Изҳороти Сардори намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон оид ба қабули нахустин Барномаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030.

10 Июн 2026
Child protection
UNICEF/Tajikistan/Manucher Ruziev

Имрӯз мо бо камоли хушнудӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати қабули нахустин Барномаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030  табрик менамоем. Ин дастоварди таърихӣ аз ӯҳдадории рӯзафзуни кишвар барои бунёди ҷомеае шаҳодат медиҳад, ки дар он ҳар як кӯдак метавонад дар муҳити бехатар ба воя расида, аз ҳимоя ва эҳтиром бархӯрдор бошад ва метавонад неруи худро пурра амалӣ намояд. Бо қабули нахустин Барномаи миллии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, кишвар иродаи сиёсии худро барои гузаштан аз арзишҳои муштарак ба амалҳои мушаххас нишон медиҳад ва барои ҳифзи ҳар як кӯдак низоми муассирро бунёд менамояд. Аҳамияти ин рӯйдод бо назардошти замони қабули он боз ҳам бештар мегардад. Дар ҳоле ки Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатии худро таҷлил мекунад, он ҳамоно аз ҳар ҷиҳат кишвари ҷавон боқӣ мемонад: зиёда аз 40 фоизи аҳолии онро кӯдакон ташкил медиҳанд. Ояндаи кишвар аз таҷриба, имкониятҳо ва сатҳи ҳимояе вобаста хоҳад буд, ки ин кӯдакон имрӯз ба даст меоранд. Қарорҳое, ки имрӯз ба манфиати кӯдакон қабул мешаванд, симои кишварро барои даҳсолаҳои оянда муайян хоҳанд кард.

Барномаи миллӣ нақшаи ҳамаҷонибаи таҳкими низоми ҳифзи кӯдакро пешниҳод мекунад. Он такмили қонунгузорӣ, сиёсатҳо, ниҳодҳо ва неруи кории сатҳи аввалро, ки кӯдаконро аз хатар муҳофизат мекунанд, пешбинӣ менамояд. Барнома дастрасии кӯдакон ва оилаҳоро ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ васеъ мекунад. Он муассисаҳои таълимӣ, хизматрасониҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва низоми адлияро муттаҳид месозад, то кӯдаконе, ки бо ин сохторҳо дар тамос мешаванд, ҳимояи муассир гиранд. Дар меҳвари ин Барнома як принсипи одӣ, вале муҳим қарор дорад: ҳар як кӯдак ҳуқуқ дорад дар муҳити амн, ғамхор ва дастгиркунанда, озод аз зӯроварӣ, беэътиноӣ, истисмор ва муносибати бераҳмона ба воя расад.

Ин дастовард инчунин идомаи пешрафтҳои воқеие мебошад, ки кишвар аллакай дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ба даст овардааст. Соли 2024 Тоҷикистон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро дар ҳама муҳитҳо манъ намуд. Барномаи нав қадами навбатӣ дар ин роҳ мебошад ва кафолат медиҳад, ки кӯдакон на танҳо тавассути қонунҳои рӯи коғаз, балки тавассути хизматрасониҳои дастрас, мутахассисони соҳибихтисос ва меъёрҳои иҷтимоие ҳифз карда шаванд, ки тарбияи бидуни зӯровариро ба меъёр табдил медиҳанд, на ба истисно. Манфиатҳои иқтисодии чунин сармоягузорӣ равшананд. Сармоягузорӣ ба ҳифзи кӯдак яке аз самараноктарин сармоягузориҳое мебошад, ки давлат метавонад анҷом диҳад. Кӯдаконе, ки дар муҳити амн ва дастгиркунанда ба воя мерасанд, беҳтар таҳсил мекунанд, даромади бештар ба даст меоранд ва саҳми бештар дар рушди ҷомеа мегузоранд. Самараи чунин сармоягузорӣ аз ҳамин насл оғоз ёфта, дар солҳои оянда ба таҳкими сармояи инсонӣ, ҳамбастагии иҷтимоӣ ва рушди устувор мусоидат мекунад. Ҳифзи кӯдакон хароҷоти рушд нест — он пояи рушди кишвар мебошад. 

ЮНИСЕФ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ин қадами муҳими таърихӣ самимона табрик менамояд ва омода аст дар марҳилаи аз ҳама муҳим — дар амал татбиқ намудани барнома бо Ҳукумат ҳамқадам бошад. Иқтидор ва самаранокии ҳар як барнома на танҳо аз ҳуҷҷатҳо, балки аз низоме вобаста аст, ки бунёд мекунад ва аз тағйироти мусбате, ки дар ҳаёти одамон ба вуҷуд меорад.

Ҷомеае, ки кӯдакони худро ҳифз мекунад, ояндаи худро ҳифз менамояд. Мо бесаброна интизори саҳмгузории якҷоя бо Тоҷикистон дар бунёди ин оянда ҳастем.

Тамос барои васоити ахбори омма

Далер Додоҷонов
Мутахассис оид ба иртибот
ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Тел: +992939990096
Почтаи электронӣ: [email protected]

Дар бораи ЮНИСЕФ

ЮНИСЕФ дар баъзе гӯшаҳои душвортарини ҷаҳон фаъолият мекунад, то кӯдакони маҳрумтарини ҷаҳонро фаро гирад. Дар зиёда аз 190 кишварҳо ва ҳудудҳо мо ба хотири ҳар кӯдак, дар ҳама ҷо кор мекунам то барои ҳамагон ҷаҳони беҳтарро созмон диҳем.

Барои маълумоти бештар дар бораи ЮНИСЕФ ва кори он барои кӯдакон аз www.unicef.org боздид кунед

ЮНИСЕФ-ро дар TwitterFacebookInstagram ва YouTube пайгирӣ кунед.