Форуми сеюми миллии комиссияҳо оид Ба ҳуқуқи кўдак

Пешбурди ҳифзи ҳуқуқи кўдак ва тақвияти ҳамкориҳо дар ин самт

24 Ноябр 2025
NCCR
Manucher Ruziev/UNICEF/Tajikistan

Душанбе, Тоҷикистон, 24 ноябри соли 2025. Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10-уми декабр ҳамчун Рўзи ҳуқуқи инсон ҷашн гирифта мешавад. Бо ин мақсад дар кишвар як қатор чорабиниҳои сатҳи баланди ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ташкил ва баргузор карда мешаванд.

Имсол низ ба муносибати Рузи умумиҷаҳонии кўдакон 24-уми ноябри соли 2025 бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми сеюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кўдак дар мавзуи «Пешбурди ҳифзи ҳуқуқи кўдак ва тақвияти ҳамкориҳо дар ин самт» ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар кори форум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, созмонҳои байналмилалӣ, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ воситаҳои ахбори омма ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

«Соли гузашта Ҷумҳурии Тоҷикистон 67-умин кишваре шуд, ки ҳама гуна шаклҳои зӯровариро нисбати кӯдакон аз ҷиҳати қонун манъ кард. Ин дастоварди муҳим дар ҳифзи кӯдакон аз ҳама шаклҳои зӯроварӣ ва як қадами хуби аввалин ба сӯи амалисозии ҳуқуқи кӯдакон барои зиндагӣ ва рушд дар муҳити амн ва ҳимоятшуда мебошад. Ман уҳдадории Ҳукумати Тоҷикистонро барои андешидани чораҳои минбаъда ҷиҳати татбиқи ин кор дар ҳаёти ҳар як кӯдаки Тоҷикистон баланд қадр мекунам,» — гуфт Артур ван Дизен, Сардори намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон.

Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур муаррифии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак, аз ҷумла ҳимоя ва ѓамхории махсуси давлат нисбати онҳо, масъалаҳои пешгирии зўроварӣ нисбат ба кўдакон, тақвияти низоми ҳифзи иҷтимоии кўдак ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии котибони мақомоти васоят ва парасторӣ ва аъзои комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кўдак унвон гардид.

Дар фарҷоми чорабинӣ вобаста ба мавзуъҳои матраҳгардида байни иштирокдорони форум муҳокима доир карда шуда, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ҷойдошта эъломияи дахлдор қабул гардид.

Тамос барои васоити ахбори омма

Далер Додоҷонов
Мутахассис оид ба иртибот
ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Тел: +992939990096
Почтаи электронӣ: [email protected]

Дар бораи ЮНИСЕФ

ЮНИСЕФ дар баъзе гӯшаҳои душвортарини ҷаҳон фаъолият мекунад, то кӯдакони маҳрумтарини ҷаҳонро фаро гирад. Дар зиёда аз 190 кишварҳо ва ҳудудҳо мо ба хотири ҳар кӯдак, дар ҳама ҷо кор мекунам то барои ҳамагон ҷаҳони беҳтарро созмон диҳем.

Барои маълумоти бештар дар бораи ЮНИСЕФ ва кори он барои кӯдакон аз www.unicef.org боздид кунед

ЮНИСЕФ-ро дар TwitterFacebookInstagram ва YouTube пайгирӣ кунед.