Тоҷикистон Гузориш муҳими миллӣ оид ба кӯдакон ва ҷавононро муаррифӣ намуд: Таҳлили вазъи кӯдакон ва наврасон дар Тоҷикистон ва таҳқиқоти кишварии “Насли 2050 дар Осиёи Марказӣ: Тоҷикистон”
Душанбе, 29 майи соли 2026 – Имрӯз ЮНИСЕФ дар конфронси ҷумҳуриявӣ, ки таҳти роҳбарии Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Дилрабо Мансурӣ баргузор гардид, натиҷаҳои ду таҳқиқоти муҳими таҳлилӣ: «Таҳлили вазъи кӯдакон дар Тоҷикистон» ва таҳқиқоти кишварии «Насли 2050 дар Осиёи Марказӣ» барои муайян кардани самтҳои минбаъда ба манфиати кӯдакони Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намуд.
Конфронси мазкур таҳти унвони «Сармоягузорӣ ба кӯдакон: заминаи рушди дарозмуддати Тоҷикистон» дар меҳмонхонаи Crown Plaza-и шаҳри Душанбе баргузор гардида, намояндагони воломақоми Ҳукумат, вакилони парламент, намояндагони агентиҳои СММ, шарикони рушд, ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои илмӣ, фаъолони ҷавонон ва воситаҳои ахбори оммаро ба ҳам овард.
Таҳлили вазъи кӯдакон арзёбии ҳамаҷониба ва дастовардҳои кишварро дар самти беҳтар намудани вазъи кӯдакон нишон дода, ҳамзамон самтҳои минбаъдаи корро дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, ҳифзи кӯдак ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ муайян мекунад. Таҳқиқоти «Насли 2050 дар Осиёи Марказӣ: Тоҷикистон» бошад, дурнамои дарозмуддатро пешниҳод намуда, нишон медиҳад, ки чӣ гуна сармоягузориҳои саривақтӣ ба кӯдакон ва наврасон метавонанд барои рушди дарозмуддати иқтисодӣ ва истифодаи имконияти демографӣ замина гузорад.
Дар суханронии худ Муовини Сарвазир хонум Дилрабо Мансурӣ таъкид намуданд, ки Тоҷикистон дар даҳсолаҳои охир таҳти роҳнамоии Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак дар самти таъмини ҳуқуқ ва некӯаҳволии кӯдакон ба пешрафтҳои назаррас ноил гардидааст. Ӯ қайд кард, ки дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ин марҳила имконияти муҳим барои арзёбии дастовардҳо ва муайян кардани афзалиятҳои минбаъда дар самти ҳуқуқ ва некӯаҳволии кӯдакон мебошад.
Таҳлил нишон медиҳад, ки бо дарназардошти он ки беш аз 40 фоизи аҳолии Тоҷикистонро кӯдакони то 18-сола ташкил медиҳанд ва шумораи аҳолии қобили меҳнат то соли 2050 босуръат меафзояд, кишвар дар марҳилаи муҳими демографӣ қарор дорад.
Далелҳои таҳқиқот паёми равшан медиҳанд: сармоягузорӣ ба кӯдакон ва ҷавонон имрӯз шарти калидӣ барои шукуфоӣ, устуворӣ ва рушди фарогири дарозмуддати Тоҷикистон мебошад.
Роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ Артур ван Дизен омодагии ЮНИСЕФ-ро барои ҳамкории зич бо Ҳукумати Тоҷикистон ва шарикон иброз дошт, қарорҳои минбаъда дар асоси далелҳои боэътимод ва мутобиқ ба ниёзҳои кӯдакон ва наврасон қабул гарданд.
«Сармоягузорӣ ба кӯдакон на танҳо масъалаи ҳуқуқҳост – он ҳамчунин масъалаи иқтисоди оқилона мебошад, ки бо далелҳо собит шудааст: чунин сармоягузориҳо барои ҳар кишвар натиҷаҳои иқтисодии баландтарин меоранд», – қайд намуд Артур ван Дизен.
Дар анҷоми конфронс иштирокчиён ба зарурати идомаи сармоягузориҳои устувор ва ҳадафманд ба сармояи инсонӣ, бо дарназардошти ниёзҳои ҳамаи кӯдакон ва ҷавонон, барои таъмини рушди ояндаи Тоҷикистон даъват намуданд.
Барои маълумоти иловагӣ, лутфан бо хонум Рухшона Наҷмидинова, мудири бахши иртибот бо ҷомеа тамос гиред:
Email: [email protected], тел.мобилӣ: (+992) 93 377 27 86
Тамос барои васоити ахбори омма
Дар бораи ЮНИСЕФ
ЮНИСЕФ дар баъзе гӯшаҳои душвортарини ҷаҳон фаъолият мекунад, то кӯдакони маҳрумтарини ҷаҳонро фаро гирад. Дар зиёда аз 190 кишварҳо ва ҳудудҳо мо ба хотири ҳар кӯдак, дар ҳама ҷо кор мекунам то барои ҳамагон ҷаҳони беҳтарро созмон диҳем.
Барои маълумоти бештар дар бораи ЮНИСЕФ ва кори он барои кӯдакон аз www.unicef.org боздид кунед
ЮНИСЕФ-ро дар Twitter, Facebook, Instagram ва YouTube пайгирӣ кунед.