Дар Ҳафтаи умумиҷаҳонии синамаконӣ аз кишварҳо даъват мешавад, ки ба низомҳои тандурустӣ сармоягузорӣ кунанд ва модарони синамаконро дастгирӣ намоянд
Изҳороти муштараки директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ доктор Тедрос Адҳаном Гебреюсус ва директори иҷроии ЮНИСЕФ Кэтрин Рассел
ЖЕНЕВА/НЮ-ЙОРК, 4 августи соли 2025 - Синамаконӣ яке аз роҳҳои муассиртарини кафолати саломатӣ, рушд ва зинда мондани навзод дар марҳилаҳои аввали ҳаёт мебошад. Он ҳамчун ваксинаи аввалин барои навзодон амал мекунад ва аз бемориҳо, аз ҷумла дарунравӣ ва пневмония ҳимоят мекунад.
Сармоягузорӣ ба синамаконӣ ин сармоягузорӣ барои оянда аст, аммо танҳо 48 дарсади кӯдакони то шашмоҳа шири модар мехӯранд, ки ин аз ҳадафи 60 дарсадии Ассамблеяи ҷаҳонии тандурустӣ то соли 2030 хеле паст аст. Ин ба мушкилоти ба ҳам печида барои занони нав модаршуда, кормандони соҳаи тиб ва низомҳои тандурустӣ вобаста аст.
Миллионҳо модар дар саросари ҷаҳон дар муассисаҳои тиббӣ кумаки саривақтӣ ва ботахассус дарёфт намекунанд, вақте ки ба онҳо бештар ниёз доранд.
Танҳо панҷяки кишварҳо барои табибон ва ҳамшираҳои шафқат, ки модарони ҷавонро нигоҳубин мекунанд, дар бораи синамаконӣ ва ғизодиҳии кӯдакони хурдсол омӯзиш баргузор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки аксарияти модарон дар ҷаҳон бидуни гирифтани тавсияи муносиб дар бораи чӣ гуна додани шири сина ба кӯдакони худ ва кай оғоз кардани ғизои иловагӣ беморхонаҳоро тарк мекунанд.
Дар бисёр кишварҳо, низомҳои тандурустӣ аксари вақтҳо бо норасоии захираҳо дучор ҳастанд, дар баробари ин онҳо пароканда ҳастанд ё барои таъмини дастгирии босифат, пайдарпай ва дорои илмӣ ҷиҳати синамаконӣ ба таври кофӣ муҷаҳҳаз нестанд.
Сармоягузорӣ барои дастгирии синамаконӣ хеле паст боқӣ мемонад, сарфи назар аз он ки ҳар як доллари сарфшуда дар оянда 35 доллари ИМА фоидаи иқтисодӣ меорад.
Ҳангоми таҷлили Ҳафтаи ҷаҳонии синамаконӣ таҳти шиори «Ба синамаконӣ таваҷҷуҳи афзалиятдор диҳед: низомҳои устувори дастгириро эҷод кунед», СҶТ ва ЮНИСЕФ аз ҳукуматҳо, роҳбарони соҳаи тандурустӣ ва шарикон даъват мекунанд, ки ба соҳаи дастгирии босифати синамаконӣ сармоягузорӣ кунанд, аз тариқи:
• Таъмини сармоягузории кофӣ ба нигоҳубини одилона ва босифат ба модарон ва навзодон, аз ҷумла хидматрасонӣ барои дастгирии синамаконӣ.
• Зиёд кардани маблағгузорӣ аз буҷети миллӣ барои барномаҳои синамаконӣ.
• Ҳамгиросозии машваратдиҳӣ ва дастгирии синамаконӣ ба хизматрасониҳои стандартӣ ҷиҳати ҳифзи саломатии модару кӯдак, аз ҷумла нигоҳубини пеш аз таваллуд, дар вақти таваллуд ва пас аз таваллуд.
• Таъмини ҳамаи таъминкунандагони хидматрасонии тиббӣ бо малакаҳо ва донишҳои зарурӣ барои дастгирии синамаконӣ, аз ҷумла дар шароити фавқулодда ва буҳронҳои гуманитарӣ.
• Мустаҳкам намудани низомҳои тандурустӣ дар ҷомеаҳои маҳаллӣ барои ба ҳар модари ҷавон таъмин кардани дастгирии доимӣ ва дастрас ҷиҳати синамаконӣ то ду сол ва бештар аз он.
• Фароҳам кардани ҳимояи синамаконӣ тавассути татбиқ кардани Кодекси байналмилалии маркетинги маҳсулоти ивазкунандаи шири модар дар ҳамаи муассисаҳо ва низомҳои тандурустӣ.
Мустаҳкам намудани низомҳои тандурустӣ барои дастгирии синамаконӣ на танҳо як чораи ҳифзи саломатӣ, балки як амри ахлоқӣ ва иқтисодӣ ҳам мебошад. СҶТ ва ЮНИСЕФ ба монанди замони гузашта барои дастгирии кишварҳо ҷиҳати бунёди низомҳои устувори тандурустӣ уҳдадор ҳастанд, ки ҳеҷ модар ё ҳеҷ кӯдак дар канор гузошта нашавад.
Тамос барои васоити ахбори омма
Дар бораи ЮНИСЕФ
ЮНИСЕФ дар баъзе гӯшаҳои душвортарини ҷаҳон фаъолият мекунад, то кӯдакони маҳрумтарини ҷаҳонро фаро гирад. Дар зиёда аз 190 кишварҳо ва ҳудудҳо мо ба хотири ҳар кӯдак, дар ҳама ҷо кор мекунам то барои ҳамагон ҷаҳони беҳтарро созмон диҳем.
Барои маълумоти бештар дар бораи ЮНИСЕФ ва кори он барои кӯдакон аз www.unicef.org боздид кунед
ЮНИСЕФ-ро дар Twitter, Facebook, Instagram ва YouTube пайгирӣ кунед.
Дар бораи СУТ
Бо ғамхорӣ дар бораи некӯаҳволии ҳамаи одамон ва роҳнамоии илм, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ талошҳои глобалиро барои фароҳам овардани имконияти баробар баҳри ҳаёти бехатар ва солим ба ҳамагон ва дар ҳама ҷо роҳбарӣ ва дастгирӣ мекунад. Мо агентии СММ оид ба тандурустӣ мебошем, ки кишварҳо, шарикон ва одамонро дар сафҳои пеши беш аз 150 ҷой муттаҳид намуда, дар вокуниши ҷаҳон ба ҳолатҳои фавқулоддаи тандурустӣ, пешгирии бемориҳо, рафъи сабабҳои аслии мушкилоти саломатӣ ва тавсеаи дастрасӣ ба доруҳо ва ёрии тиббиро роҳбарӣ мекунад. Миссияи мо аз таҳкими саломатӣ, таъмини амният дар саросари ҷаҳон ва пешниҳоди хизматрасонӣ ба табақаҳои осебпазири аҳолӣ иборат мебошад.
Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи СУТ, ба сомонаи www.who.int ташриф оред ва ба СУТ дар Twitter, Facebook, Instagram, LinkedIn, TikTok, Pinterest, Snapchat, YouTube, Twitch обуна шавед.