҳои кӯдакон ва хавфи пайдоиши баъзе намудҳои бемории саратон ва бемориҳои ғайрисироятӣ дар модаронро коҳиш медиҳад.

"Дар доираи Ҳафтаи мазкури умумиҷаҳонии синамаконӣ таҳти мавзӯи «Барҳам додани фосила: Дастгирии синамаконӣ барои ҳамагон», ЮНИСЕФ ва СУТ зарурати такмил додани дастгирии синамаконӣ ҳамчун тадбири бештар муҳим барои коҳиш додани нобаробарӣ дар самти тандурустӣ ва ҳифзи ҳуқуқи модарон ва кӯдаконро барои зинда мондан ва инкишоф ёфтан таъкид мекунанд.

“Аз рӯи арзёбӣ, тақрибан 4,5 миллиард одамон, ки ин беш аз нисфи аҳолии ҷаҳон мебошад, аз хизматрасониҳои асосии тиббӣ пурра фарогир нестанд, бинобар ин, бисёрии занон дастгирии барои ба таври оптималӣ зарурии синамакониро намегиранд. Ин дастрасиро ба маслиҳатҳо ва машваратҳои тиббии касбӣ, хайрхоҳ ва эҳтиромона дар тӯли тамоми давраи синамаконии зан дар бар мегирад.

“Ҷамъоварии эътимодноки маълумот ин калиди ҳалли муаммои нобаробарӣ дар соҳаи тандурустӣ ва таъмин намудани модарон ва оилаҳо бо дастгирии саривақтӣ ва самараноки синамаконӣ мебошад. Дар айни замон, танҳо нисфи тамоми кишварҳо дар бораи нишондиҳандаҳои синамаконӣ маълумот ҷамъоварӣ мекунанд. Барои дастгирӣ намудани пешравӣ, маълумот инчунин барои дастрасӣ ба тадбирҳои сиёсӣ, ки барои синамаконӣ имкон медиҳад, зарур аст, ба монанди сиёсати шуғли дӯстона барои оила, танзими маркетинги маҳсулоти ивазкунандаи шири модар ва сармоягузорӣ ба синамаконӣ. Такмили низомҳои мониторинг барои баланд бардоштани самаранокии сиёсатҳо ва барномаҳо оид ба синамаконӣ, баланд бардоштани самаранокии раванди қабули қарорҳо ва таъмини маблағгузории дахлдори низомҳои дастгирӣ мусоидат мекунад.

"Вақте ки синамаконӣ ҳифз ва дастгирӣ карда мешавад, эҳтимолияти синамаконии занон ба кӯдакони худ беш аз ду маротиба зиёдтар аст. Ин масъулияти умумӣ аст. Оилаҳо, ҷамоатҳо, кормандони соҳаи тандурустӣ, сиёсатмадорон ва дигар қабулкунандагони қарор тавассути зерин нақши муҳим мебозанд:

  • Афзоиши сармоягузорӣ ба барномаҳо ва сиёсатҳое, ки синамакониро тавассути буҷетҳои махсуси миллӣ ҳифз ва дастгирӣ мекунанд.
  • Татбиқ ва мониторинги сиёсат дар ҷойҳои корӣ, ки ба оила нигаронида шудааст, ба монанди рухсатии ҳомиладории пардохтшаванда, танаффусҳо барои синамаконӣ ва дастрасӣ ба нигоҳубини арзон ва босифати кӯдакон.
  • Таъмини ҳифз ва дастгирии синамаконии модароне, ки тибқи эҳтиёҷоти беназирашон, аз ҷумла, машварати саривақтӣ ва муассир оид ба синамаконӣ дар доираи суғуртаи оддии синамаконӣ, дар гурӯҳи хавфи ҳолатҳои фавқулодда ё дар ҷамоатҳои кам намояндагишуда қарор доранд.
  • Такмили мониторинги барномаҳо ва сиёсатҳо оид ба синамаконӣ бо мақсади огоҳ кардан ва минбаъд баланд бардоштани нишондиҳандаҳои синамаконӣ.
  • Таҳия ва татбиқи қонунҳое, ки маркетинги маҳсулоти ивазкунандаи шири сина, аз ҷумла таҷрибаҳои маркетинги рақамиро маҳдуд мекунанд, бо мониторинги мунтазам пешниҳод намудани ҳисобот дар бораи вайронкунии Кодекс."

Тамос барои васоити ахбори омма

Далер Додоҷонов
Мутахассис оид ба иртибот
ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Тел: +992939990096
Почтаи электронӣ: [email protected]

Дар бораи ЮНИСЕФ

ЮНИСЕФ дар баъзе гӯшаҳои душвортарини ҷаҳон фаъолият мекунад, то кӯдакони маҳрумтарини ҷаҳонро фаро гирад. Дар зиёда аз 190 кишварҳо ва ҳудудҳо мо ба хотири ҳар кӯдак, дар ҳама ҷо кор мекунам то барои ҳамагон ҷаҳони беҳтарро созмон диҳем.

Барои маълумоти бештар дар бораи ЮНИСЕФ ва кори он барои кӯдакон аз www.unicef.org боздид кунед

ЮНИСЕФ-ро дар TwitterFacebookInstagram ва YouTube пайгирӣ кунед.

Дар бораи СУТ

Бо ғамхорӣ дар бораи некӯаҳволии ҳамаи одамон ва роҳнамоии илм, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ талошҳои глобалиро барои фароҳам овардани имконияти баробар баҳри ҳаёти бехатар ва солим ба ҳамагон ва дар ҳама ҷо роҳбарӣ ва дастгирӣ мекунад. Мо агентии СММ оид ба тандурустӣ мебошем, ки кишварҳо, шарикон ва одамонро дар сафҳои пеши беш аз 150 ҷой муттаҳид намуда, дар вокуниши ҷаҳон ба ҳолатҳои фавқулоддаи тандурустӣ, пешгирии бемориҳо, рафъи сабабҳои аслии мушкилоти саломатӣ ва тавсеаи дастрасӣ ба доруҳо ва ёрии тиббиро роҳбарӣ мекунад. Миссияи мо аз таҳкими саломатӣ, таъмини амният дар саросари ҷаҳон ва пешниҳоди хизматрасонӣ ба табақаҳои осебпазири аҳолӣ иборат мебошад.

Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи СУТ, ба сомонаи www.who.int ташриф оред ва ба СУТ дар TwitterFacebookInstagramLinkedInTikTokPinterestSnapchatYouTube, Twitch обуна шавед